16+
Фарёди дилҳо

Объем: 88 бумажных стр.

Формат: epub, fb2, pdfRead, mobi

Подробнее
О книгеотзывыОглавлениеУ этой книги нет оглавленияЧитать фрагмент

Дар нисфи шаб духтарчаи панҷсола дар назди тирезаи кушода ба осмон нигоҳ карда ситораҳоро тамошо мекард. Мижгонҳои дарозашро бозикунон гоҳ ба моҳтоб менигаристу гоҳ ба ситораҳои равшантарини фазо. Насиме, ки аз тиреза медаромад, мӯйҳои маҳину ҷингилаашро бозӣ мекард.

«Фаришта, ту ҳоло ҳам бедорӣ?» аз ақиб овози писарак омад.

Фаришта ба ақиб нигоҳ кард. Дар он ҷо писараке, синну солаш бо ӯ баробар бо чашмони калон — калони хумораш ба ӯ нигоҳ карда меистод.

«Манучеҳр ин туӣ?» ҷавоб дод Фаришта пас аз шинохтан «Хобам наомад» ва боз гашта ба фазо нигоҳ кард.

Манучеҳр оҳиста ба духтарак наздик шуд. Ӯ низ ба осмон нигоҳ карду оҳиста пурсон шуд: «Ту низ онҳоро ёд кардӣ?»

«Ман онҳоро шабу рӯз ёд мекунам» ҷавоб кард Фаришта ангуштони кӯтоҳашро ба тиреза гузошта. Ӯ медонист, ки Манучеҳр киро дар назар дорад.

«Агар онҳо моро дӯст медоштанд, ба ин ҷо партофта намерафтанд» гуфт Манучеҳр бо овози ноумедӣ ба Фаришта нигоҳ карда.

Фаришта бошад чашмонашро аз осмон наканду ҷавоб кард: «Онҳо маро дӯст надоранд ҳам, ман онҳоро то охири умр дӯст медорам»

Ғам, умед, интизорӣ, ташнагӣ ба муҳаббат дили ин ду кӯдаки бегуноҳро пора — пора карда буд. Зеро онҳо дар назди тирезаи ятимхона сӯҳбат карда меистоданд.

Аз байн понздаҳ сол гузашт. Манучеҳр ва Фаришта пас аз хатми мактаби ятимҳо барои дохил шудан ба Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба факултети забон ва адабиёти тоҷик имтиҳони давлатӣ супоридан. Ҳардуи онҳо шеърхонӣ ва мутолиа кардани китобҳоро дӯст медоштанд. Хушбахтона ҳар дуи онҳо ҳам аз имтиҳон гузаштанд ва донишҷӯи ин мактаби олӣ гаштанд. Онҳо дар хонаи сеҳуҷрагии як зани танҳо, ки синну солаш аз панҷоҳ гузашта буд, дар иҷора меистоданд ва ҳар моҳ ба он зан маблағ месупориданд. Як ҳуҷраи хона барои Фаришта, дигараш барои Манучеҳр ва боз дигараш барои соҳиби хона буд. Ӯ Сабоҳат ном дошт. Ӯ хеле зани меҳрубону ғамхор буд. Ӯ низ мисли Фариштаю Манучеҳр ягон каси наздик надошт ва онҳо мисли як оила шуда буданд. Ба мӯйҳои холаи Сабоҳат сафед фаромада буд ва ҳамеша дар чашмони ӯ ғаму андӯҳ дида мешуд. Фаришта ва Манучеҳр дар як гурӯҳ таҳсилро оғоз намуданд. Онҳо барои таъмини хониш ва оила баъд аз донишгоҳ дар як ресторан ҳамчун пешхизмат кор мекарданд.

Саҳар! Холаи Сабоҳат дар ошхона наҳорӣ тайёр карда истода буд, Фаришта даромада омад.

«Субҳ ба хайр! Холаҷон» гуфт Фаришта чашмонашро молиш карда омада.

«Субҳ ба хайр! Духтарам» ҷавоб кард холаи Сабоҳат.

«Оё Манучеҳр бедор шуд?» Фаришта пурсон шуд.

«Ҳоло не» гуфт холаи Сабоҳат «Бирав ӯро бедор кун дар акси ҳол ба донишгоҳ дер мекунад».

Фаришта ҷевончаро ки дар наздаш истода буд, кушод. Дар даруни он зарфҳо чида шуда буданд. Ӯ аз мобайн як косаро гирифта ба назди кран рафту ба коса оби хунук андохт. Холаи Сабоҳат ба ӯ нигоҳ карду гуфт: «Фаришта аз саҳар об манӯш. Ҳозир чой тайёр мешавад»

«Не хола онро наменӯшам» ҷавоб кард Фаришта

«Дар ин ҳолат барои чӣ?» ҳайрон шуд хола.

Пас аз пур шудан Фаришта кранро пушиду ба хола ҷавоб кард: «Медонам ки Манучеҳрро бедор кардан осон нест»

«Ӯро натарсонӣ бо» гуфт хола.

«Ӯ аз ҳеҷ чиз наметарсад» гуфт Фаришта ва обро бардошта баромада рафт.

Хола бошад худ ба худ «Эҳ ҷавонон, чавонон» гуфта монд ва корашро идома дод. Фаришта оҳиста ба хонаи Манучеҳр даромад. Манучеҳр дар болои кат ба кӯрпа печон хоб мерафту хуррок мекашид. Фаришта ба наздаш омаду бо овози баланд «Манучеҳр хез!» гуфт.

«Оббо боз туӣ?» аз даруни кӯрпа овозе бо оҳанги безоршуда омад.

«Бихез! Ба дарс дер мемонӣ» бори дигар огоҳ кард Фаришта.

Манучеҳр бошад ҳатто кӯрпаро накушоду ҷавоб кард: «Соати якум дарси Осимов. Боз ҳамун доду вой, боз ҳамун аз дарс берун мекунад. Ман намеравам»

«Бори охир огоҳ мекунам, мехезӣ ё не?» ду абрӯҳояшро боло карда Фаришта гуфт ва косаро омода кард.

Манучеҳр бошад дар зери кӯрпа як тоб хӯрду гуфт: «Бисёр гап назану дарро аз берун пӯш.»

«Акнун аз худат бен» гуфту Фаришта кӯрпаро кушода оби дар коса бударо ба рӯи Манучеҳр пошид. Аз хунукии об Манучеҳр як парида хест. Фаришта бошад ҳамон лаҳза аз хона давида баромад. Манучеҳр бошад «Акнун ба наздам биё» гуфта рӯяшро бо дасташ молида аз қафои Фаришта давид. Фаришта ба ошхона давида даромад ва ба ақиби холаи Сабоҳат гузашта аз ду китфаш дошту ба зери ҳимояи ӯ гузашт.

