СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
маводи таълимӣ
Муқарризон:
Идиев Х. У. — муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор;
Шоисматуллоев Ш. Ш. — мудири шуъбаи сотсилогияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор;
Самиев Б. Ҷ. — сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Китоб бо назардошти ҷанбаҳои назариявӣ, илмии методологӣ ва хусусиятҳои озмоишию амалии идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ дар шароити ҷомеаи муосир, инчунин вазъ ва имкониятҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон омода шудааст.
Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.
Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/11 барои нашр тавсия дода шуд.
МУНДАРИҶА
ПЕШГУФТОР
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§4. САМТҲОИ АСОСИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§5. АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ ДАР ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§6. ҚОНУНҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§7. ҶУЗЪҲОИ (ЭЛЕМЕНТҲОИ) АСОСИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§8. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ, НИЗОМҲО ВА ИНСТИТУТҲО
§9. МЕЪЁРҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ
§10. МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ.
§11. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§12. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛӢ ДАР ИДОРАКУНӢ
§13. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛИИ ШАХСИЯТ
§14. МАДАНИЯТИ МУТТАҲИДӢ (КОЛЛЕКТИВ) ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ
§15. НАҚШИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТАҲКИМИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ
БОБИ III. УСУЛҲОИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
§16. ТАДҚИҚОТҲОИ СОТСИОЛОГӢ ДАР ИДОРАКУНӢ: НАМУДҲОИ ТАҶРИБАВӢ ВА АМАЛИИ ОН
§17. ТАФСИРИ (ШАРҲИ) ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ
§18. УСУЛҲОИ ИНТИХОБ (ХОСТАГИРӢ) ДАР ТАДҚИҚОТИ ҶАРАЁНҲОИ ИДОРАКУНӢ
§19. ПЕШБИНӢ ВА ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ: УСУЛҲОИ ТАТБИҚ ВА АМАЛИСОЗӢ
§20. ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ ВА УСУЛҲОИ ТАТБИҚИ ОН
§21. БАНАҚШАГИРӢ ВА ЛОИҲАСОЗИИ ИҶТИМОӢ
§22. ТЕХНОЛОГИЯ ВА ТАРЗИ БАРНОМАСОЗИИ ИҶТИМОӢ
§23. ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АМАЛИИ ИДОРАКУНӢ ВА ИҶТИМОӢ
БОБИ IV. РОБИТА ВА НАҚШИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИДОРАКУНӢ
§24. МАДАНИЯТИ РОБИТАВӢ ДАР ИДОРАКУНӢ
§25. УСУЛҲОИ ТАШКИЛИ ИТТИЛООТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ИДОРАКУНӢ
§26. ИШТИРОК ВА ШАРИКӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
§27. НЕРӮИ (ПОТЕНСИАЛИ) ЭҶОДИИ МЕҲНАТӢ-ИСТЕҲСОЛИИ ИНСОН ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ
§28. ИМКОНИЯТҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ИҶТИМОӢ — ПСИХОЛОГИИ ИДОРАКУНӢ
§29. СИМОИ ТАШКИЛОТ: УСУЛҲОИ ТАШАККУЛДИҲӢ ВА РУШД
§30. ТАВАККАЛ, ТАРЗУ УСУЛҲОИ ТАНЗИМ ВА БАРТАРАФСОЗИИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТ
§31. БУҲРОН ДАР ҶАРАЁНИ ИДОРАКУНӢ: УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН
§32. ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТИИ ИДОРАКУНӢ.. 227
§33. МЕНЕҶМЕНТ ВА Ё ИДОРАКУНӢ: ТАШАККУЛЁБӢ, ХУСУСИЯТНОКӢ ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН
САВОЛҲО ВА ҶАВОБҲОИ ЭҲТИМОЛӢ БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН
ПЕШГУФТОР
Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф таҳким, такмил ва рушди муносибатҳои идоракунӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва муносиб дар самти татбиқи принсипҳои либералии (демократии) идоракунӣ, зимнан истифодаи пурмаҳсули захираҳои инсонӣ, нерӯи зеҳнии ҷомеа ва рушди имкониятҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ногузир ва хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ вазъ додааст. Яъне, ташкил ва пешбурди муносибатҳои идоракуниро наметавон бидуни ташаккули заминаҳои назариявӣ, илмӣ, методологӣ, маънавӣ, таълимии психологӣ ва методии амалии идоракунии иҷтимоӣ дар ҷараён гузошт.
Мутаассифона дар ҳолати имрӯза, ин масъала — татбиқи пурмаҳсули идоракунии иҷтимоӣ, дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Падидаи мазкур, танҳо бо дарназардошти талаботи стандарти таълимӣ дар гурӯҳи муайяни муассисаҳои таълимии олии касбӣ, он ҳам аз рӯи адабиёти хориҷӣ, ҳамчун фанни мустақил бо номи «Сотсиологияи идоракунӣ» ба донишҷӯён омӯзонида шуда истодааст. Илова бар ин, дар самти идоракунии иҷтимоӣ корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, озмоишӣ, таҷрибавӣ ва методию амалии мақсаднок, низ, гузаронида нашудаанд, ба ҷуз чанде аз шумори ками корҳои тадқиқотии хусусиятноки соҳаҳо ва ё фанҳои робитавӣ, ба монанди ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод ва молия, ки бори дигар моро ба андешидани тадбирҳои дахлдор водор мекунад.
Аз ин лиҳоз, ба сифати яке аз тадбирҳои нахустин, бо фарогирии ҷанбаҳои васеи идоракунии иҷтимоӣ, китоб ё маводи таълимӣ — сотсиологияи идоракунӣ — бо назардошти шароити Тоҷикистони муосир ва рукнҳои асосии амалии идоракунӣ омода гардида, барои истифодаи васеъ пешниҳод карда мешавад.
Китоби мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва шахсони дигар, ки дар соҳаи идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия мегардад.
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
1.1 Ташаккулёбии сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун илм
Сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун мавзӯи таҳқиқу омӯзиш нав буда, дар асоси илмҳои идоракунӣ ва ҷамъиятшиносӣ (сотсиология) дар самти танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шудааст.
Илми идоракунӣ дар навбати худ, дар шароити пайдо шудани зарурат барои омӯзиши муносибатҳо ва ҷараёнҳои гуногун, фаррох, худфаъол, бисёрҷабҳа, байнисоҳавӣ ва ҷамъиятии идоракунӣ ба амал омадааст.
Идоракунӣ умри куҳан дошта, аз рӯзи ҳастии инсоният ҳамчун василаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, идора ва ҳамоҳангсози одамон оид ба амалигардонии фаъолияти муайян дар шакли давлат ва ё давлатдорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо гардида, якеро аз байни худ, албатта бо назардошти бартариятҳои муайян ҳамчун сарвар интихоб менамуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзгор ва рӯзмараи хеш зимни қабул ва татбиқи қарорҳо ба ӯ итоат мекарданд; ки ин шакли идории ҷамъиятиро монанд месозад.
Шаклҳои гуногун ва нисбатан устувори идоркунӣ асосан аз фаъолияти қадими давлатдорӣ дар Осиёи миёна пайдо гардидааст, аз ҷумла давлатҳои қадимтарини Аншон, Кумош ва Эллам (аз асри VIII ҳазораи V то асри VII пеш аз милод), инчунин давлатҳои Кассатиҳо, империяи аввалини форс Ҳахоманиш, Порт, Сосониён, Сомониён ва ғайра.
Барои мисол давлати Ҳахоманишиён (558—331 пеш аз милод) бо системаи Сатрап амал мекард, ки онро ба сохти Иттиҳоди давлатҳои Аврупо ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шабоҳат додан мумкин аст. Давлати Ҳахоманишиён аз 33 Сатрап (ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои бузург) ба монанди Бохтар, Суғд, Хоразм, Миср ва ғайра иборат буд, яъне ҳар як Сатрап як ҷумҳурӣ ва ё вилоятро ташкил медод. Системаи Сатрап, ба подшоҳи марказӣ — Шоҳаншоҳи Ҳахоманишҳо вобастагӣ дошт, аммо ҳар як Сатрап шоҳи худро низ дошт ва ба содироту воридот, буҷет ва тақдири одамон масъулияти шахсӣ доштанд ва мустақилона амал мекарданд. Сатрапҳо артиш надоштанд, мувофиқан харҷи зиёд намекарданд, аммо ҳар сол ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Артиш ва ба ин васила ҳифзу таъмини бехатарии ҷомеа бар уҳдаи ҳокимияти марказӣ буд. Дар Форс ҳукмронӣ танҳо дар ягонагии умумии худ иттиҳоди халқҳо мебошад, ки ба халқҳои муттаҳид озодона арзи вуҷуд намуданро пешниҳод мекунад — гуфта буд, Гегел (Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. 2006.). Дар ин ҷо боиси зикр аст, ки сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералии давлат, ба монанди мустақилият ва озодӣ маҳз дар фаъолияти давлати Ҳахоманиш васеъ инъикос меёбад, яъне демократия барои мо бегона нест, гараанде онро мо акнун (дар шакли муосир) омӯхта ва амалӣ гардонида истода бошем ҳам.
Илми идоракунӣ тибқи назариёти таҳқиқотчиёни Ғарб дар нимаи дуюми асри XVIII ба вуҷуд омадааст, аммо назариёти давлатдорӣ, мувофиқан, усулҳо ва василаҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқи рисолаи «Сиёсатнома» -и мутафаккирони Шарқ Низомулмулки Тусӣ (1063—1092) хеле барвақт аз асри XI манша мегирад. Яъне, новобаста аз он ки дар ҷаҳони муосир дастовардҳои илмии соҳаи идоракунӣ бештар ба таҳқиқотчиёни Ғарб рабт дода мешавад, аммо заминаҳои назариявии он ҳанӯз 6 садда пеш (дар имрӯз низ) аз ҷониби мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулки Тусӣ бо фарогирии услуб ва усулҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Шариат (таълимоти дини мубини Ислом) таълиф гардидааст. Низомулмулк бо назардошти таҷрибаи идоракунии давлатҳои «Сомониён» ва «Ғазнавиён» мактабҳо, ки бо номи «Низомия» шинохта мешуданд, ташкил намуда, дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ходимони давлатиро тарбият менамуд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки назарияҳои таҳлилу таҳқиқотии марбут ба идоракунӣ на асри XVIII, балки асрҳои X — XI ва на дар Ғарб, балки дар Шарқ ва бо саҳми муносиби мутафаккирони форсу тоҷик нуфуз пайдо намудааст. Аммо корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ дар самти мазкур дар воқеъ оғоз аз асрҳои XVIII — XIX ва асосан дар Ғарб равнақ ёфта, то ба имрӯз дар назарияҳо ва моделҳои гуногуни идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ зимни коркард ва татбиқи васеъ қарор дода шудаанд.
Назариёти Низомулмулк вобаста ба идораи давлатӣ аз усулҳо ва василаҳои зерин иборат мебошад (Заходера Б. Н. Сиасет-наме. 1949):
— Эҳтиром гузоштани ҳокимон ба фаровонӣ ва ризқу рӯзии (аз ҷониби Худованд) фароҳамгардида;
— Таъмини адолат ва ҳалли баҳсҳо дар байни одамон;
— Назорати кору фаъолияти вазирон, раисон, қозиён ва дигар ходимони давлатӣ;
— Таҳқиқот ва тафтишот аз рӯи боварӣ ва эътиқодмандии ҷомеа ба Шариат ва рукнҳои он;
— Иҷро кардан ва эҳтиром гузоштан ба амру фармонҳои Роҳбари Олӣ (Шоҳ);
— Сафорати намояндагон ва ё ходимони давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои махсус ва муҳим;
— Шӯрои (машварати) илмии давлатӣ;
— Таъмини мудофиа ва тартиботи истифодаи яроқу аслиҳа;
— Асосҳои хизмати (хизматрасонии) туркманҳо, туркҳо ва ғуломон;
— Тартиби маҷлисҳо ва қабули наздикон;
— Танбеҳи ходимони давлатӣ барои хатогиҳои ошкоршуда;
— Қадрдонии хизматгорон ва ғуломон барои хизматҳои шоиста;
— Фаъолияти иқтисодӣ ва молиявӣ дар идораи давлатӣ;
— Назорати андозбандӣ ва ҳисоббаробаркунӣ.