«Бо чи кор кардӣ?» гуфт холаи Сабоҳат.

«Ба инҷо биё!» давида даромад Манучеҳр.

«Хола нигаред!» Фаришта мегуфту Манучеҳр ба он тараф равад ӯ ба он тарафи хола гузашта аз ӯ мегурехт.

«Ҳой! Чӣ шуд» хола дар мобайн сарсон.

«Нигаред! Ҳама ҷоямро тар кард» гуфт Манучеҳр либосашро ба холаи Сабоҳат нишон дода.

«Хола ман се маротиба огоҳ кардам» гуфт Фаришта аз пушти хола истода"Аммо нахест»

«Барои ҳамин об пошидан зарур буд?» гуфт Манучеҳр.

«Шукр кун! Ҳоло ҳам обро дар тағора надаровардам» Фаришта баробар баҳс мекард.

«Ташаккури зиёд, ки бо оби хунукакак бедор намудӣ» бо оҳанги мазхара гуфт Манучеҳр.

Холаи Сабоҳат бошад ба гапҳои онҳо табассум карда истода гуфт: «Шуд. Манучеҳр, писарам дасту рӯятро шуста биё наҳорӣ тайёр»

«Ба фикрам ҳоҷати шустан нест» гуфту Манучеҳр ба тарафи ҳаммом рафт. Фаришта бошад аз қафои хола буромаду ба курсие, ки дар назди миз истода буд, нишаст. Мизу курсиҳо барои хӯрокхӯрӣ дар ошхона ҷойгир карда шуда буданд. Холаи Сабоҳат чойро дам кард. Пас аз чанд лаҳза Манучеҳр низ омаду ба назди Фаришта нишаст. Хола чой, нон ва шириниҳоро ба рӯи миз гузошт.

«Хола, аз пагоҳ наҳориро Фаришта омода менамояд. Ӯ низ бояд ёд гирад.» гуфт Манучеҳр ба хола, аммо ба Фаришта нигоҳ карда.

Фаришта, ки чой нӯшида истода буд, якбора сулфа кард. Ӯ аввал ба хола нигоҳ карду сипас ба Манучеҳр ва табассуми сунъӣ карда монд. Манучеҳр бошад табассум карда истода буд.

«Не писарам, ин барои ман мушкил нест» оромона ҷавоб кард холаи Сабоҳат «Худам камхоб ҳастам ва барвақт бедор мешавам»

«Хола» гуфт Манучеҳр пас аз чанд лаҳзаи сукунат «Ба фикрам ҳамин ҳафта маоши моро ҳам медиҳанд ва ҳамин ҳафта пули иҷораро месупорем. Охир ба қарибӣ ду моҳ мешавад»

Хола дар ҷавоб гуфт: «Оё ман ягон бор пули иҷораро пурсидам? Шумо ба хона ҳама чизҳои ба рӯзғор лозимаро меоред. Ҳамин кифоя аст. Ман пулро ба куҷо сарф мекунам? Ба кӣ сарф мекунам?»

Манучеҳр ва Фаришта ба якдигар нигоҳ карда монданд. Хола бошанд қошуқчаро дар даруни чой давр мезанонданд.

«Хола, як савол диҳам майлаш?» гуфт Фаришта оҳиста.

«Албатта» ҷавоб кард хола.

«Барои чӣ бори дигар оиладор нашудед?» пурсон шуд Фаришта.

Холаи Сабоҳат ҷавоб кард: «Барои он, ки дӯст медоштам. Зиндагии хешро бе ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонистам. Мо низ мисли шумо бо якдигар ҳазлу шӯхӣ мекардем. Ҳама ба мо бо чашми ҳавас менигаристанд. Бо ӯ оила барпо кардем. Худо ба ман ҳама чизро ато кард хушбахтӣ, оилаи хуб, саодат аммо як чиз ато накард. Ин бошад фарзанд буд. Аз байн солҳо гузашт, ман барои хушбахтии ӯ ҷудо шудан хостам ва гуфтам, ки ба дигар кас хонадор шаваду фарзанд бубинад. Аммо ӯ ҳатто инро фикр карданро манъ кард ва гуфт, ки чи набошад ҳам бо ман мемонад. Рӯзе ӯ сахт бетоб шуду аз ҳуш рафт. Вақте, ки духтур ӯро ташхис кард, натиҷа нишон дод, ки ӯ ба касалии саратон гирифтор шудаасту рӯзҳои хеле кам боқӣ мондааст. Барои ин рӯзҳоро ҳуш гузарондан ман то қадри имкон кӯшиш кардам. Дар дарунам фарёд мезадаму дар лабонам ханда буд. Бемории ӯ боз вазнинтар шуду аз ҷойгаҳ хеста наметавонист. Рӯз то рӯз хаставу бемадор мешуд. Инро дидан барои ман азоб буд. Суханони охирини ӯ ҳоло ҳам дар гӯшам ҷарангос мезанад. Ӯ гуфта буд: „Гарчанде, ки умри кӯтоҳ дошта бошам ҳам, шодии дар он ду олам буд. Ман хушбахтарини хушбахтҳо ҳастам, ки риштаи ҳаётамро бо ту бастам. Ман аз ту розӣ ҳастам ва ту низ розӣ бош“ Ҳамон лаҳза дили ӯ аз таппиш монд. Мана аз байн 11 сол гузашта бошад ҳам, бо хотираҳои рангин зиндагӣ дорам. Пагоҳ рӯзе, ки мо оиладор шуда будем. Пагоҳ расо 30 сол мешавад. Вақте, ки ӯ зинда буд, мо ин рӯзро махсус қайд мекардем. Ӯ ба ман як даста садбаргони сухро тӯҳфа мекард. Акнун садбаргонро ман ба қабри ӯ мебарам».

Рузҳои гузаштаи холаи Сабоҳат дили онҳоро сӯзонд. Онҳо ҳатто чой нанӯшида ба нақли хола бодиққат гӯш мекарданд.

«Шуд наҳорӣ кунеду ба донишгоҳ равед. Набошад дер мекунед». гуфт хола. Зеро барои ӯ ин лаҳзаҳои сиёҳи зиндагиро ба ёд овардан дардовар буд.

«Хуб» Фаришта ҷавоб кард ва онҳо зуд наҳорӣ карданду либосҳояшонро иваз карда ба роҳ баромаданд.

Дар синфхона аллакай ҳама буданд ва онҳо бо чизҳои гуногун машғул буданд. Яке навишта менишаст, дигаре телефонбозӣ мекард ва се — чор донишҷуён ҷамъ шуда сӯҳбат карда меистоданд. Танҳо як духтар на мехонду на бо як кас сӯҳбат мекард. Ӯ танҳо ба хаёлҳо ғарқ шуда, ба мизи холӣ нигоҳ карда менишаст. Ӯ Гулрӯ ном дошт. Ӯ хеле духтараки зебо буд. Абрӯ ва чашмони сип — сиёҳ дошт. Ӯ ҳамеша дар бораи дигарон фикр мекард.

Ба синф Манучеҳр даромад. Дар чеҳраи Гулрӯ табассум пайдо шуд. Аммо вақте, ки аз ақиби Манучеҳр Фаришта даромад, ҳиссиёти ӯ тағйир ёфт. Гулрӯ Манучеҳрро дӯст медошт аммо барои гуфтан ҷуръат карда наметавонист. Ӯ намехост, ки дили Фариштаро пора кунад. Дар назди Гулрӯ ҷои холие буд ва ин ҷо ҳамеша холӣ меистод. Манучеҳр ва Фаришта ба ақиби Гулрӯ якҷоя нишастанд. Гулрӯ оҳиста бо кунҷи чашмаш ба онҳо нигоҳ карда мемонд.

«Ҳозир муаллими дӯстдоштаи ту медарояд» гуфт Фаришта бо нимтабассуму оҳанги масхара.

«Ҳа, ҳозир медаронду боз аз ман айб меҷӯянд» Манучеҳр боварии комил дошт.

«Ана» ишора кард Фаришта.

Як муаллими шикамкалон, ки танҳо ду тарафи сараш мӯй монда буд, дарро кушод. Ӯ як одате дошт. Ӯ зуд-зуд бо дасташ мӯйлабашро мемолид. Як папкаи калонро бардошта даромад. Ҳама хестанду салом доданд.

«Шин ҳамат!» гуфт муаллим назарбаландона.

Муаллим асабонӣ буд, аммо асабонӣ шуданӣ ӯ хандаовар буд.

«Имрӯз низ муаллим бо табъи хира» Манучеҳр оҳиста ба Фаришта пичирос зад.

«Ба фикрам имрӯз низ ҳамсарашон бе наҳорӣ гусел кардагӣ» гуфт Фаришта даҳонашро бо дасташ пинҳон карда.

Манучеҳр худро аз ханда базӯр дошта меистод.

«Шояд пул надода бошанд» илова кард Манучеҳр.

Фаришта, ки навишта нишаста буд, ба тарафи Манучеҳр нигоҳ карду чашмонаш калон-калон шуд.

«Чӣ?» ҳайрон шуд Манучеҳр.

«Муаллим дар ақиби ту» гуфт Фаришта аммо гӯё лабаш наҷунбид.

Манучеҳр якбора шах шуду оҳиста ба ақиб нигоҳ кард. Муаллим дар болояш ба ӯ нигоҳ карда меистод. Манучеҳр табассуми сунъӣ кард. Дар он табассум тарс дида мешуд. Муаллим ба ӯ нигоҳ карда муйлабашро молиду оҳиста хам шуда рӯяшро ба рӯи Манучеҳр наздик карду ба ду чашмаш нигоҳ кард. Ҳама ҳайрон нигоҳ мекарданд. Манучеҳр ҳолати навбатиро медонист ва ҳамин тавр ҳам шуд. Муаллим бо овози баланд дод зад: «Дар дарси ман ягон бор ҷим нишаста метавонӣ ё не?» Манучеҳр аз овози муаллим чашмонашро бозӣ кунонд. Аз додзанӣ рӯи муаллим суп — сурх шуд. Ӯ қоматашро рост карду гуфт: «Ҳар дуи ту аз синф баро!»

Манучеҳр ва Фаришта ба якдигар нигоҳ карданд, аммо онҳо мебаромаданӣ набуданд. Муаллим боз дод зад: «Оё барои баромадани шумо ман бояд пойандоз андозам?»

Онҳо оҳиста хестанду ба тарафи дар рафтанд. Гулрӯ ба онҳо бо сад алам нигоҳ мекард. Онҳо аз дар баромаданду дарро напӯшиданд. Онҳо дар назди дар истоданду ба даруни синф нигоҳ карданд. Муаллим бошад бо зудӣ омаду аз сар то пои онҳо бо чашмони калон нигоҳ карду қарс дарро пӯшид. Манучеҳр ва Фаришта базӯр истода буданд, ки якбора ханда карданд.

«Акнун то вақти кор чӣ мекунем?» гуфт Манучеҳр ба соаташ нигоҳ карда.

«Надонам» гуфт Фаришта.

Онҳо аз назди боғ мегузаштанд, ногоҳ чашми Фаришта ба домоду арӯс, ки дар боғ сайр мекарданд, фаромад. Ба сари ӯ якбора фикр омад. Ӯ гуфт: «Манучеҳр, пагоҳ рӯзи тӯйи холаи Сабоҳат. Биё ягон чиз ташкил мекунем».

«Фикри хуб» маъқул кард Манучеҳр «Аммо чӣ мекунем?»

«Ман дар роҳ мефаҳмонам» гуфт Фаришта ва Манучеҳрро аз дасташ кашола кард.

Онҳо ба назди дари хона омаданду истоданд.

«Фаҳмидӣ — а ту холаро авора мекунӣ, ман хонашонро мекобам» гуфт Фаришта.

«Бале» ҷавоб кард Манучеҳр.

Манучеҳр аз кисааш калидро гирифту дари хонаро кушод.

«Барои чӣ ман нею ту мекобӣ?» пурсон шуд Манучеҳр.

«Барои он, ки онҷо хонаи зан. Ту наметавонӣ хонаи занро кобӣ» ҷавоб кард Фаришта.

Онҳо ба хона даромаданду дарро аз дарун пӯшиданд. Ҳамон вақт аз хонаи худ холаи Сабоҳат баромад ва пурсон шуд: «Барои чӣ барвақт баргаштед?»

Онҳо гапи худро гум карданд.

«Каме бетоб шудам. Аз ҳамин сабаб ҷавоб гирифта омадем» гуфт Манучеҳр бо овози паст. Барои боваринок баромадан ӯ чашмонашро пӯшида бо дасташ сарашро молиш кард.

«Чӣ шуд?» холаи Сабоҳат ба хавотир фаромад ва ба нази Манучеҳр омаду дасташро ба пешонаи ӯ монда тасбашро дид.

«Аммо тасб надорӣ» бо боварии комил хола гуфт.