Дар умум назариёт ва тавсияҳои Низомулмулк ба идораи давлат бар асоси адолат, футувват, инсондӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва эҳтироми иҳотакардагон ва хизматгорон, ки аз таълимоти дини мубини Ислом бармеояд ва дар фаъолияти кулли кишварҳои ҷаҳон имрӯз низ дар амал мебошанд, ба амал бароварда шудаанд.
Саҳми олимони Ғарб дар рушди илми идоракунӣ, ки онро ба фаҳмиши муосири идоракунӣ рабт додан мумкин аст, ду-се саддаи охир назаррас гардид, зеро сохти идоракунии давлатии кишварҳои Ғарб ба муваффақиятҳо ноил гардида, то имрӯз таҷрибаи онҳо ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн карда шуда истодааст. Дар ин раванд мавқеи фаъолро сохти либералӣ ва ё демократии идоракунии давлатӣ ишғол менамояд, ки маҳз ҳамин модел таваҷҷуҳи зиёди олимони рӯи оламро барои омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои марбут ба идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ ҷалб намуд.
Дар самти идоракунии ҷамъиятӣ саҳми зиёди олимон Ҷ. Локк, Б. Спиноз, Ж. Руссо ва дигарон назаррас мебошад. Дар корҳои тадқиқотии онҳо назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва принсипҳои либерализм ва демократизм, ки ба идоракунии низомҳои иҷтимоии мураккаб асос меёбанд, оварда шудаанд.
Идоракунии иҷтимоиро ба принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолии аз ҷониби Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Э. Мэйо ва дигарон ташаккул ёфта асоснок кардан мумкин аст.
1.2 Назарияҳои муосири сотсиологияи идоракунӣ
Барои осон гардидани баррасиҳои оянда 10 назарияҳои нисбатан маъмули сотсиологияи идоракуниро, ки бештар таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқону мутахассисонро ҷалб намудааст ва дар ҷараёни фаъолияти идоракунии ҷамъиятию давлатӣ истифода мегарданд, ҷудо менамоем:
— Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор);
— Маъмурияти фаъолият (А. Файол);
— Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо);
— Талаботи инсонӣ (А. Маслоу);
— Ҳавасмандгардонӣ ва омилҳои шавқангез ва ё сабабнок (бедорсозии завқу рағбат) (Ф. Хертсберг);
— Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор);
— Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон);
— Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ);
— Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барренд, Г. Саймон);
— Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер).
Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор)
Консепсияи муҳандиси америкоӣ Ф. Тейлор (1856—1915), ки ба танзими рафторҳои меҳнатии кормандон дар самти истеҳсолот равона гардида буд, сабаби пайдо шудани мафҳуми «Менеҷменти илмӣ» гардид. Назарияи ӯ асосан тақсимоти баробари меҳнат ва истифодаи самараноки кормандро дар истеҳсолот фаро гирифтааст. Дар ин ҷо муайян гардидани зарурат оид ба мувофиқаи манфиатҳо байни шахсони кироя (кормандон) ва кордиҳанда мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яъне, барои самаранокии фаъолият кордиҳандаро зарур аст, ки манфиатҳои корхонаро бо корманд, аз ҷумла шахсони барои кор кироя шуда мувофиқа намояд ва албатта мақсади ин консепсия ба баланд бардоштани шахсияти корманд асос меёбад. Аммо татбиқи самараноки вазифаҳо бештар хусусияти иқтисодӣ дошта, он ба меъёрҳое асос меёбад, ки камхарҷии корхонаро тариқи истифодаи босамари қувваи корӣ инъикос менамояд. Меъёрҳои баҳогузории самаранокӣ ва ё сифати меҳнат фаъолияти кормандро бо принсипи: ба қафомондаҳо ҷарима додан; пешравандагонро қадрдонӣ намудан; ва ба мобайнӣ (иҷрокунандагони нақша) таъмини маоши муқарраргардида — фаро мегирад.
Ин усул гарчанде нисбат ба шахсият каме сахтӣ орад ҳам, вале дар фаъолият на танҳо нисбат ба кордиҳанда, балки нисбат ба ҳамкорон ва поддоши муайяншуда адолатро таъмин менамояд. Ин консепсия шахсро маҷбур месозад, ки аз рӯи худ кор кунад ва дар фаъолияти меҳнатӣ пешрафт дошта бошад.
Дар шароити имрӯза низ, аз ҷумла барои кишварҳои рӯ ба инкишоф дар самти истифодаи самараноки қувваи корӣ на танҳо дар истеҳсолот, балки дар тамоми зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ҷорӣ кардани конспесияи мазкур ба манфиат мебошад.
Маъмурияти идоракунӣ (А. Файол)
Муҳандис ва соҳибкори франсавӣ Анри Файол (1841—1925) тавлидгари назарияи маъмурияти идоракунӣ мебошад. Ӯ тасдиқ мекард, ки идора кардан — маънои пеш бурдани корхонаро барои расидан ба мақсади муайян бо назардошти гирифтани (аз худ кардани) манфиати зиёд (маҳсули бисёр) аз захираҳои мавҷудаи дар ихтиёрбуда, дорад.
Олим бар он назаре буд, ки ҳар як ташкилот аз ду қисмат: моддӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад. Қисмати якум меҳнати истеҳсолии кормандро фаро гирифта, қисмати дуюм ба муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ асос меёбад. Дар инҷо дар баробари фоиданокии ташкилот, ҳамчунин ба инобат гирифтани робитаҳои мустақими кормандон баррасӣ гардидааст, ки албатта аз усулҳои муносиби идоракунӣ маҳсуб мегардад.
Идоракунӣ, ба фикри олим, намудҳои гуногуни фаъолиятро, аз қабили техникӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, муҳофизатӣ, муҳосибӣ ва маъмурӣ фаро мегирад.
Яке аз дастовардҳои А. Файол дар самти идоракунии маъмурӣ ба таълиф гардидани принсипҳои зерини идоракунӣ асос меёбад:
— Тақсимоти меҳнат. Мақсад тахассус додан мебошад, ки дар ниҳоят он ба зиёд гардидани таҷриба ва такмил ёфтани малакаи кории шахс / корманд оварда мерасонад. Ҳамзамон, ин усул ба самаранокии фаъолияти меҳнатии ҳар як корманд дар алоҳидагӣ ва ташкилот дар умум мусоидат менамояд;
— Ҳокимият. Ҳукмфармоӣ тавозуни иҷрои байни вазифаҳо ва уҳдадориҳоро таъмин менамояд.
— Тартибот. Кормандон бояд ба роҳбар итоат кунанд, аммо идоракунанда низ бояд нақши муносиби сарвариро дошта бошад.
— Яккасардорӣ дар идоракунӣ. Ҳар як корманд бояд як роҳбар дошта бошад.
— Равонасозии ягона. Шахсоне, ки барои иҷрои як намуди фаъолият равона гардидаанд, бояд вазифаҳои монанд ва нақшаи ягона дошта бошанд.
— Тобеияти манфиатҳои фардӣ ба умум. Роҳбарият бояд назорат кунад, ки мақсадҳои корхона аз манфиатҳои корманд (он) боло истад.
— Ҳавасмандӣ. Маош (моҳона) сабабнокии муҳим дар баҳисобгирии имкониятҳо мебошад ва ин беҳтарин низом ва ё василаи идоракунӣ ба ҳисоб меравад.
— Марказонидан (ғайримарказонӣ). Ин масъала сатҳи шароитҳои кории корхона ва сифати ҳайати шахсии онро муайян мекунад.
— Зинабандии скалярӣ. Ин зинабандии ҳокимият аз боло ба поён мебошад. Иерархия (зинабандӣ) барои идоракунии самтнок ва ягона зарур аст. Аммо робитаи уфуқӣ (горизонталӣ) низ асос шуморида мешавад, зеро он дар идоракунӣ нақши худро соҳиб мебошад.
— Фармонбарорӣ. Дар инҷо, ҳам фармонҳои моддӣ ва ҳам иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Фармонбарор вақти худро ба анҷом додани амалҳои моддии нодаркор сарф намекунад, аммо маҳз ҳамин амалҳо фаъолияти идоракуниро нигоҳ медоранд.
— Адолат. Садоқат ва ростқавлии ҳайати шахсӣ бояд тавассути муносибати эҳтиромона ва адолатноки маъмурият (роҳбарият) нисбат ба тобеон таъмин карда шавад.
— Устувории низоми вазифадор ва ё масъулиятнок намудани ҳайати корӣ. Корманд вазифаи худро беҳтар иҷро мекунад, агар бехатарии ҷойи корӣ ва пешравӣ дар мансаб ва ё вазифа барои ӯ кафолат дода шавад.
— Ташаббускорӣ. Ба тамоми кормандон имконият дода шавад, ки ташаббусҳои худро дар самти рушд ва устуворсозии корхона нишон диҳанд.
— Руҳбаландӣ дар тим (команда). Роҳбарият бояд дар муттаҳидсозии кормандон ва баланд бардоштани руҳияи онҳо масъул бошад.
Файол назар дорад, ки маҳорати воқеии шахс ба ҳамоҳангӣ ва дастгирӣ ниёз дорад. Бояд ки шавқу рағбати корманд дастгирӣ гардад, қобилияти ҳар як нафар мавриди истифода қарор дода шавад, ҳар як дастовард бидуни бухлу кановат қадр карда шуда, муносибати хуб ва муносиб ба роҳ монда шавад.
Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дастоварди илмии А. Файол имкон дод, ки идоракунӣ ҳамчун фаъолияти мустақил ва махсуси одамон мақом пайдо кунад. Назари маъмурияти ташкилоту корхонаҳо ба идоракунӣ дигар шуд, аз ҷумла усулҳои иҷтимоӣ ва психологиро зимни истифода (омӯзиш) қарор доданд. Дар ниҳоят соҳаи нави илм — сотсиология ва психологияи идоракунӣ пайдо гардид, ки ин ду равияро (назарияи Файол) ба ҳам тавъам месозад.
Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо)
Самти муносибатҳои мутақобилаи инсонӣ дар идоракунӣ ба назарияи Элтон Мэйо (1880—1948), ки дар натиҷаи «озмоишҳои хотторнӣ» коркард шудааст, рабт дода мешавад. Дар ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии мутақобилаи одамон дар ташкилот мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Дар натиҷа ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷоя дар истеҳсолоти меҳнатӣ бартарият дода мешавад. Ҷанбаҳои иқтисодии шахс ва рукнҳои иҷтимоӣ ҷойиваз мегарданд. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ мегарданд. Мс. фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурият арзиш дорад.
Ҳамчунин, тибқи консепсияи Мэйо ба омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ба монанди назорати ҳамоҳангшуда ва мушаххасгардида, риояи ҳатмии тартиби кор, сатҳи қадрдонии фардӣ, тахассуснокии маҳдуди вазифаҳо, усули идораи авторитарӣ, интихоби дурусти кадрҳо ва василаҳои меҳнатӣ дар фаъолияти идоракунӣ бартарӣ дода мешавад. Аз ҷумла, назарияи Э. Мэйо муносибатҳои зерини инсониро дар фаъолияти идоракунӣ пешниҳод менамояд:
— бо ҳам пайваст намудани сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳокимият;
— тахассуснокии маҳдуд;
— иштироки васеи кормандони қаторӣ дар идоракунӣ;
— ба роҳ мондани шаклҳои нави ташкили меҳнат, ки ҳавасмандӣ (сабабнокӣ) ва қаноатмандиро ба кор зиёд мекунад;
— баланд бардоштани нақши гуруҳи хурд ва ҳамфикрии кормандон.
Дар умум тибқи назарияи Мэйо манфиати иҷтимоии корманд бояд болотар аз манфиати иқтисодии кордиҳанда ва ё корхона истад ва пайваста чораҳое бояд андешида шаванд, ки шахс зарурат ва мақоми худро дар ҷойи кор эҳсос кунад, руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт талош варзад.