«Аз саҳар боз сарам дард мекунад мегӯяд» гуфт Фаришта барои шубҳаи холаро нест кардан.

«Биё писарам! Ман ба ту дору медиҳам» гӯён хола Манучеҳрро аз ду китфаш дошту ба ошхона даровард. Фаришта бошад дар ҳамон ҷо истоду бад аз даромадани онҳо ӯ ба хонаи холаи Сабоҳат даромада рафт.

«Ба ин ҷо нишин!» хола Манучеҳрро ба курсӣ шинонд.

Ӯ болои ҷевонро кушод. Дар он ҷо дар як қутии доруҳо буд. Аз ким — кадом дору як дона ба назди Манучеҳр монд ва стакане гирифта аз кран об гирифт.

«Мана ин доруро бихур, дарди сарат мемонад» гуфт хола ба назди ӯ стаканро монда.

Манучеҳр ба як дасташ доруро аз рӯи миз гирифту ба дасти дигар стаканро дошт. Хола бошад барои рафтан ба дар наздик шуд.

«Хола» гуфт Манучеҳр саросема.

Хола бо ин оҳанг фарёд задани ӯ ҳайрон шуда ба ақиб нигоҳ карду ҷавоб кард: «Лаббай чӣ шуд?»

Аз рӯи нақша Манучеҳр холаро авора карда истоданаш лозим буд. Аммо ӯ чӣ гуфтанро намедонист. Ӯ ба доруе, ки дар дасташ истода буд, нигоҳ карду ба хола суоле дод: «Ин чӣ гуна дору?»

«Доруи дарди сар» ҷавоб кард холаи Сабоҳат.

«Айнан номаш чӣ?» гапро дароз кард Манучеҳр.

«Тримол» ҷавоб гардонд хола.

«Ин тримол нест. Шакли тримол дигар хел буд» гуфт Манучеҳр гарчанде, ки медонист он тримол буд.

Хола ҳайрон шуд, зеро ки ин бори нахуст буд, ки Манучеҳр ба ӯ бовар накард. Ӯ барои Манучеҳрро бовар кунондан гашта омаду боз болои ҷевонро кушода қутии доруҳоро гирифт. Онро ба рӯи миз гузошт.

«Мана тримол. Хоҳӣ он доруро ба ман деҳу худат аз даруни дору бигир» гуфт хола аз дасти Манучеҳр доруро гирифта.

Манучеҳр аз қутӣ доруро гирифту ба хола нигоҳ кард. Хола бошад аз ошхона баромад, аммо ин дафъа Манучеҳр баҳона ёфта натавонист. Ӯ низ аз қафои холаи Сабоҳат оҳиста баромад. Хола ба хонаи худ даромад.

«Фаришта дар хонаи хола бошад?» Манучеҳр фикр кард, ки ҳамаш барбод шуд. Аммо ин тавр набуд. Фаришта аз хонаи худ оҳиста сар баровард.

«Шукр! Тавонистӣ?» каме ором шуд Манучеҳр.

«Бале ёфтам» гуфт Фаришта ва як сурати мардро нишон дод. Сурат кӯҳна буд ва маълум буд, ки ӯ шавҳари холаи Сабоҳат буд.

Ҳамон лаҳза хола аз хонаи худ гашта баромад. Фаришта суратро ба қафои худ пинҳон кард.

«Чӣ карда истодаед?» ҳайрон шуд холаи Сабоҳат.

«Мо, мо ба кор рафта истодаем» гуфт Фаришта.

«Манучеҳр ту низ меравӣ?» пурсон шуд хола.

«Бале, худамро хуб ҳис мекунам» ҷавоб гардонд Манучеҳр.

«Хуб, эҳтиёт шавед!» гуфт хола.

Манучеҳр ва Фаришта ба тарафи дар гаштанд ва Фаришта суратро оҳиста ба пеш гузаронд. Онҳо ба хола «хайр» гуфтанду баромада рафтанд.

Онҳо ба ресторане, ки баъд аз дарс кор мекарданд, даромада омаданд. Дар ресторан 1- 2 то мизоҷон буданд.

«Салом. Амир Лутфуллоевич» гуфт Манучеҳр ба ҷавоне, ки дар толори ресторан мегашт. Амир ҷонишини роҳбари ҳамон ресторан буд ва ӯ дӯсти беҳтарини роҳбар буд.

«Ҳа, Манучеҳр. Омадед?» гуфт Амир дар ҷавоб «Рафта либосатонро иваз кунед!»

Дар як кунҷи ресторан ду хонаҳои майда барои либос иваз кардани пешхизматон буд. Якеаш барои мардон ва дигараш барои занон буд. Манучеҳр ба хонаи либосивазкунии мардон даромада рафт. Фаришта ба хонаи занон даромада истода буд, аз дарун як ҳамкори онҳо баромад.

«Комила, аҳволат чӣ тавр?» гуфт Фаришта ба он духтар.

«Хуб, худат чӣ тавр?» гуфт Комила бо нимтабассум.

«Хуб. Ҳозир либосамро иваз мекунаму мебароям» гуфт Фаришта.

Комила бошад сарашро чунбонда ишора карду рафт. Ӯ духтари якрав ва аз кадом роҳ набошад ҳам барои расидан ба мақсади худ кӯшиш мекард. Шахсоне, ки дар ин роҳ муқобили ӯ меистоданд, шавқат намекард аммо ӯ ин хислатҳои худро ба одамон нишон намедод.

Дар ресторан баъд аз нисфирӯзӣ то соати панҷи бегоҳ се нафар пешхизматон кор мекарданд ва шахси саюм Комила буд. Саҳар ва шаб то нисфи шаб дигар гурӯҳони пешхизматон хизмат мекарданд ва нисфи шаб ресторан пӯшида мешуд.

То он даме, ки Манучеҳр ва Фаришта либосҳояшонро иваз карданд, Комила ба мизоҷон хизмат намуд. Ҳама мизоҷон хӯрокҳоро тановул намуданду рафтанд. Дар ресторан ягон мизоҷ намонд. Комила ба ошхона ба назди ошпазону пазандагон даромада рафт. Фаришта ва Манучеҳр бошанд ба курсиҳои ҳамон толор нишаста сӯҳбат намуданд.

Ногаҳон аз дар як ҷавоне даромад. Манучеҳр ва Фаришта аз ҷои худ парида хестанд. Фаришта гуфт: «Ассалом Комрон Азимович»

Он ҷавон раиси ҳамон ресторан буд. Дар бар ӯ либосҳои гарон дошт. Шиму костюми сиёҳ, пироҳани сафед, соати гарон, ороиши мӯи замонавӣ. Гарчанде, ки синну соли ӯ дар атрофи бисту панҷ бошад ҳам ӯ ҳоло муҷаррад ва ҳамон ресторанро идора мекард ва хеле сахтгир буд. Он ресторанро ба ӯ падараш кушодааст. Зеро падари Комрон яке аз тадбиркорони бомуваффақияттарин буд. Ғайр аз ин ӯ барои писараш хонаи алоҳида харида буд. Аммо Комрон ба он ҷо гоҳ — гоҳ мерафт. Он хона ҳамеша бесоҳиб меистод.

Комрон рост ба назди онҳо омад.

«Оё ҳозир вақти истироҳат аст?» гуфт Комрон гоҳ ба Фаришта, гоҳ ба Манучеҳр нигоҳ карда. Онҳо бошанд ба замин нигоҳ карда меистоданд.

«Мизоҷон набуданд барои ҳамин…» Фаришта гапашро то охир нарасонда Комрон сухани худро оғоз кард: «Набудани мизоҷон маънои онро надорад, ки шумо истироҳат кунед»

Онҳо бошанд сарашонро намебардоштанд. Комрон давом дод: «Ба ошхона раведу ёрӣ расонед. Агар аз дастатон ҳеҷ чиз наояд, ҳадди ақал ҳамон ҷоҳоро пок кунед» нигоҳи Комрон айнан ба Фаришта равона шуд. Ӯ дар тамоми гапҳои худ Фариштаро дар назар дошт. Манучеҳр ва Фаришта бе сухан ба ошхона даромада рафтанд. Комрон бошад ба ҳуҷраи худ даромад. Ҳуҷраи ӯ ҳамин тавр ҷойгир шуда буд, ки аз тирезаи он тамоми толори ресторан намоён буд. Комрон даромаду нанишаста аз ин сӯ ба он сӯи ҳуҷра оҳиста ва ғамгинона рафта меомад. Ба ҳуҷра Амир яъне ҷонишини ӯ даромад.

«Ҳа Комрон омадӣ?» ӯ гуфт.

Гарчанде, ки Комрон роҳбари Амир буд, онҳо муносибати дӯстона доштанд.

«Бале» гуфт Комрон оҳиста. Акнун оҳанге, ки ӯ ба Манучеҳру Фаришта сухан карда буд, дида намешуд. Гӯё, ки ӯ тамоман одами дигар шуд. Дар симои ӯ ғаму андӯҳ намоён буд.

«Боз чӣ шуд?» пурсид Амир табъи ӯро дида «Боз ҳамон?»

«Охир Амир ман ҳиссиётҳои худро ба Фаришта гуфта наметавонам» гуфт Комрон ба Амир нигоҳ карда.

«Аммо то кай?»

Ба ин савол Комрон ҷавобе надошт.

«Не! Ман байни онҳо низо фаровардан намехоҳам» қатъиян гуфт Комрон.

Дар ҳамин муддат сӯҳбати онҳоро Комила аз назди дар пинҳонӣ гӯш мекард. Ӯ аз сирри Комрон воқиф шуд. Ин ҳақиқат ӯро асабонӣ кард ва ҳисси нафратро нисбат ба Фаришта пайдо кард.

«Чӣ? Комрон Фариштаро дӯст медорад?» гуфт Комила худ ба худ «Ин Фаришта бисёр аз худ рафт. Ӯро аз ин ҷо нест накунам, Комронро аз даст медиҳам»

Амир аз ҳуҷра баромада истода буд ва Комила аз ин хабардор шуду бо зудӣ он ҷоро тарк кард.

Соат панҷи бегоҳ. Соати кории Манучеҳр ва Фаришта ба итмом расид. Чун ҳарвақта онҳо аз кор баромаданду ба боми як бинои хеле баланд баромаданд. Онҳо ҳар шаб суп — сурх шуда ғарқ шудани офтобро тамошо мекарданд. Фаришта онро дӯст медошт ва он чизе, ки Фаришта дӯст медошт, Манучеҳр маъқул медонист. Фаришта офтобро тамошо мекард, Манучеҳр бошад офтоби худро.

«Барои чӣ Комрон Азимович танҳо ҳардуи моро сарзаниш мекунанд?» Пурсид Фаришта чашмонашро аз офтоб наканда.

«Ту аз он рӯҳафтода машав» гуфт Комрон «Гарчанде, ки хеле сахтгир бошад ҳам, ӯ инсони ботинан хуб аст»

«Ин дар ӯ намоён не» инкор кард Фаришта.

«Ӯ моро бо кор таъмин кард. Оё ин хубӣ нест» исбот кард Манучеҳр.

«Шояд» гуфт Фаришта, аммо аз оҳанг маълум буд, ки ӯ ҳоло ҳам фикри Манучеҳрро тасдиқ намекард.

Баъзе вақт Фаришта хеле якравӣ мекард. Аммо ин хислати ӯро низ Манучеҳр дӯст медошт. Манучеҳр ба ӯ нигоҳ карда табассум карда монд. Сипас онҳо ба хона рафтанд. Хуроки шомро тановвул карданду ҳама ба хонаи худ даромада рафтанд.

Саҳар. Ба хонаи Манучеҳр Фаришта саросема даромада омаду ӯро бедор кард: «Манучеҳр. Манучеҳр бихез! Хола ба қабристон барои зиёрати қабри шавҳарашон рафтанд. Ту ба донишгоҳ рав, ман бошам барои сурат меравам.» Фаришта боз саросема баромада рафт.

Манучеҳр аз хоб хест. Наҳорӣ дар рӯи миз омода буд. Пас аз наҳорӣ кардан, ӯ либосҳояшро иваз карду ба донишгоҳ рафт. Дар синфхона ҳама буданд. Гулрӯ низ дар ҷои худ нишаста буд. Манучеҳр даромада омад. Пас аз даромадани ӯ, Гулрӯ ба дар нигоҳ карда истод. Ӯ фикр кард, ки Фаришта аз паси ӯ медарояд, аммо ӯ надаромад. Манучеҳр аз назди Гулрӯ гузашта истода буд, Гулрӯ гуфт: «Салом Манучеҳр! Аҳволат чӣ тавр?»

Манучеҳр истоду ба Гулрӯ нигоҳ кард.

«Хуб, раҳмат. Худат чӣ тавр?» Манучеҳр ҷавоб кард.