Дар инҷо байни назарияҳои Мэйо ва Тейлор тафовут пайдо мегардад, ки яке манфиати кормандро, дигаре манфиати кордиҳандаро дар ҷойи аввал мегузорад.
Талаботи инсонӣ (А. Маслоу)
Яке аз аввалинҳо шуда, психолог Абраҳам Маслоу (1908—1970) зинабандии талаботи инсониро таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи Маслоу инсонро на талаботи ӯ, балки дараҷаи қаноатманд набудани ӯ пеш мебарад. Бо ҳамин назар олим зинабандии зерини талаботи инсониро иборат аз панҷ сатҳ / гуруҳи сабабнокии рафтор дар робита ба ҳукмфармоӣ ва ё таъсиррасонии талабот ба он ҳолати муайян таҳия месозад:
— Талаботи табиӣ (физиологӣ) ва шаҳвонӣ — тавлиди (аз нав бавуҷудоварии) насл, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, хӯрок, манзил ва ғайра;
— Талабот ба ҳастӣ — бехатарии ҳастии худи шахс, боварӣ ба оянда, шароитҳои муътадили фаъолияти ҳаётӣ, муҳити муайяни доимӣ ва мунтазами одамон. Инчунин, дар соҳаи меҳнат — талабот ба шуғли кафолатнок, суғурта аз ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра;
— Талаботи иҷтимоӣ — робитаи иҷтимоӣ, муошират, монандии (баробарии) худ ба дигарон, иштирок дар фаъолияти якҷояи меҳнатӣ;
— Талабот ба худшиносӣ — эҳтиром ва худқадрдонӣ, болоравии хизматӣ, мақом, эътибор, эътироф ва баҳогузории баланд;
— Талаботи шахсият ва руҳӣ — худифодакунӣ ва худмуаррифӣ тавассути эҷодиёт.
Зинабандии талабот ҳамбастагии рафторҳоро ба якдигар ифода мекунад, яъне барои қонеъ гардонидани талаботи оянда, бояд ки талаботи аввалӣ (дараввалистода) қонеъ гардонида шавад, инро (зинабандиро) принсипи ҳукмфармоӣ низ мегӯянд.
Ду талаботи аввалро муҳаққиқ аввалиндараҷа (фитрӣ / модарзодӣ), сетои баъдиро дуюмдараҷа (ҳосилшуда / бадастоварда) меномад. Ҳамаи талабот даврӣ ва ё такрошаванда мебошанд. Мисол, шахс дар рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ба маоши кам ва мақоми баробар ба аксарият қонеъ мебошад, вале бо мурури вақт ва зиёд гардидани таҷриба / собиқа талаботи ӯ ба маоши хуб, мақоми баланд, шароити хуби зиндагӣ ва ғайра меафзояд.
Омилҳои сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда) (Ф. Хертсберг)
Назарияи Ф. Хертсберг идомаи ғояҳои А. Маслоу буда, ба ду омилҳои мустақили сабабнокии (ҳавасмандии) меҳнат асос меёбад. Омили якум, — шароити меҳнат ва муҳити иҷтимоиро дар гуруҳ (коллектив) фаро гирифта, омили дуюм, — ба доираи гигиенӣ асоснок гардидааст.
Назарияи мазкур дар натиҷаи пурсиши гуруҳи муҳандисон ва муҳосибон ба вуҷуд омада, омилҳои ҳаммонанди таъсиррасонро ба рафтори одамон ошкор кардааст.
Консепсияи мазкурро ҳамчунин ба омилҳои дарунӣ ва беруна тавзеҳ додан мумкин аст.
Омилҳои «сабабнок / шавқангезанда» ва ё дарунӣ мундариҷа ва муҳтавои фаъолияти меҳнатии шахсро вобаста ба таъсирҳои бевоситаи шахсӣ ва дохилигурӯҳӣ фаро мегиранд. Омилҳои мазкур ифодагари он мебошанд, ки маҳз одам муваффақиятро ба даст меорад, хизматҳоро қадрдонӣ мекунад, дар вазифа пеш (боло) меравад, барои шуғл манфиатдор аст, барои пешравии касбӣ имкониятҳо фароҳам меорад ва дар фаъолият масъулият дорад. Таъсиррасонии мусбии ин омилҳо қаноатмандии шахсро ба кор / шуғлнокӣ афзун мегардонад ва шавқи ӯро барои боз ҳам фаъолияти хуб доштан зиёд мекунад. Аммо набудани ин омилҳо ба номуваффақӣ дар фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамзамон, ин гуруҳ шавқмандӣ ва ё сабабнокии дохилӣ номида мешавад, ки ҳолати қаноатмандии шахсро дар робита ба эҳсоси иҷрои хуби кор ифода мекунад — ин худҳавасмандсозӣ аст. Барои корманд чӣ қадрдонӣ аз натиҷаи кор ва чӣ аз худи ҷараёни кор, ҳарду муҳим мебошад.
Дар ин ҷо Хертсберг фарқияти байни қаноатмандӣ ва қонеъ набудани шахсро аз ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ошкор месозад.
Омилҳои «гигиенӣ» ва ё берунӣ ин шароитҳои меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии беруниро ташкил медиҳанд ва онҳо аз сиёсати корхона / ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила аз рӯи уфуқ, моҳона, бехатарии меҳнат, кафолати шуғлнокӣ, шароити корӣ, мақом, ҳаёти оилавӣ ва ғайра иборат мебошанд. Ё инки омилҳои берунӣ ин ҳавасмандии маънавии шахс новобаста аз табиат ва муҳтавои меҳнат — ҳавасмандгардонӣ аз берун мебошад. Агар ин омилҳо ба шахс таъсири манфӣ дошта бошад, пас сатҳи қаноатмандии ӯ ба кор паст мегардад.
Ҳамин тариқ, мувофиқи назари Хертсберг муносибат ба кор аз ду паҳлӯ бояд баррасӣ карда шавад. Мебояд муайян кард, ки корманд ба чӣ майл дорад ва чӣ ӯро хушҳол ва ё хушбахт мегардонад. Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз якум бармеояд, — корманд аз чӣ дасткашӣ дорад, ки ӯро нохуш мегардонад. Мувофиқан василаҳои қонеъ гардонидани ин ду паҳлӯи / гуруҳи алоҳида ва баробари ба талаботи корманд вобастабуда бояд гуногун бошанд.
Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор)
Назарияи Макгрегор аз ду қисмат авторитарӣ ва демократӣ иборат буда, вобаста ба сабабнокии / шавқангезии меҳнат дар идоракунӣ саҳми муносиб дорад. Ин ду қисматро муҳаққиқ шартан ба назарияи «Х» ва «У» ишора мекунад, ки дар ин ҷо назарияи «Х» — тарзи авторитарии роҳбариро бо назардошти назорати қатъӣ, маҷбур кардан ба меҳнат, муҷозот ва такя ба қадрдонии моддӣ ифода мекунад. Назарияи «У» бошад, тарзи демократии роҳбарӣ буда, истифодаи васеи қобилияти зертобеон, назорати фасеҳ, набудани маҷбурсозӣ, худназоратӣ, талош варзидан ба масъулиятнокӣ, ҳавасмандсозии маънавӣ, манфиатнокӣ дар меҳнат ва иштирок дар идоракуниро фаро мегирад.
Инчунин, назарияи мазкурро ба усулҳои идоракунии давраҳои пешин (классикӣ) ва муосир тавзеҳ додан мумкин аст. Дар давраҳои то асрҳои IXX — XX дар тамоми ҷаҳон асосан тарзи идоракунии «Х» истифода мегардид, яъне идоракунӣ бо усулҳои авторитарӣ — яккаҳокимиятӣ, маҷбуркунӣ, назорати қатъӣ ва ғайра ба роҳ монда мешуд, зеро барои аксари соҳибмулкон ва ё идоракунандагон тарзи иштирок ва ҳамфикрӣ дар идоракунӣ бегона буд. Дар ин ҷо сабабҳо зиёданд, аммо нуқтаи асосиро метавон ба паст будани сатҳи маълумотнокӣ ва дониши ҷомеа оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рабт дод. Имрӯзҳо бошад, асосан тарзи идоракунии «У» ҳукмфармо мебошад ва сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар демократикунонии муносибатҳоро дар идоракунӣ тақозо менамоянд, зерои ин принсип дар шароити имрӯза устуворӣ ва муваффақпазирии худро собит сохтааст.
Назарияи «Х» -ро бештар ба хислати идоракунии бевоситаи роҳбар вобаста кардан мумкин аст, чун роҳбар одатан машғули ғояҳои супоришӣ ва фармоишӣ буда, талаботи бевоситаи шахсияти корманд / зертоберо ба инобат намегирад, ки албатта ин хусусият ба номуккамалии фаъолият ва камфаъолӣ ва ё танназули иқтидори зеҳнии кадрӣ боис мегардад.
Дар акси ҳол бошад, — истифодаи назарияи «У» муваффақнокӣ дар фаъолият оварда мешавад, зимнан талаботи беш аз корманд, фаъолнокии зеҳнӣ, ташаббуснокӣ ва масъулиятнокии ӯ тақозо карда мешавад.
Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон)
Саҳми П. Блау, Р. Мертон ва Т. Парсон дар омӯзиши идоракунӣ ба ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ асос меёбад. Маҷмӯи корҳои тадқиқотии ин муҳаққиқон ҳамчун асоси усули системавии таҳлили механизмҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ-психологии таъминоти устувори низомҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва ҳамгироии шахсон дар ҷараёни идоракунӣ баромад менамояд. Зери таваҷҷуҳи тадқиқотчиён ҷанбаҳои институтсионалии амалҳои иҷтимоӣ дар доираи фаъолияти низомҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Дар умум ин ҷанбаҳо бавуҷудории талаботи дилхоҳро дар фаъолияти иҷтимоӣ, ба монанди рушди сохторҳои зарурии ташкилӣ бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавии танзимкунандаи рафтор ва мутобиқати иҷтимоии шахсият инъикос менамоянд. Ин усули омӯзиш боис гардид, ки дар сотсиологияи идоракунӣ қишрҳои тадқиқот, ба монанди «меъёри иҷтимоӣ», «муҷозоти иҷтимоӣ», «назорати иҷтимоӣ» ва ғайра зимни амал қарор дода шаванд.
Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ)
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мебояд иттилоъ дод, ки кибернетика — ин илм дар бораи омӯзиши қонунияти умумии низомҳои мураккаби идоракунӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар ҷараёнҳои идоракунӣ мебошад. Ҳамзамон, бинобар он ки асоси қабули ҳар як қарорро иттилоот ташкил медиҳад, кибернетикаро ҳамчун илм дар бораи қонунҳои умумии дастрасӣ, нигаҳдорӣ, таҳвил додан (пешниҳод кардан) ва дигаргун сохтани маълумот ба / дар низомҳои мураккаби идоракунӣ баррасӣ мекунанд.
Кибернетика имкониятҳо ва усулҳои илмии технологӣ ва принсипиалии ҳалли вазифаҳои идоракуниро дар ҳамаи низомҳои худидоракунӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ васеъ мегардонад. Ин илм зарурат ва аҳамиятнокии иттилоотро ҳамчун василаи муҳими идоракунӣ нишон дода, онро қисми ҷудонопазир дар ҷараёнҳои идоракунӣ баррасӣ менамояд.
Кибернетика масъалагузориро, на чун: «ин ва ё он масъала ё объект барои чӣ бояд идора карда шавад», балки ҳамчун «ин ва ё он масъала ё объект чӣ тавр бояд идора карда шавад» ба роҳ мемонад. Яъне, он тарзу усулҳои идоракуниро ба таври васеъ ва аз ҳама муҳим, мувофиқ ба талабот ва шароити ҷомеаи муосир меомӯзонад.
Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барранд, Г. Саймон)
Чӣ тавре аз таҳлили боло маълум мегардад, идоракунӣ ба ду давра: классикӣ ва муосир ҷудо мешавад. Назарияи классикӣ бештар ба манфиати ташкилот / корфармо масъалагузорӣ мекунад, аммо назарияи муосир, ки онро либералӣ ва ё демократӣ низ метавон ном бурд, бештар манфиати шахс / кормандро боло мегузорад, ки дар навбати худ, ин муносибат низоми иҷтимоӣ ва ё гуманистии (башардӯстии) идоракунӣ ном гирифта мешавад.