Гулрӯ аз ҷои худ оҳиста хест. Ӯ ба поён нигоҳ кард ва бо овози паст, ки гӯё чизи муҳим гуфта истода буд, сар кард: «Манучеҳр медонӣ…» гуён ба чашмони Манучеҳр нигоҳ карда буд, аммо вай чашмон ба каси дигар нигоҳ мекард. Ӯ ба ақиби Гулрӯ ба касе нигоҳ карда табассум кард. Гулрӯ суханони худро қатъ карду ба ақибаш нигоҳ кард. Ба назди онҳо Фаришта омада истода буд. Ӯ омаду аз дасти Манучеҳр дошта ӯро саросемавор кашола кард.

«Гард Манучеҳр. Тезтар!»

«Ба куҷо?» Манучеҳр пурсон шуд.

«Зуд бош! То омадани хола мо ҳама чизро бояд ҷо ба ҷо кунем. Аз бозор чиҳо овардам мебинӣ!» Онҳо ҳоло дарс сар нашуда баромада рафтанд.

Суханони Гулрӯ бошад дар даруни дил монд. Чашмони Манучеҳр танҳо Фариштаро медид. Ӯ ҳатто ба суханони Гулрӯ диққат ҳам накард. Пас аз рафтани онҳо Гулрӯ оҳиста ба ҷои худ нишаст.

Холаи Сабоҳат ба хона расида омад. Вақте, ки ӯ аз дар даромад, ба назди ӯ Фаришта ва Манучеҳр омаданд. Манучеҳр аз дасти хола сумкаашро гирифт.

«Ба донишгоҳ нарафтед?» хола пойафзолашро кашида истода пурсон шуд.

«Омадем, хола биёед» гуён Фаришта дасти холаро дошта ба хонааш даровард. Вақте, ки холаи Сабоҳат ба хона даромад, аз ҳайрат шах шуд. Зеро тамоми хона бо садбаргони сурх ороиш дода, дар девор сурати калони шавҳараш ва дар мобайни хона дар рӯи миз як даста садбарги сурх дар гулдон меистод.

«Сисолагии никоҳ муборак бошад холаҷон» Фаришта гуфт.

«Ҳамаи инро барои ман кардаед?» хола ашки чашмонашро дошта натавонист.

Манучеҳ ва Фаришта ба якдигар нигоҳ карданд ва хурсан шуданд, ки ба хола маъқул шуд.

Холаи Сабоҳат оҳиста ба сурати шавҳараш наздик шуд.

«Ман рафтан намехоҳам Сабоҳат. Пас аз маргам ту танҳо мемонӣ. Туро танҳо гузоштан намехоҳам мегуфтед» гуфт холаи Сабоҳат аз сурат чашмонашро наканда"Мана дидед? Ман танҳо нестам» Хола оҳиста дастонашро ба сурат гузошт. Аз чашмонаш қатра-қатра ашк мерехт.

Манучеҳр аз дасти Фаришта дошту ба ӯ оҳиста ишора кард, ки баромада холаро танҳо гузоранд. Онҳо оҳиста аз хона баромаданд. Ҳамон вақт телефони манучеҳр занг зад. Ӯ аз кисааш телефонро гирифт. Ӯ Комрон буд.

«Лаббай Комрон Азимович» Манучеҳр ба занг ҷавоб дод.

«Оё ҳаррӯз бояд ба ёдатон орам, ки вақти кории шумо оғоз мешавад» гуфт Комрон.

«Бахшиш Комрон Азимович. Рафта истодаем» Манучеҳр телефонро хомуш карду ба Фаришта гуфт: «Зудтар бош! Ба кор дер кардем. Набошад моро пеш мекунанд»

«Холаҷон мо ба кор рафта истодаем» фарёд кард Фаришта ва онҳо бо зудӣ баромада рафтанд.

Онҳо ба ресторан расида омаданд. Дар ресторан мизоҷон зиёд буданд ва ба ҳамаи онҳо Комила танҳо хизмат мекард. Манучеҳр ва Фаришта бо зудӣ барои иваз кардани либосҳояшон даромада рафтанд. Ҳамон вақт ба ресторан ду духтарҳое даромаданд. Ҳардуи онҳо ҳам шими танг пушида, аз ҳад зиёд пардоз андоз карда буданд. Аз ҳама ҳолати ноодатиаш ҳамун буд, ки онҳо сӯҳбат карда даромаданд, аммо ба ду миз ҷудогона нишастанд ва гоҳ-гоҳ ба якдигар нигоҳ карда мемонданд. Фаришта либосҳояшро иваз карда баромада буд, яке аз духтарон ба ӯ нигоҳ карда дасташро бардошту «пешхизмат» гуфт. Фаришта ба назди он духтар омад.

«Чӣ мефармоед?»

«Ба ман шарбат ор!» фармон кард духтар.

«Хуб» Фаришта барои шарбат рафт.

Духтари якум ба духтари дигар нигоҳ карду сарашро ҷунбонда ишора кард. Фаришта шарбатро овард ва даме, ки ӯро ба назди духтар гузошта истода буд, духтари дигар аз қафо Фариштаро бо китфаш зада гузашт. Шарбат ба либоси духтар рехт. Ӯ аз ҷои худ парида хест. Фаришта бошад бахшиш пурсида аз рӯи миз салфеткаро гирифта либоси духтарро пок карда истода буд, духтар дасти ӯро тела доду ба ӯ дод зад: «Дастатро каш! Оё ту медонӣ ин чи қадар меистад?» Ҳама мизоҷон ба онҳо нигоҳ карданд. Манучеҳр ва Комила низ дар ҳамон ҷо буданд. Манучеҳр ба назди Фаришта омад.

«Оҳистатар гап занед илтимос. Бахшиш тасодуфан шуд» Фаришта ӯро ором кардан мехост.

Ҳамон вақт Комила ба назди Комрон даромад «Комрон Азимович дар толор Фаришта бо як мизоҷ ҷанг карда истодааст». Комила ҳама айбро ба Фаришта партофт. Комрон ба толор омад. Вай духтар бошад дод заданро давом дода истода буд.

«Чӣ гап» Комрон вазъиятро фаҳмидан хост.

Ҳама ба Комрон нигоҳ карданд.

«Шумо раиси ресторанед?» духтар ба Комрон муроҷиат кард.

«Бале» ҷавоб кард Комрон.

«Агар ман ба ҷои шумо мебудам одамони ҳушёру эҳтиёткорро ва одамоне, ки аз падару модар тарбияи хуб гирифтаанд ба кор қабул мекардам» гуфт духтар.

Комила бошад дар як чет истода табассум карда меистод.

Инро шунавидан аламовар буд. Фаришта ба ғазаб омад: «Падару модари маро умуман ба забон нагир»

«Фаришта бас!» Комрон ҷангу ҷидолро қатъ кард. Фаришта гирякунон давида рафт Манучеҳр бошад аз қафои ӯ рафт.

«Ин духтари забондарозро аз кор озод мекардед хуб мешуд» духтар ба Комрон гуфту аз ресторан баромада рафт.

Комрон ба ҳуҷраи худ даромад. Фаришта бошад дар хонаи пешхизматон гиря мекард ва Манучеҳр кӯшиш мекард, ки ӯро ором намояд.

«Манучеҳр, оё ман ҳамин қадар бетарбия ҳастам?» гирякунон овозаш канда-канда Фаришта пурсон шуд.

Манучеҳр дастии ӯро ба даст гирифту гуфт: «Фаришта агар худи ӯ тарбияи хуб медошт, дар назди ҳамин қадар одам ба ту дод намезад. Агар муносибати одамоне, ки бо ягон камбудӣ ба воя расидаанд ҳамин қадар бошад, дар он ҳолат ман заррае афсӯс намехӯрам, ки ятим ба воя расидам. Заррае!»

Ҳамон вақт Комила боҳаловат кор карда гашта буд, ногоҳ касе ба ӯ занг зад. Ӯ телефонашро гирифта диду ба ҳар тараф нигоҳ кард. Сипас оҳиста ба як чет гузашту ба телефон ҷавоб дод: «Лаббай дугонаҷон»

«Ҳа дугона нақши ман чӣ тавр баромад?» овоз омад.

«Дар дараҷаи олӣ. Ту тавонистӣ, ки ӯро ба ҷои худ гузорӣ. Ҳоло ин духтар намедонад, ки вазъият аз он ҳам мураккаб мешавад» Комила табассум кард.

«Ман ҳамеша дар хизмати ту» овоз омад.

«Ташаккури зиёд дугонаҷон» Комила телефонро хомӯш кард.

Ҳамон вақт Манучеҳр ва Фаришта ба толор омаданд. Фариштаро таъбаш хира буд. Дастонаш ба кор намерафт. Манучеҳр ба ӯ нигоҳ карда мемонд. Комрон низ аз як чет пинҳонона ба Фаришта нигоҳ карда меистод.

Соати кории онҳо ба итмом расид. Онҳо либосони худро иваз карданду баромаданд.

«Фаришта, ба хона меравем?» Манучеҳр пурсон шуд паз аз баромадан аз ресторан.

«Не. Ба ҷои ҳаррӯза меравем» ҷавоб кард Фаришта ва роҳи худро давом кард.

Онҳо ба бом баромаданду ғарқ шудани офтобро тамошо мекарданд. Фаришта чизе намегуфту офтобро тамошо мекард.

«Фаришта кори имрӯзаро фаромӯш кун» Манучеҳр сухан сар кард.

«Чӣ тавр?» гуфт Фаришта

«Туро дар ин ҳолат дидан ба ман мушкил аст. Ваъда деҳ, ки пагоҳ бо табъи болида аз хоб бедор мешавӣ» хоҳиш кард Манучеҳр

«Хуб» розӣ шуд Фаришта.

Офтоб ғарқ шуд. Онҳо ба хона рафтанд. Пас аз хӯроки шом ҳама ба хонаи худ даромаданду хоб рафтанд.

Саҳар! Фаришта аз хонааш баромаду ба ошхона даромад. Мисли ҳаррӯза холаи Сабоҳат наҳорӣ тайёр карда истода буд.

«Субҳ ба хайр!» Фаришта ба хола гуфт.

«Субҳ ба хайр! Биё» хола ҷавоб кард.

«Оё Манучеҳр ҳоло ҳам бедор нашуд?» Фаришта пурсон шуд.

«Ҳоло не» холаи Сабоҳат ҷавоб кард.

Баъди ҷавобро шунавидан Фаришта баромада рафт. Ӯ ба хонаи Манучеҳр даромад. Ӯ чаппа гашта хоб рафта буд. Фалишта соатчаеро ки дар болои ҷевонча истода буд, кирифту аз қафояш чарх занонда соати 6:05-ро 8:00 кард. Соатро ба ҷояш гузошту Манучеҳрро бедор кард: «Манучеҳр! Ҳо Манучеҳр»

«Ҳм» овоз баровард Манучеҳр чашмонашро накушода.

«Ба донишгоҳ меравӣ?» Фаришта пурсид.

«Ҳм» гуфт Манучеҳр бори дигар.

«Агар равӣ бихез. Ман намеравам. Соат ҳашт шуд» гуфту Фаришта баромада рафт.

Манучеҳр як тоб хӯрду оҳиста чашмонашро хоболуд кушода ба соат нигоҳ кард. Соатро дида хобаш гурехту якбора парида хеста ба тарафи ҳаммом давид сипас аз он ҷо баромада ба ошхона давида омад. Дар ошхона холаи Сабоҳат танҳо буд, шитоби ӯро дида ҳайрон шуд.

«Ҳа, ҳа чӣ шуд» хола саросемавор гуфт.

«Ба донишгоҳ дер кардам. Наҳорӣ тайёр аст?» гуф манучеҳр.

«Ҳа тайёр. Аммо ҳоло барвақт-ку» гуфт холаи Сабоҳат.

«Соат ҳашт шуд» гӯён Манучеҳр саросема даҳонашро пур карда нон мехӯрду чой менӯшид.

«Соат ҳоло шаш» Манучеҳр хоиданро якбора бас кард. Ба ошхона Фаришта даромада омаду гуфт: «Манучеҳр, вай соати ту хато будааст. Дуруст кардам»

Манучеҳрро даҳонаш пур на мехоиду на гап мезад. Ӯ ба Фаришта нигоҳ карда меистод.

«Чаро ба ман ин тавр нигоҳ мекунӣ» гуфт Фаришта гӯё, ки ҳеҷ чизро намедонист.

Хола табассум кард.

«Оҳистатар хӯрдангир ҳоло барвақт будааст» гуфт Фаришта ва омада ба назди Манучеҳр нишаст: «Фикри худро иваз кардам. Ман низ ба донишгоҳ меравам»

Манучеҳр ҳоло ҳам чашмонашро аз Фаришта наканда буд.

«Бисёр нигоҳ макуну наҳорӣ кун. Ҳозир меравем» гуфт Фаришта ва Манучеҳр хурданро давом кард.

Пас аз наҳорӣ онҳо либосашонро иваз карданду ба донишгоҳ равона шуданд. Дарс то 12:00 идома кард. Пас аз итмоми дарс Манучеҳр ба Фаришта гуфт: «Сумкаатро бигир! Рост ба кор меравем. Набошад дер мекунем»

Фаришта ба соаташ нигоҳ карду «ҳа» гӯён тасдиқ кард.