Дар рушди назарияи муносибатҳои инсонии сотсиологияи ташкилотҳо ва ё «даъвати гуманистӣ» Э. Мэйо, Д. Макгрегор ва А. Маслоу саҳми муносиб гузоштаанд.
Олимон дар натиҷаи озмоишҳо исбот карданд, ки ба маҳсулнокии меҳнат аз омилҳои иқтисодӣ-техникӣ дида, омилҳои иҷтимоӣ-писхологӣ таъсирноктар аст. Ин назарияро инчунин мумкин аст, ки ба ду муқаррароти дар боло овардашуда рабт дод: якум ба шакли классикии идоракунӣ ва дувум ба шакли муосири идоракунӣ. Яъне, классикон ба он назар буданд, ки самаранокии идоракунӣ зимни сохтори расмии идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати мушаххас, назорати қатӣ, яккасардорӣ ва ғайра таъмин мегардад. Аммо рақибони онҳо — олимони муосир бар он назаранд, ки самаранокии идоракунӣ дар ҳолати ғайрирасмикунонии сохтор, бахусус бо гуруҳҳои хурд, муносибати мутақобилаи одамон, назорати умумӣ, худназоратӣ, қадрдонӣ ё ҳавасмандгардонии гуруҳ (коллектив) ва ғайра таъмин карда мешавад.
Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер)
Дар роҳи таҳқиқи сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ Питер Блау зарур донист, ки назарияи мубодиларо ба шакли муносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ намояд. Тибқи назарияи олим байни ҷамъиятҳои бузург ва гуруҳҳои хурд фарқият вуҷуд дорад.
Сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ дар гуруҳҳои хурд бевосита дар шакли муносибати мутақобила ба роҳ монда мешавад, дар ҳоле ки дар ташкилотҳои бузург чунин шакли муносибат имконнопазир мебошад, мувофиқан зарур аст, ки механизми муносиб ба роҳ монда шавад.
Дар ин самт Блау муайян намуд, ки дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба сифати механизми пайвасткунада меъёрҳо ва арзишҳои мавҷудаи ҷомеа метавонад истифода гардад. Ин робитаро албатта созиши байни тарафҳо-созишномаи марбут ба арзишҳо ташкил медиҳад.
Ин созишнома, ки дар натиҷаи мувофиқати меъёрҳо ва арзишҳои умумиқабулшуда пайдо гардидааст, метавонад ба сифати ҳакам / байнрав дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ё ҳалқаҳои пайвасткунандаи амалҳои мутақобилаи иҷтимоӣ баромад намояд. Бо ин роҳ мубодилаи иҷтимоӣ бо усули «бавосита» имконпазир мегардад, ки он ҷараёнҳои ҳамгироии иҷтимоиро дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ, инчунин рушди ташкилотҳои иҷтимоиро дар худ метавонад идора кунад.
Дар ин ҷо, муҳаққиқ муносибатҳои мутақобиларо дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба воситаи амалӣ сохтан, эҳтиром гузоштан, эътироф ва истифода намудани меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ ҳамчун механизми рушди ташкилот, нигоҳ доштан ва эътидолнокии гуруҳҳо баррасӣ менамояд.
Назарияи М. Фуко оид ба ташкилот
Мутобиқи назари муҳаққиқ интизом наметавонад ҳамаи ҷомеаро якранг фаро гирад, яъне узви ҷомеа гуногунмиҷоз мебошанд, мувофиқан ҷанбаҳои интизомиро гуногун қабул мекунанд. Интизом иҷборан дар ҷомеа ворид гардида, ба қисми муайяни ҷамъият таъсир мерасонад, аммо на ҳамаи он.
Дар кори Фуко, инчунин масъалаҳои гуманизм (башардӯстӣ) ба назар мерасад. Таҳқиқотчӣ бар он назар аст, ки гузаштан аз низоми шиканҷа ва азобу уқубат ба низоми ҳабскунии одамон гувоҳи (шаҳодати) гузаштан аз муҷозоти бадан ба руҳ ва озодӣ мебошад. Ин навъи омӯзиш онро инъикос менамояд, ки одамон ҳамчун объекти таҳқиқу омӯзиш муайян карда шуданд, гарчанде то ин замон манфиат ва шаъну шарафи инсон дар ҷойи дувум пас аз дастгоҳи истеҳсолӣ-идоракунӣ меистод.
Дигар қисмати омӯзиши Фуко дар самти интизом ва муҷозот ҳукмфармоиро бо усули паноптикум (дар ҳолати мазкур: назорати ҳамаи маҳбусон дар як вақт) фаро мегирад. Ин усул ва ё сохтор имкон медиҳад, ки хизматчиён тамоми ҷанбаҳои ҳаётии маҳбусонро мушоҳида намоянд. Дар асл иштироки доимии назоратчиён талаб карда намешавад, зеро сохтори мазкур худ ҳамаи маҳбусонро аз амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Паноктикум метавонад дар шакли дидбонгоҳ дар маркази маҳбасхона ташкил шуда бошад, ки аз як нуқта назоратчӣ метавонад тамоми ҳуҷраҳоро назорат кунад ва мувофиқан маҳбусон медонанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд, аз рафтору кирдори номатлуб худдорӣ менамоянд (расми 1). Ҳамзамон, ин усулро метавон дар замони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ҳукмфармоӣ дорад, ба ҷорӣ кардани камераҳои мушоҳидавӣ рабт дод. Бо ин тартиб дар байни маҳбусон низоми худидоракунӣ ҷорӣ мегардад, то ин ки рафтору кирдори ношоями онҳо аз ҷониби назоратчӣ мушоҳида нагардад, мувофиқан танбеҳ нагиранд.
Ҷадвали 1
Назарияи М. Вебер оид ба бюрократия
Бюрократия аз забони франсавӣ (bureau-дафтардорӣ) ва юнонӣ (кратос — ҳокимият) гирифта шуда, низоми идоракуниро бар асоси зинабандии амудӣ (иерархияи вертикалӣ) ва иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ифода мекунад. Дар амал бюрократия, «низоми идоракунии аз ҳад зиёд расмикунонидашуда» дониста мешавад, ки албатта ин хусусияти манфӣ дорад.
Вебер бошад, бюрократияро ҳам за назари манфӣ ва ҳам аз назари мусбӣ — ҳамчун механизми бомулоҳиза (такмилёфта) ва шакли босамари фаъолият баррасӣ менамояд. Хусусияти манфии бюрократия аз расмиёти гуногуни дастурдиҳӣ, фармондиҳӣ, вазифагузорӣ ва ғайра, ки дар ниҳоят он самти худро тағйир дода, ба мақсади асосии ҳокимият табдил меёбад, иборат мебошад. Тибқи назари олим дастоварди асосии бюрократия ин самранокии баланд ва ё маҳсулнокии фаъолияти хоҷагидорию иқтисодӣ мебошад, камбудии асосӣ бошад, ин рад кардани (ба эътибор нагирифтани) хусусияти ҳолатҳои низоангез ва набудани фасеҳӣ (гиро будани ақл, дастрасӣ) дар ҳолати зарурӣ мебошад.
Мувофиқи ин назариёт бюрократияи олӣ (идеалӣ) асосҳои муҳими зеринро фаро мегирад:
— фаъолияти идоракунӣ доимо амалӣ гардонида мешавад;
— дар дастгоҳи идоракунӣ доираи ҳукмфармоӣ ва салоҳияти ҳар як зина ва фард муқаррар карда мешавад;
— принсипи асосии назоратро аз рӯи воҳидҳои гуногуни дастгоҳи идоракунӣ усули зинабандӣ (иерархӣ) ташаккул медиҳад;
— ҳукмфармо (роҳбар / фард) аз хусусикунонии (вобастакунии) василаҳои идоракунӣ, вазифаи (мансаби) зиёд, ки масъулияти маъмуриро бар душ дорад, дур мегардад;
— фаъолияти идоракунӣ ба касби махсус табдил меёбад;
— низоми омодасозии ҳукмфармоён / роҳбарон амал мекунад;
— дар идоракунӣ принсипи бешахсиятӣ ҳукмфармо мегардад.
1.3 Намудҳои ташкилотҳо
Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташкилёбии намудҳои гуногуни ташкилотҳо ҷараён дорад. Бо мурури замон тартиби таъсиси ташкилотҳо низ дигар шуда истодаанд. Ташкилотҳо ба мисли пешин дар асоси сохтор ва маҷмӯи вазифаҳо ташкил намеёбанд, баракс ҳамчун асос атрофи якчанд ҷараёнҳо ва мақсадҳои махсус таъсис меёбанд. Агар ташкилоти навъи анъанавӣ дар шакли зинабандӣ — аз боло ба поён фаъолиятро ба роҳ мемонд, пас ташкилоти муосир сохтори шабакавиро пеша кардааст. Дар ин ҳолат вазифаҳо ё сарбории идорӣ аз ҳисоби тақсими онҳо байни шабакаҳо ва ё намояндагиҳо кам гардида, имкониятҳо васеъ, даромадҳо зиёд ва самаранокии вақт таъмин карда мешаванд. Ба қатори чунин ташкилотҳо намудҳои зерин хос мебошанд:
— Шабакавӣ — маҷмӯи воҳидҳои мустақили як ташкилот буда, дар асоси муносибатҳои фармоишӣ, зинабандӣ, шартномавӣ ва ҳамоҳангшудаи бозорӣ амал мекунад. Дар ин шакл усулҳои ҳукмфармоӣ пурра амал намекунад. Инчунин ин навъи ташкилот ба се намуд: шабакаи муътадил, шабакаи дохилӣ ва шабакаи динамикӣ ё афзоишёбанда ҷудо мешавад;
— Бисёрченакдор — намуди ташкилоте мебошад, ки аз рӯи се навъи гуногуни меҳнат / воҳид: функсионалӣ ва ё дохилиидоравӣ (хизмати онҳо барои истифода дар дохили идора ё корхона равона мегардад — бахши кадрҳо, муҳосибот, хоҷагӣ, таъминот ва ғ.), маҳсулнокӣ (хизмат ва ё маҳсули хизмати онҳо дар беруни идора ё корхона истифода мегардад — анбор, нуқтаи тақсимотӣ ва ғ.), бозорӣ (маҳсули хизмати онҳо аз рӯи таснифоти муштариён интиқол / таъмин мегардад — намояндагиҳо ва ё воҳидҳои махсус дар дигар минтақаҳо, ки ба таъминот машғул мебошанд) фаъолият мекунад;
— Даврӣ — навъи ташкилоте мебошад, ки идораи он дар асос ва ё бо назардошти иштироки зертобеон ва кормандон ва ё намояндагиҳо дар шакли шӯро, мушовара ва ғайра сурат мегирад;
— Виртуалӣ — ҷамъияти шарикон ё ҳамкороне мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва амалисозии маҳсулот ва хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ машғул мегарданд;
— Соҳибкорӣ — ташкилоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад ва фоидаи молиявӣ ба даст меорад;
— Омӯзишӣ — навъи ташкилотест, ки вобаста ба фармоиши ташкилотҳои дахлдор ба омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳо машғул мебошад.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
— Идоракунӣ чист?
— Шакли идоракунии давлати Ҳахоманишиён чӣ гуна буд?
— Сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералӣ, ки дар низоми идоракунӣ мустақилият ва озодиро пеш гузошта буд, хоси кадом давлати қадимаи тоҷикон буд?
— Асоси усулҳои идоракунии давлатиро тибқи рисолаи «Сиёсатнома» -и Низомулмулк кадом таълимот ташкил медиҳад?
— Саҳми кадом олимон дар рушди идоракунии иҷтимоӣ тибқи принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ назаррас мебошад?
— Назарияи «Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
— Назарияи «Маъмурияти фаъолият» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
— Назарияи «Муносибатҳои инсонӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
— Назарияи «Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
— Назарияи «Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Бюрократия. / Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
— Гостенина В. И. Социология управления: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. — СПб.: Питер, 2013. — 368 с.