Онҳо сумкаашонро гирифтанду аз синф баромада рафтанд.

Онҳо ба ресторан даромада омаданд ва барои иваз кардани либос Манучеҳр ба хонаи либосивазкунии мардон, Фаришта бошад ба аз они занон даромаданд. Вақте, ки Фаришта ба он ҷо даромад, дар дарун Комила либос иваз карда истода буд.

«Салом Комила» гуфт Фаришта сумкаашро ба рӯи миз гузошта.

«Салом» базӯр ҷавоб кард Комила.

Комила аз гардани худ як занҷири қимматбаҳоро кашиду ба рӯи миз гузошт. Фаришта ба он нигоҳ карду гуфт: «Занҷирро нав харидӣ? Пеш ӯро надидаам»

«Бале. Дирӯз харидам» ҷавоб кард Комила.

«Зебо будаааст» гуфт Фаришта ва баромада рафт.

Комила бошад каме фикр карда истоду сипас табассум кард ва худ ба худ гуфт: «Зебо будааст гӯ»

Комила низ аз хонаи либосивазкунӣ баромад. Комрон ва Амир ба ресторан даромаданд. Комила парешонхотир ба заминҳо нигоҳ мекарду ким-чиро мекофт. Комрон ӯро диду ҳайрон шуд.

«Комила» ӯ фарёд зад.

Комила ба назди ӯ омад

«Лаббай Комрон Азимович»

«Ягон чизатро гум кардӣ?» Комрон пурсон шуд.

«Бале. Бале занҷирам нест. Вақте, ки омадам дар ҳамин ҷо буд» Комила саросемавор чашмонашро ба ҳама тараф медаввонд: «Ӯ хеле қимматбаҳо буд»

Комрон ба Амир муроҷиат кард"Амир, ҳама ҷои ресторанро кобед. Ягон ҷо намонад»

«Хуб. Комрон Азимович. Занҷирро меёбем» гуфт Амир.

Ҳамаи онҳо барои ёфтани занҷир шурӯъ карданд. Фаришта ва Манучеҳр низ ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Онҳо ҳама ҷои ресторанро кофтукоб карданд. Комрон низ дар ҳамон ҷо меистод.

«Ҳама ҷоро дидем танҳо хонаи либосивазкунии духтарон монд» гуфт Амир.

«Набошад рафтем. Шояд дар ҳамон ҷо бошад» гуфт Комрон ва ҳамаи онҳо ба он ҷо рафтанд.

Ҳар чори онҳо ҳама ҷоро диданд, Комрон бошад дар назди дар ба онҳо нигоҳ карда меистод. Амир ба миз наздик шуд. Комила оҳиста ба амир ва сипас ба рӯи миз нигоҳ карда монд. Дар рӯи миз як сумка меистод. Нӯги занҷир аз ҳамон сумка баромада меистод. Амир ӯро диду аз нуги занҷир дошта ӯро ба берун баровард.

«Ҳамин аст?» ҳама ба Амир нигоҳ карданд.

Манучеҳр якбора ба Фаришта нигоҳ кард. Фаришта бошад ба чашмонаш бовар намекард.

«Бале. Аммо занҷири ман дар сумкаи Фаришта чӣ кор карда истодааст?» гуфт Комила.

Комрон дар ҳайрат ба Фаришта нигоҳ кард. Наход занҷирро Фаришта дуздида бошад!

«Ман намедонам, ки ин чӣ тавр дар сумкаи ман пайдо шуд» гуфт Фаришта.

«Фаришта имрӯз ҳамин занҷирро маъқул кардӣ» Комила сухан карда истода буд, Фаришта якбора гап зад: «Маъқул кардам. Зеро, ки ман ин қадар занҷир харида наметавонам. Аммо ин маънои онро надорад, ки ӯро медуззам»

Комила рафта аз дасти Амир занҷирро гирифту гуфт: «Фаришта туро мефаҳмам. Аммо агар мегуфтӣ ҳамин занҷирро ба ту ҳадя мекардам» шахсияти Фариштаро бо замин яксон карду баромада рафт. Комрон низ ба Фаришта нигоҳ карда истоду баромада рафт. Аз пушти ӯ Амир низ хонаро тарк кард.

«Манучеҳр ман онро нагирифтаам. Ба ман дуздидан чӣ лозим?» Фаришта Манучеҳрро бовар кунондан мехост.

«Ҳа. Либосҳоятро иваз кун. Вақти кории мо ба охир расид» Манучеҳр баромада рафт ва шояд ӯ низ ба Фаришта бовар накард.

Комрон ва Амир дар ҳуҷраи Комрон буданд.

«Наход Фаришта занҷирро дуздида бошад!» гуфт Комрон.

«Ман фикр намекунам, ки онро Фаришта дуздидааст» гуфт Амир.

«Барои чӣ?»

«Зеро то ҳамин дам ман боре дар гардани Фаришта занҷир надидаам. Шояд Комила бо иштибоҳ онро ба сумкаи Фаришта андохта бошад» Амир тахмин кард.

Шом. Фаришта ва Манучеҳр ба хона омаданд. Холаи Сабоҳат хӯроки шомро тайёр карда буд. Онҳо нишаста хӯрок хӯрданд. Манучеҳр сухан намекард. Холаи Сабоҳат гоҳ ба Манучеҳр нигоҳ мекарду, гоҳ ба Фаришта. Ҳар дуи онҳо ҳам бо табъи хира менишастанд. Манучеҳр ба худ омин карду мизро тарк кард ва ба хонаи худ даромада рафт. Фаришта низ оҳиста хесту ба хонаи худ даромад. Ӯ дар ҷоқгаҳ хоб мерафту суханони Комила дар таги гӯшаш ҷарангос мекард: «Фаришта туро мефаҳмам. Аммо агар мегуфтӣ ҳамин занҷирро ба ту ҳадя мекардам»

Айнан ҳамон ҳодисаро Манучеҳр низ аз ёд бароварда наметавонист.

Ҳамон шаб ҳам Фаришта ва ҳам Манучеҳр бо мушкилӣ хоб рафтанд.

Саҳар. Мисли ҳарвақта Фаришта аз хоб бодор шуд.

«Манучеҳрро бедор накардаед?» Фаришта аз холаи Сабоҳат пурсон шуд.

«Манучеҳр аз хонааш баромаду ба ким куҷое рафт» хола ҷавоб кард.

«Ба куҷо?» Фаришта ҳайрон шуд.

Бесплатный фрагмент закончился.

Купите книгу, чтобы продолжить чтение.