— Заходера Б. Н. Сиасет-наме. / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька. // Перевод, в введение в изучение памятника и примечания проф. Б. Н. Заходера. Издательство Академии наук СССР. Москва-Ленинград: 1949. — 192 с.
— Кибернетика. / Тарзи дастрасӣ: http://libanomaly.ru/rInform/8.htm
— Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. — М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. — 300 с.
— Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. — Душанбе: 2006. — 558 с.
— What are the 14 principles of management? Description. [Маводи электронӣ] / Тарзи дастрасӣ: http://www.12manage.com/methods_fayol_14_principles_of_management.html
§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
Идоракунӣ ба маҳорат ва санъати давлатдорӣ робитаи зич дорад. Нахуст давлати тоҷикон дар давраи ҳукмронии Сомониён ташкил ёфта буд, ки аз ҳастӣ ва меросдорони худ бо санъати волои идорӣ, ташаккули адабиёт ва илму ирфон, тамаддунофарӣ ва таъриху фарҳанги ҷовидон ба ҷаҳониён нишонаи возеҳ гузошт.
Давлати тоҷикон баъд аз ҳазору сад соли парешониҳо, ноумедиҳо, зулму ситамгориҳо боз дубора тавлид ёфт. То ин замон, халқу миллати тоҷик зери таҳдид, азобу шиканҷа ва тобеияти халқиятҳо ва давлатҳои гуногуни бегона қарор дошт, мувофиқан аз эҷод ва амалисозии мустақилонаи илму ирфон ва санъати идоракунӣ маҳрум буд.
Акнун, баъди саддаҳо чархи гардун ба сӯи миллати тоҷик боз гашт, аз соли 1991 инҷониб Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди абармард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва машғули идораи мустақили давлатӣ, эҳёи фарҳанг, санъат ва таъриху тамаддуни миллӣ мебошад.
Тадқиқотҳои олимони тоҷик дар самти идоракунӣ
Мутаассифона, новобаста аз пешрафт ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқӣ назарияҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасанд, ба ҷуз кори баъзе аз олимони тоҷик, ки онҳо низ ин самти илму фанро на дар алоҳидагӣ ё самтнок, балки дар ҳошия ва тақвияти дигар фанҳо ва равияҳои илмӣ омӯхтаанд (Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. 2007). Аз ҷумла:
— Алиев З. М. Асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);
— Бобоев Қ. Назарияи сиёсии Низомулмулк (1999);
— Ғаниев Т. Б. Менеҷмент (2004);
— Достиев А. С. Конституция Республики Таджикистан 1994 г.: история разработки, принятия и основные положения (2001);
— Зокиров Г. Истиқлолияти сиёсӣ (2001);
— Маликова А. Х. Организационно-правовые аспекты функции государства по социальной защите престарелых ин инвалидов в Республике Таджикистан (2005);
— Ойев Х. Ҳокимияти иҷроия: тамоили инкишоф ва вазифаҳо (2002);
— Раззоқов Б. Ҳ. Масоили ҳуқуқии идораи минтақа (1997);
— Раҳмонов Э. Тоҷикистон: даҳсолаи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ (2001);
— Расулов Қ. Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ (1999);
— Сафаров И. Д. Эволюция представлений о государстве (2005);
— Ҳакимов А. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ (2005).
Боиси зикр аст, ки олимони тоҷик дар ташаккули илми идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ чанде кӯшишҳо ба харҷ додаанд.
Яке аз олимон Раззоқов Б. Ҳ. ҷанбаҳои ҳуқуқии идоракуниро бисёр васеъ баррасӣ намуда, тавсияҳои зиёде баҳри рушди ин мавзуъ манзур гардонидааст. Тибқи назари ӯ дар фаъолияти меҳнатӣ на танҳо истеҳсолот, чӣ тавре дар сохти анъанавии идоракунӣ бартарӣ дода мешавад, балки хизматрасонӣ, истеъмолот ва гардиши мол, ҳуқуқ, ахлоқ, маданият ва ғайра таъсири баробар доранд ва ба ташаккулёбии шахси комил мусоидат менамоянд. Яке аз назариёти дигари олим дар он аст, ки саҳми технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ хеле ногузир мебошад, зеро истифодаи он шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мусоидат карда, расмиёти маъмуриро соддаву дастрас мегардонад.
Ба ин назар олими дигар Мавлоназаров С. С. низ моил аст, ӯ иброз медорад, ки давлати муосир низоми мураккаби ташкилиро соҳиб мебошад ва устувории он танҳо дар сурати ташкили низоми босифати идоракунӣ метавонад таъмин карда шавад. Дар ин росто консепсияи «ҳукумати электронӣ» метавонад ҳамчун василаи муҳим дар бунёди ҷомеаи иттилоотии шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намояд.
Шосаидов С. Ҳ. нақши низоъро дар идоракунӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бар он назар аст, ки он — низоъ дар як вақт метавонад функсионалӣ буда, барои иҷрои самараноки нақшаҳо ва стратегияҳои корхона мусоидат намояд ва дар дигар вақт дисфункционалӣ — ба паст гардидани қаноатмандии шахсӣ, коҳиш ёфтани ҳамкориҳо дар гуруҳ ва маҳсулнокии корхона оварда расонад.
Масъалаҳои марбут ба дастгирии иҷтимоии кадрҳо дар идоракунии давлатӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши мутахассисони соҳавӣ ва олимону муҳаққиқон пайваста қарор дорад. Бар ин назар ва такя ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиноси соҳа Саидов А. таъсиси институти хизмати давлатиро ба таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ асоснок месозад. Ӯ бар он назар аст, ки омӯзиши хизмати давлатиро мебояд ҳамчун тамоили яклухти иҷтимоӣ ба роҳ монд. Дар ин ҳолат метавон ба ин институти давлатӣ, яъне омодасозии кадрӣ аз мавқеи идоракунӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғайра назар намуд (Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). 2006). Яъне зарур аст, ки пайваста дониш ва малакаи хизматчиёни давлатӣ такмил дода шавад, зеро унсурҳои идоракунӣ танҳо бо кадрҳои болаёқат ва соҳибмалака метавонад таҳким ёбад.
2.3 Давраҳои идоракунӣ
Идоракунии Тоҷикистонро ба ду давра: то истиқлолияти давлатӣ (ва ё дар даврони Шӯравӣ) ва баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷудо кардан мумкин аст
Дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон мақоми давлати мустақилро соҳиб набуд, сохтори идории хоси худро надошта, зери тобеияти собиқ давлати Шӯравӣ дар баробари 14 кишварҳои дигар қарор дошт. Сохти идоракунии давлати Шӯравӣ — Иттифоқи ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) бошад, намуди анъанавии шакли бюрократӣ ва ё авторитарии идоракунӣ буда, кулли қарорҳои хусусияти идоридошта аз ҷониби ҳокимияти марказӣ қабул мегардид. Ҷумҳуриҳои аъзо асосан салоҳияти маҳдуд дошта, чун шохаи иҷроияи ҳокимият фармонҳо ва супоришҳои ҳокимияти марказиро амалӣ мегардониданд.
Барои возеҳ нишон додани масъала баъзе хусусиятҳои сохтори идоракунии давлатии ИҶШС-ро тафсир менамоем. Сохти умумии идорӣ мутлақ ва ё дар шакли муттамарказ бо тарзи амудӣ ба роҳ монда шуда, тамоми муносибатҳо аз Марказ — шаҳри Москваи Федератсияи Россия ибтидо мегирафтанд. ИҶШС асосан аз сохторҳо ва тартибҳои идоракунии зерин иборат буд:
— Идораи маъмурӣ — аз ҷониби Раёсати Шӯрои вазирон пеш бурда мешуд. Дар ҷумҳуриҳои аъзо дар навбати худ, Шӯрои вазирон амал менамуд, аммо дар тобеияти Марказ қарор дошт;
— Идораи сиёсӣ — аз ҷониби котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ идора карда мешуд. ИҶШС сохти яккаҳизбӣ дошта, тамоми масъалаҳои сиёсӣ дар сатҳи Марказ баррасӣ ва қабул мегардиданд;
— Идораи намояндагӣ — аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олӣ (Парламент) ва комиссияҳо идора карда мешуд. Чунин низом дар ҷумҳуриҳо низ амал менамуд, аммо мустақилияти комил надошт;
— Идораи ҳуқуқӣ-назоратӣ — аз ҷониби Шӯрои суди Олӣ, прокуратураҳо, сессияҳои Суди Олӣ пеш бурда мешуд. Идоракунии ин низом низ ба Марказ вобастагӣ дошт;
— Мудофиа — дар тобеияти бевоситаи ҳокимияти марказӣ қарор дошта, нигоҳубин ва банақшагирии хизмати ҳарбӣ аз Марказ ташкил мегардид;
— Иқтисодиёт — маблағгузории Буҷети давлатӣ аз Марказ таъмин мегардид, ҳокимияти маҳаллӣ (кишварҳои аъзо) ҳамасола ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Инчунин, истеҳсолот бо тарзи нақшабандӣ иҷро гардида, қисми зиёди маҳсулоти гаронбаҳо, ба монанди пахта, тилло, нафт, газ, барқ ва ғайра ба ихтиёрдории Марказ вогузор шуда буд (супурда мешуданд);
— Иҷтимоиёт — шароити дахлдори зиндагӣ — то андозае (дар шароити имрӯза «миёна») фароҳам оварда шуда буд, маош, нафақа, идрорпулӣ, кӯмакпулӣ ва ғайра сари вақт таъмин мегардид, шаҳрвандон ба тандурустӣ ва кӯдакон ба таҳсили бепул фаро гирифта шуда буданд;
— Бехатарӣ — бехатарӣ ҳамаҷониба таъмин буд, аммо тансиҳатии шаҳрвандон дар оянда, ки имрӯз дарк мегардад, аз лиҳози экологӣ дар хатар буд — одамон ҳамчун дастгоҳи истеҳсолӣ истифода бурда мешуданд, иштироки онҳо дар меҳнат, қадру эҳтиром ҳамчун шахсият ва ҳифзи комили тандурустӣ ба эътибор гирифта намешуд. Мисол: дар қисми зиёди шаҳру навоҳии Тоҷикистон пахта корида мешуд. Мақсад на беҳдошти вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва осудагии аҳолӣ, балки истеҳсоли пахта ва ғундоштани ҳосили зиёд буд. Ҳамасола барои ҳоисли зиёди пахта ва эмин нигоҳ доштани он аз ҳашароти зараррасон ҳазорҳо тонна доруҳои кимиёӣ дар заминҳои кишт, мутаносибан дар саҳни (болои) хоҷагиҳо-манзилҳои зисти назди заминҳои кишт ва одамон тавассути ҳавопаймоҳои ҳаҷман хурд пош дода мешуд. Боиси зикр аст, ки доруҳо барои несту нобуд кардани ҳашарот равона шуда буданд, яъне дар ин ҷо солимии ҷомеа аҳамияти дуюмдараҷа дошт.
Новобаста аз ин, солҳои 1950-70-ум сохтори идоракунии ИҶШС дар арсаи ҷаҳон бонуфузтарин пазируфта шуда буд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ба монанди Куба, Ҳиндустон, Чилӣ, Хитой ва ғайра сохти идории ИҶШС-ро қабул намуданд. Дар ин солҳо дар ҷаҳон ду кишвар, яке ИҶШС ва дигаре ИМА ҳукмрони мутлақ шинохта шуда буданд. Аввалӣ аз рӯи намуди идоракунии классикии яккаҳокимиятӣ ва дувумӣ аз рӯи намуди либералӣ фаъолият мекарданд. Оғоз аз солҳои 80-90-ум инҷониб сохти идоракунии ИМА муваффақ мегардад ва мавриди омӯзиши олимони ҷаҳон қарор мегирад. Дар баробари ин, қисми зиёди кишварҳо, аз ҷумла собиқ аъзои ИҶШС пурра ба ин сохти идоракунӣ — идораи демократии давлат ва ҷомеа мегузаранд.
Идоракунии давраи муосир аз соли 1991 бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон оғоз мегардад, ки онро метавон ба шаклҳо ва ё сохторҳои зерин ҷудо намуд:
— Идоракунии конститутсионӣ;
— Қонунгузорӣ ва ё намояндагӣ дар идораи давлатӣ (шохаи ҳокимият);
— Ҳокимияти судӣ;
— Ҳокимияти иҷроия;
— Мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар идоракунӣ;
— Ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳар як шакл ва ё шохаи идоракунӣ дар навбати худ, аз низоми ба худ хос ва сохтори мансуб ба унсурҳои демократии идоракунӣ иборат мебошад.
Умуман баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро ва ё тибқи назариёти муҳаққиқон Ҷ. Локк, Б. Спиноз ва Ж. Руссо идоракунии либералиро пеш мегирад.
Чун давлати мустақил асоси фаъолият ва низоми ҳуқуқии идории Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия муқаррар карда шудааст.
2.4. Рукнҳои конститутсионии идоракунӣ
Пеш аз ҳама мебояд зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Мутаносибан илми идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ барои рушду нумӯи сохтори идории кишвар нақш ва саҳми хеле муҳим метавонад гузорад, зеро ҷанбаҳои илмию назариявӣ ва методологии идоракунии иҷтимоӣ пурра зери ин илм фаро гирифта шудаанд.
Тибқи моддаи 27 Конститутсия оварда шудааст, ки: «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар идораи сиёсӣ ва давлатӣ бевосита ва ё бавосита иштирок намояд». Ин меъёр дар навбати худ, ба назарияи олимони шинохтаи Ғарб Элтон Мэйо (1880—1948) оид ба муносибатҳои инсонӣ дар идоракунӣ — иштироки кормандони қаторӣ дар идоракунӣ ва назарияи Абраҳам Маслоу (1908—1970) оид ба талаботи инсонӣ мутобиқ мебошад, ки он шахсро ба эҳсос намудани зарурат ва мақому мавқеи худро дар ҷойи кор водор месозад, то ин ки руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт дар фаъолияти меҳнатӣ талош варзад.
Умуман ҷанбаҳои идоракунии давлатӣ дар моддаҳои 1, 6, 8, 11, 12, 27, 28, 35, 37, 39, 48, 64, 73, 76, 84 ва 93 Конститутсия ба таври возеҳ оварда шудаанд, ки дар поён тафсир дода мешаванд.
Тибқи моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Демократӣ будани давлат ба он асос меёбад, ки принсипҳои идоракунӣ сарбаста (догма) набуда, дар шаклу намудҳои дастрас ва мувофиқ барои одамон пешниҳод карда мешавад.
Шакли идории давлат президентӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷаҳон мамлакатҳо зимни идоракунии тарзи демократӣ ба се намуди сохти идорӣ: президентӣ, парламентӣ ва омехта ҷудо мешаванд. Президентӣ интихоб шудани шакли идории давлат танҳои хусусияти ташкилӣ надошта, он ҳамчун институти муносиб ба имконот ва талаботи ҷомеа, мувофиқ ба урфу одат ва фарҳанги идории миллӣ, имтиҳоншуда, пурмаҳсул, устувор ва муваффақ дар шароити Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо ба халқи Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр возеҳ аён гардид ва ба ин муносибат дар соли 2016 ва охири соли 2015 се ташаббуси наҷиби таърихӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба Сарвари кишвар, зимнан комёбии ин институти идорӣ пеш гирифта шуд: 1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид; 2) тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд; 3) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёр инъикосгари он аст, ки дар идоракунӣ принсипҳои иҷтимоӣ пеш гузошта мешаванд, бахусус эътироф кардани талабот ва имконоти инсон дар истеҳсолот, ки барои рушди рукнҳои гуманистии идоракунӣ ва ташаккули низоми муносиби иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Арзишҳои волои гуманистии давлати Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намудааст. Яъне, ҳокимият ва ҳукмфармоӣ дар Тоҷикистон мутлақ набуда, он бо назардошти мавқеъ ва иштироки фаъоли одамон ба роҳ монда мешавад.
Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба принсипҳои дарҳои кушод, сулҳхоҳона, эътирофи меъёрҳои байналмилалӣ, эътибори манфиатҳои олии халқ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ асос меёбад, ки дар навбати худ, онҳо омилҳои воқеии иҷтимоии демократиро ташкил медиҳанд.
Фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мамлакат озод аст, ҳамчунин ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият бо назардошти моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Бо ин метавон зикр намуд, ки ташаккули заминаҳои иқтисодӣ ва идоракунии он ба ҷомеа дар шакли озод ва бо ҳавасмандсозӣ ва ё сабабнокии фаъол вогузор гардидааст. Ҳар кас метавонад дар як вақт соҳибкор / кордиҳанда, коргар ва дар дигар вақт ба сифати шахси воқеӣ ба фаъолияти мустақили иқтисодӣ машғул гардад, зимнан идораи хусусии худро бо низоми хоси идоракунӣ дошта бошад.
Иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси меъёрҳои демократӣ муайян карда шудааст. Яъне, шахс ҳамчун шаҳрванд имконият дорад, ки на танҳо ба сифати зертобеъ ва амалисозандаи масъулияти шаҳрвандӣ зиндагӣ дошта бошад, ҳамчунин метавонад дар идораи давлатӣ иштирок ва ҳукмфармоӣ намояд. Дар ин ҷо ба инсон дар як вақт, ҳам вазифаи тобеъ-итоаткунанда ҳамчун шаҳрванд ва ҳам мақоми ҳукмфармо дода шудааст, ки идоракунии навъи иҷтимоӣ мебошад.
Ҷанбаҳои иҷтимоии идоракунӣ дар моддаи 35 Конститутсия ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Мутобиқи ин муқаррарот ягон шахс ба меҳнат маҷбур карда намешавад, интихоби касбу кор озод аст, ҳангоми бекорӣ бошад, ҳуқуқи шахс ба ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат таъмин карда мешавад. Ҳамчунин муайян гардидааст, ки барои кори ё шуғли намуд, тарз ва шакли ягонадошта музди баробар дода мешавад. Яъне, дар ин ҷо шахсияти инсон ҳамчун мутахассис ва кордӯст ба эътибор гирифта мешавад, мутаносибан дастмузд дода мешавад — муносибатҳои шахсӣ, наздикӣ ва хотирбинию қадрдонӣ, рӯйхушӣ ва дигар амалҳои номуносиб роҳ дода намешаванд.
Барои барқароркунии руҳӣ ва равонию ҷисмонӣ ба корманд рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат, рухсатии ҳарсолаи пулӣ ва дигар шароитҳои муносиб таъмин карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки шахси корманд бо нерӯи наву тоза баҳри пешрафти корхона / ташкилот адои меҳнат кунад.
Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз се шоха — намояндагӣ ё қонунгузор (Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), иҷроия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат) ва судӣ иборат мебошад, ки ҳар се шохаи ҳокимият дар навбати худ, низоми идоракунии хосро соҳиб буда, дар баррасӣ ва қабули қарорҳои идорӣ мустақил мебошанд.
Дар низоми идоракунии Тоҷикистон дар баробари шохаҳои асосии ҳокимият ҳамчунин низомҳо ва ё сохторҳои нисбатан мустақили идоракунӣ амал мекунанд.
Яке аз чунин низом сохтори идоракунӣ-назоратӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ — прокуратура мебошад, ки роҳбари он-Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул мебошад. Фаъолияти прокуратура мустақилона бидуни дахли шахсони мансабдор ба роҳ монда мешавад. Ин механизми идоракунӣ имкон медиҳад, ки волоияти қонун дар ҷомеа дар фазои нисбатан шаффоф ва адолатнок таъмин карда шавад.
Дигар сохтор, ин Бонки миллии Тоҷикистон, ки бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда муқаррар шудааст. Бонки миллӣ фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд ва масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевоситаи ҳокимияти давлатӣ озод мебошанд ва сохти идоракунии онҳо мустақил ба роҳ монда мешавад.
Қисмати интиҳоии Конститутсия (моддаи 100) бо — Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. — анҷом меёбад, ки шаҳодати бо тамом аз хусусияти идоракунӣ иборат будани онро инъикос менамояд.
2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ
Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Маҷлиси Олӣ (парламент) аз ду Маҷлис (палата): Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.
Нақши асосии Маҷлиси Олӣ ин намояндагии халқ дар назди дастгоҳи давлатӣ мебошад, мувофиқан ҳайати он бо пешбарии халқ ва бо робитаи зич бо шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Маҷлиси Олӣ ва ё маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият дорад:
— Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
— Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
— Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
— Таъини интихоботи Президент;
— Қабули истеъфои Президент;
— Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
— Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
2.5.1 Маҷлиси миллӣ
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олӣ буда, қонунҳои дар палатаи поёнӣ — Маҷлиси намояндагон қабулшударо ҷонибдорӣ мекунад.
Ҳайат ва ё аъзои Маҷлиси миллӣ дар ду шакл ташкил меёбад. Якум, — қисми зиёди аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим ва ё ба воситаи маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар якҷоягӣ) интихоб мегарданд. Дуюм, — аз чор як ҳиссаи (1/4) узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд.
Маҷлиси миллӣ салоҳияти зеринро соҳиб мебошад:
— Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;
— Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
— Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
— Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ.
2.5.2 Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳайат ва ё вакилони Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ (раъйпурсӣ) аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегарданд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30 расида бошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад тибқи тартиби муқарраргардида вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
Маҷлиси намояндагон — палатаи поёнии Парламент ба салоҳияти зерин соҳиб мебошад:
— Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
— Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
— Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
— Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
— Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
— Таъини раъйпурсӣ;
— Таъсиси судҳо;
— Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
— Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
— Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони ӯ;
— Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
— Муайян намудани маоши Президент.
Сохтори идоракунии Маҷлиси намояндагон иборат гардидааст аз:
— Раёсат — Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҳисоби вакилони халқӣ ташкил дода мешавад;
— Шӯро — аъзои он ҳайати Раёсат ва раисони кумитаҳо ва комиссияҳо аз ҳисоби вакилон мебошад;
— Кумитаҳо ва комиссияҳо (9 адад) — аз рӯи соҳаҳо ташкил ёфта, бо назардошти касбият вакилонро ҷалб месозанд, инчунин ба сифати ёрирасон дар сохтори онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд;
— Фраксия ва гуруҳҳои вакилон — аз рӯи аъзогии вакилон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб ташкил карда мешавад. Мисол: Фраксияи ҲХДТ, Гуруҳи вакилони беҳизб;
— Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон — аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари вакилон шароитҳои зарурии корӣ ва техникию маиширо фароҳам меорад.
Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони он дар се самтҳои зерин фаъолият мекунанд:
— Қонунгузорӣ — вакилон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро соҳиб мебошанд, мувофиқан мунтазам бо ҷалби олимону коршиносон (ҳангоми зарурат) таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, лоиҳаи қонунҳоро баҳри беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва қабул менамоянд. Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Маҷлис воридгардидаро баррасӣ ва қабул менамоянд;
— Намояндагӣ — вакил интихобкунандагони худро (шаҳрвандонро) дар Маҷлис намояндагӣ мекунад, дархосту муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро (қонеъ гардонидани талаботҳоро) таъмин менамояд. Инчунин, ҳар сол 2—3 маротиба бевосита бо интихобкунандагон дар маҳалҳои зист мулоқотҳо доир намуда, бобати шароити зисту зиндагонӣ ва пешрафт дар ҳаёти сисёсию иҷтимоии кишвар гуфтушунид доир менамояд;
— Робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ — тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳо вакил бо ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо ба роҳ мемонад ва бо кишварҳои хориҷ дар доираи фаъолият — узвият дар гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, ки асоси идораи ҳокмияти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд тавассути Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ баррасӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.
Сохтори судӣ дар идораи давлатӣ
Яке аз се шохаи ҳокимияти давлатиро мақомоти суд ташкил медиҳад.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Дахолат ба фаъолияти судҳо манъ аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз мегардад.
Сохтори судӣ аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе иборат мебошад.
Суди конститутсионӣ салоҳият дорад, ки 1) мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаро дар таносубнокӣ ба Конститутсия муайян намояд ва 2) баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал намояд.
Сохтори иҷроияи идораи давлатӣ
Шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатиро Перзидент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ташкил медиҳад. Президент ҳамзамон Раиси Ҳукумат мебошад, ки устувории ин шохаро ташкил медиҳад. Мантиқан чунин ҳам бояд бошад, зеро амалисозии сиёсат ва натиҷагирии он асосан ба зиммаи ҳокимияти иҷроия вогузор мебошад, мувофиқан масъулияти ин шохаи ҳокимият дар назди ҷомеа ва халқ бештар аст.
Ҳокимияти иҷроияи давлатиро метавон аз рӯи шакли ташкилии ҳуқуқӣ, соҳа ва ҳудуди фаъолият, тобеият ва ғайра ҷудо намуд. Ҳамзамон, ҳокимияти иҷроия аз рӯи шаклҳои муайянгардида ба зинаи маъмурӣ, марказӣ, маҳаллӣ ва худидора ҷудо мегардад.
Зинаи маъмуриро бо назардошти идораи умури давлат ва сиёсати пешгирифта Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад, чунки тамоми фармону супоришҳо ва амру қарорҳои идорӣ маҳз аз ҳамин институтҳо манша гирифта, дар дигар зинаҳо, аз ҷумла марказӣ ва маҳаллӣ табиқ карда мешаванд.
Зинаи марказӣ фаъолияти вазорату идораҳои гуногунро аз рӯи соҳаҳои муайян фаро мегирад. Сиёсати давлат аз рӯи соҳаҳо маҳз дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор коркард гардида, сипас барои татбиқ ба сохторҳои махсуси ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ / вилоятӣ ва маҳаллӣ равона мегардад.
Зинаи маҳаллии идораи давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият — воҳидҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил дода, фаъолиятро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳудуди муайяни худ пеш мебаранд.
Зинаи худидоракунии маҳаллиро Ҷамоат ташкил медиҳад, ки он дар ҳудуди муайян аз ҳисоби деҳаҳо, кӯчаҳо, қитъаҳо ва ғайра ташкил ёфта, татбиқкунандаи сисёсати давлат дар ҳудуди худ маҳсуб мегардад.
2.8 Президент
Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад
Тибқи Конститутсия (моддаи 64): «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.». Яъне, масъулияти Президент дар назди ҷомеа ва давлат хеле зиёд буда, тамоми бурду бохт ва пастию баландӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ӯ вобаста карда мешавад.
Президент ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегардад. Ҳар як шаҳрванде, ки синну соли ӯ ба 30 расидааст, забони давлатиро медонад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Мутобиқи Конститутсия Президент салоҳият дорад (моддаи 69):
— Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад;
— Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунад;
— Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам диҳад;
— Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод кунад; Фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод кунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешиҳод намояд;
— Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор кунад ва ё боз дорад;
— Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намояд;
— Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад;
— Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис диҳад;
— Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ кунад;
— Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод кунад;
— Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин кунад;
— Ба қонунҳо имзо гузорад;
— Низоми пулиро муайян намояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ бошад;
— Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ кунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
— Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод кунад;
— Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул намояд;
— Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошад; Фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод кунад;
— Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон намояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад;
— Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода барад;
— Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар диҳад;
— Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал кунад;
— Паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад;
— Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал кунад;
— Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз гардонад;
— Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонад;
— Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ намояд.
2.9 Ҳукумат
Сохтори идории Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар сохтори Ҳукумат ва назди Президент идораҳо ва агентиҳо фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом дар соҳаи алоҳида сиёсати муайянгардидаро татбиқ менамоянд.
Ҳукумат қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва ҳарду аплатаро дар алоҳидагӣ ва фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро татбиқ менамояд. Яъне амалисозии санадҳо ва сиёсати муқарраргардида ба зиммаи Ҳукумат вогузор мебошад.
Фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо ва ташкили Буҷети давлатиро дар мувофиқа бо Маҷлиси Олӣ ва (роҳбарӣ бо) Президент ба амал мебарорад.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ
Идораи давлатӣ дар маҳал чун дар сатҳи ҷумҳурӣ аз мақомоти иҷроия ва намояндагӣ иборат мебошад.
Масъулияти асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ аз иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагиро чӣ тавре дар боло ишора гардид, Маҷлиси вакилони халқи маҳал (вилоят, шаҳр, ноҳия, Ҷамоат) ташкил медиҳад. Вакилони Маҷлиси вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон-истиқоматкунандагони ҳудуди муайян интихоб карда мешаванд.
Салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқ тибқи Конститутсия аз тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он, муайян кардани роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, муқаррар намудани андоз ва пардохти маҳаллӣ мувофиқи қонунгузории дахлдор, дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ ва амалӣ сохтани ваколатҳои дигар иборат мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар вилоят -раиси вилоят, дар шаҳр-раиси шаҳр ва дар ноҳия-раиси ноҳия идора (роҳбарӣ) менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ду сохтор: дастгоҳ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад. Дастгоҳи мақомот дар як вақт дастгоҳи раиси вилоят / шаҳр / ноҳияро ташкил дода, ҳайати он аз ҷониби худи раис таъин мегардад. Сохтори ҷумҳуриявии мақомот бошад, ҳамчун намояндаи соҳаҳои муайян (вазорату идораҳо) дар маҳал сиёсати соҳавиро татбиқ месозад, мувофиқан ташкили ҳайати он дар салоҳияти вазорату идораҳо бо мувофиқаи иақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.
Ин сохторҳоро ҳамчунин сохтори идоракунии тарзи амудӣ ва уфуқӣ низ меноманд, ки уфуқӣ — амалҳоро дар худи маҳал ва амудӣ аз ҷумҳурӣ ба маҳал ва ё аз боло ба поён ифода мекунанд.
Боиси зикр аст, ки дар шароити муосири ҷомеа сохтори идоракунии омехта низ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин сурат нисбат ба мақомоти болоӣ (вазорату идораҳо) усулҳои ҳамоҳангсозӣ на супоришӣ истифода мегарданд. Буҷет ва ё маблағгузории фаъолият бошад, асосан аз ҳисоби манбаҳо ва салоҳдиди маҳаллӣ ташкил меёбад. Дар ин тарзи идоракунӣ сохти уфуқии идоракунӣ бартарият пайдо мекунад.
Мисол: дар ҷумҳурӣ ҳар ду навъи идоракуниро дар фаъолияти соҳаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ метавон баррасӣ намуд — соҳаи кор бо занон ва оила тибқи сохтори уфуқӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мувофиқи сохтори амудии идоракунӣ амал менамоянд.
Соҳаи кор бо занон ва оила танҳо ваколати пешбурди сиёсат ва ҳамоҳангии сохтори маҳаллиро дошта, ба ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳа дахл карда наметавонад. Яъне, ваколати боқимондаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
Аммо сохтори ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баробари пешбурди сиёсат ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳаро ташкил карда, мувофиқан ваколат ва василаҳои зиёди идоракуниро соҳиб мебошад.
Ин ҳар ду сохтори идоракунӣ ба худ бартариятҳои хос доранд, аммо айни замон сифат ва маҳсулнокии кор/фаъолият дар сохти амудии идоракунӣ, яъне соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар ба назар мерасад.
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ
Дигар сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад, ки он Ҷамоат ном бурда мешавад.
Дар асл фаъолияти идоракуниро агар аз поён ба боло инъикос намоем, пас он маҳз аз ҳамин мақомот манша мегирад (ниг. ба расми поён).
Мувофиқи қонунгузорӣ мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ аз ҷониби истиқоматкунандагон маҳаллаҳо дар шакли Ҷамоат (ба монанди Шӯро ё Маҷлис) интихоб мешавад. Ин тартиб бо роҳи пешбарӣ ва интихоби номзадҳои муносиб аз ҳар як маҳалла/кӯча дар алоҳидагӣ сурат мегирад. Раис ва Дастгоҳи Ҷамоат дар навбати худ, аз ҷониби вакилони Ҷамоат интихоб мегарданд. Тамоми шаклҳои ҳуқуқӣ, идорӣ, молиявӣ ва ташкилии фаъолияти Ҷамоат аз ҷониби вакилон муайян мегардад.
Яъне, сохтори Ҷамоат дар муқоиса ба сохтори идоракунии ноҳия, шаҳр ва ё вилоят нисбатан мустақил мебошад. Вале, айни замон ин низоми идоракунӣ каме нуқсон дошта, он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳукмфармоӣ мегардад.
Ҷадвали 2
2.10 Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар сохтори идоракунӣ
Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқро бо назардошти хусусияти амалӣ доштани фаъолияташон ба шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавон мансуб намуд, гарчанде қисми муайяни онҳо дар пешбурди рисолати худ мустақил мебошанд.
Кормандон ва ё хизматчиёни мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошанд ва ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Яъне, фаъолияти ин мақомоти асосан аз таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар байни ҷомеа, мудофиа, ҳифзи марзу бум ва умуман фароҳам овардани шароити бехатари зиндагӣ барои шаҳрвандон ва давлат иборат мебошад. Аз ин рӯ, корманди мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонад дар як вақт ҳам масъули назорат ва ҳам иҷрои амалҳо дар ҷомеа бошанд, зеро ин ду самти гуногуни фаъолият буда, якҷоя кардани онҳо бархурди манфиатҳоро ба вуҷуд меорад, мувофиқан таъсири он ба камсифатии фаъолият ва зифии низоми идоракунӣ ва дар ниҳоят оқибатҳои фалокатовар (шикастовар) метавонад боис гардад.
Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ ба сохторҳои зерини идоракунӣ ҷудо мешавад:
— Прокуратура — риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Прокуратура дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳаҳои ҳарбӣ ва нақлиёт намояндагӣ дорад ва вазифаҳои асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат мебошад;
— Мақомоти дохилӣ (милитсия) — таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо. Милитсия ва ё соҳаи корҳои дохилӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори гуногуншакли худро дорад;
— Амнияти миллӣ — амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамояд. Амнияти миллӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори худро дорад ва дар доираи вазифаҳои муқарраргардида амал менамояд;
— Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (фасод) — масъули назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи самарабахши маблағҳо ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд мебошад. Мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунад. Ҳамчунин дар ҳамин самт, аз ҷумла аудити мустақили беруна оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ ва такмили он дар ҷумҳурӣ Палатаи ҳисоб фаъолият мекунад, аммо ин воҳид мақоми ҳифзи ҳуқуқ набуда, вазифаи он аз баҳодиҳии тарзи истифодабарии моликияти давлатӣ ва пешниҳоди хулосаҳои мувофиқ иборат мебошад;
— Мудофиа — системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст. Дар таъмини мудофиа воситаҳои муборизаи мусаллаҳонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб (истифода) карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд. Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2.11 Ҷомеаи шаҳрвандӣ
Чун дигар мамлакатҳои демократӣ Тоҷикистон иштироки васеи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар идоракунии давлатӣ ҷалб намудааст
Сотсиологияи идоракунӣ маҳз бо иштироки одамон дар идоракунии давлат / корхона тавассути иттиҳодияҳои хеш асос меёбад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, ки давлатӣ иҷтимоӣ мебошад, ин принсип — иштироки фаъоли одамон дар идоракунӣ метавонад муваффақиятҳои беназир ба даст биёрад.
Дар ҳамин мавзуъ яке аз олимони шинохта Элтон Мэйо бар он назар аст, ки ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷояи меҳнатӣ бартарият дода шавад. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ гарданд. Мисол: фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурияти ташкилот арзиши баланд дорад.
Ин назария дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи анъанавии даврони Шӯравӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар симои Федератсияи иттифоқҳои касаба, иттҳодияҳои ҷамъиятӣ, диннӣ ва фарҳангӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳои гуногуни татбиқкунандаи манфиатҳои одамон ва гуруҳҳои онҳо роҳандозӣ карда шудааст.
Яке аз нуқтаҳо ва ё имкониятҳои муҳими фароҳамгардида ин иштироки иттиҳодияҳои мустақили ҷамъиятӣ / одамон дар идораи сиёсии кишвар мебошад. Ин муносибат ба таври васеъ дар қонунгузории ҷумҳурӣ оварда шудааст. Аз ҷумла, дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон имконият дода шудааст, ки номзадҳои хешро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон пешбарӣ намоянд.
Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои демократии идорӣ сохти идоракунии бисёрҳизбӣ дошта, ғояҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои одамонро дар ташкили ниҳодҳои мустақили сиёсӣ дастгирӣ менамояд, зимнан гуруҳи муайяни одамон имкон доранд, ки бо ташкили ҳизби сиёсӣ дар идораи сиёсии давлат иштирок намоянд.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз ниҳодҳои муҳими ҷамъиятӣ, ки манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ҷмаъиятиро дар алоҳидагӣ муаррифӣ менамояд ва пеш мебарад, ин Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон — мақоми намояндагӣ, экспертию машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, иштирокчиёни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро, ки мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи хеш амал мекунад, муттаҳид месозад. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 9 марти соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ: таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо; амалӣ намудани хулосаҳои экспертӣ, таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсию иқтисодии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он ррӯй медиҳад; таҳияаи барномаҳо, консепсия ва пешниҳодоте, ки барои ноил шудан ба сулҳу ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон равона карда шудаанд; ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокчиёни Аҳднома ва дигар тарафҳои манфиатдор дар татбиқи Аҳдномаи ризоияти ҷомеа, мебошад. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иттифоқи касаба — ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд. Иттифоқҳои касаба ба таври муттамарказ дар сохтори тамоми ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқию сохторӣ, аз ҷумла институтҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ҳифз мекунад ва пеш мебарад.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ — тибқи қонунгузорӣ иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои муайян муттаҳид гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2400 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муттаҳидкунандаи одамон дар татбиқи ҳадафҳои муайяни хеш амал менамоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъруф ва машҳури Тоҷикистон бо номи Иттифоқи журналистон, Иттифоқи ҷавонон, Иттифоқи расомон, Ассотсиатсияи волонтёрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон ва ғайра шинохта мебошанд, ки ҳар кадом дар маҳалҳо намояндагиҳо ва аъзои зиёди худро доранд.
Ҳизби сиёсӣ — тибқи қонунгузорӣ идтиҳодяи ҷамъиятие, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Айни замон дар Тоҷикистон 7 ҳизбҳои сиёсии зерин фаъолият мекунанд:
— Ҳизби демократии Тоҷикистон — 10 августи соли 1990 ташкил ёфтааст;
— Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон — 10 декабри соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар айни замон ҳизби пешбар буда, онро Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд;
— Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст;
— Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон — 18 марти 1998 ташкил ёфтааст;
— Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — 4 сентябри соли 1991 ташкил ёфтааст;
— Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — аз соли 2005 фаъолият менамояд;
— Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 15 ноябри соли 2005 ба қайд гирифта шудааст.
2.12 Мактаби идоракунӣ дар Тоҷикистон
Чӣ тавре дар боло зикр гардид, дар айни замон идоракунӣ заминаи илмии устувори худро дар Тоҷикистон ташаккул надодааст. Шумораи ками олимон ва муҳақиқон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ доранд. Аммо дар сатҳи сиёсати давлатӣ масъалаи мазкур бо роҳи ташкили институтҳои идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ заминаҳои муайяни худро пайдо кардааст.
Дар кишвар дар ин самт мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2003, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад. Бо ҳамин метавон гуфт, ки институти идоракунӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ташаккулёбии бонизом шуруъ мекунад.
Дар баробари ин, дар заминаи вазорату идораҳо бобати ташкили тадқиқотҳои илмию амалӣ ва методологии соҳавӣ, ташаккули низоми идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ институтҳои миллии тадқиқотӣ амал мекунанд. Мисол: Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии акушер-генекологӣ, Институти такмили ихтисоси кормандони адлия, Институти такмили ихтисоси кормандони омӯзгорӣ ва ғайра. Яъне, новобаста аз мавҷуд будани низоми умумҷумҳуриявии омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои идоракунанада дар кишвар соҳаҳо дар алоҳидагӣ ташкили институтҳои идоракунии ва омодасозии кадрии худро иқдом кардаанд.
Аммо барои рушди соҳаи идоракунӣ, бахусус илми идоракунӣ зарур буд, ки низоми миллии илмию тадқиқотӣ ва амалию методологии идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ ташкил ёбад.
Бо ҳамин мақсад соли 2003 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад ва соли 2013, яъне пас аз 10 соли фаъолият ва аз худ кардани таҷриба он ба шахси ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар шакли нав ва мустақил — Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад. Инро метавон марҳилаи дуюми ташаккулёбии институти идоракунӣ дар Тоҷикистон номид.
Акнун Донишкада дар воқеъ мактаби таълимию илмии идоракуниро ташкил медиҳад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.
Донишкада дар сохтори худ дар баробари дигар воҳидҳо кафедраҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии иқтисодиёт ва молия ва илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро муқаррар кардааст, ки дар ташаккул ва рушди илми идоракунӣ ва таҳкими низоми идораи давлатии кишвар метавонанд саҳми муносиб гузоранд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
— Тоҷикистон кай низоми идоракунии мустақили худро ташкил дод?
— Назарияҳои илмию тадқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ мебошад?
— Дар даврони ҳукмронии ИҶШС низоми идоракунии Тоҷикистон чӣ гуна буд?
— Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба кадом принсипҳо асос меёбад?
— Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз чанд шохаи ҳокимият иборат мебошад?
— Низоми прокуратура дар Тоҷикистон сохтори идоракунӣ аст ва ё шохаи ҳокимият?
— Сохти идории Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом институт ташкил медиҳад?
— Сохтори идории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
— Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идоракунии давлатӣ чӣ рабт дорад?
— Ҳамчун мактаби таълимию илмии идоракунии Тоҷикистонро кадом муассиса муаррифӣ менамояд?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР САРЧАШМАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 қисми 2, мод.344
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, мод. 300
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №5, мод. 363; соли 2008, №3, мод. 202; соли 2010, №7, мод. 554; соли 2013, №3, мод.202
— Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №7—8, мод.611
— Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №9, мод. 238; соли 2005, №12, мод.626.
— Дар бораи донишкадаи мо. [Маводи электронӣ]. / Тарзи дастрасӣ: http://did.tj/index.php?newsid=155
— Иерархия власти в СССР и их пространственная структура. / Тарзи дастрасӣ: http://www.libertarium.ru/l_knig_ier
— Қодиров Д. С. Марҳилаҳои ташаккулёбии илми идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). — Душанбе: Шарқт озод, 2015. — С. 62—71
— Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
— Мавлоназаров С. С. Самарабахшии технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). — Душанбе: Шарқи озод, 2015. — С.153—158
— Политические партии Таджикистана. / Тарзи дастрасӣ: http://www.quickiwiki.com/ru/
— Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. — Душанбе: «Ирфон». 2007.-236 с.
— Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). — Душанбе: «Шарқи озод», 2006. — 128 с.
— Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. — М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. — 300 с.
— Шосаидов С. Ҳ. Идоракунии низоъҳо дар корхонаҳо: тавсифи умумӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). — Душанбе: Шарқи озод, 2015. — С.39—49
— Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши он дар муттаҳид кардани ҷомеаи Тоҷкикстон. / Тарзи дастрасӣ: http://www.shuro.tj/
§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
3.1 Мафҳумҳо ва мақсади сотсиологияи идоракунӣ
Сотсиологияи идоракунӣ чун дигар илмҳо мавзуъ, мақсад ва вазифаҳои хоси худро соҳиб мебошад.
Мавзӯи илм ин маҷмӯи мафҳумҳое мебошад, ки ба воситаи онҳо ҳақиқати воқеӣ (объективӣ) тавсиф карда мешавад. Зимнан, сотсиологияи идоракунӣ соҳаи муносибатҳои идоракунии дар ҷамъият дар ҳар давраи муайяни таърихӣ пайдошударо меомӯзад.
Умуман илми идоракунӣ васеъ буда, он аз ҷониби соҳаҳои гуногун, ба монанди равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, педагогӣ, иқтисодӣ ва ғайра ба таври муназзам омӯхта мешавад. Аммо ин ҷо ин илм дар шакли маҳдуд, яъне қисмати иҷтимоии он дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳангоми таҳлил, баррасӣ ва омӯзиши он соҳаҳои дигари идоракунӣ дахл карда намешаванд, зеро ҷамъият, ки объекти асосии сотсиология мебошад, фарогирандаи кулли соҳаҳои идоракунӣ арзёбӣ мегардад.
Ба омӯзиши идоракунӣ олимони зиёд саҳм доранд, аммо яке аз муваффақтаринҳо дар ин самт М. Вебер мебошад, ки назариёти ӯ ба ҷараёни низоми идоракунии имрӯза низ муносиб арзёбӣ мегардад. Мувофиқи назариёти М. Вебер оид ба ҷудокунии нақши бюрократия дар сохтори идоракунӣ истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои фаъолияти гуруҳӣ ва рушди низоми қоидаҳои бешахсиятӣ (таъсир надоштани шахсият) дар дохили ташкилот, ки ба идоракунии ҳокимият дар шакли иерархӣ (зинабандӣ) асос меёбад, тавсия гардидааст.
Дар инҷо шахсият манфиатҳои инсонро, ки новобаста аз масъулияти мансабӣ ва ё хизматӣ (нисбат ба ҷомеа ва давлат) ба нафъи худ ва ё баҳри қонеъ гардонидани талаботи бевоситаи худ равона мегардад ифода мекунад.
Бар ин мавзуъ назари муҳаққиқ бар он асос меёбад, ки аз як тараф хадамоти давлатии бюрократӣ тартиботи босамарро дар ҷомеа таъмин менамояд, аз тарафи дигар «ҳокимияти болоӣ» дар идоракунии ҷамъиятӣ шабеҳи «яккасардорӣ» мебошад. Ин усул хоси идоракунии сохти маъмурӣ мебошад, ки дар он мутахассисон ва ё хизматчиёни давлатӣ аз рӯи принсипи тақсимоти қатъӣ ва иерархияи вазифаҳо амал мекунанд. Мувофиқан хизматчиёни давлатӣ дар сохтори бюрократӣ манфиатҳои хоси худро иборат аз ду гуруҳ: умумӣ ва шахсӣ соҳиб мебошанд; манфиатҳои умумии онҳо манфиатҳои ҳокимият ташкил медиҳанд, аммо манфиатҳои шахсӣ фарогири нафъи худи онҳо (хусусӣ) мебошанд. Чуноне дар ҳаёти имрӯза низ мушоҳида мегардад дар бисёр ҳолатҳо, бахусус ҳангоми аз назорат (аз ҷониби мақомоти болоӣ) дур мондан манфиати шахсии инсон / маъмур аз манфиати умумӣ (ҳукумат, ҷомеа) пеш гузошта мешавад. Маҳз ҳамин заифии сохтори бюрократӣ (камназоратӣ) боиси пайдо шудани коррупсия ва норозигии ҷамъият нисбат ба ҳокимияти давлатӣ мегардад.
Новобаста аз ин, тибқи назари Вебер маҳз намуди бюрократии ташкилоти маъмурӣ навъи идоракунии беҳтарин мебошад, зеро он — идоракунии маъмурӣ метавонад дақиқият, устуворӣ, тартибот ва боэътимодиро дар муносибатҳои идоракунӣ таъмин созад ва қобили бадастории сифати олӣ бошад. Аммо намуди дигари идоракунӣ — идоракунии оммавӣ / ҷамъиятӣ, ки танҳо ба ташкили ҷамъияти касбиён (коршиносон), ки дониши васеро дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз рӯи сохторҳо, ваколатҳо ва сатҳҳои гуногуни иҷро фаро мегирад, қобил мебошад. Ин шакли ҳамгироии маъмурие мебошад, ки ба худ ҳам «сиёсатмадорон» ва ҳам «маъмурон» -ро шомил мегардонад. Ба ин намуди ташкилот ва ё идоракунӣ дар Тоҷикистон фаъолияти Иттифоқи журналистон, Иттифоқи матлубот, Иттифоқи нависандагон, Иттиҳодияи корфармоён, Шӯрои миллии ҷамъиятӣ ва ғайра мисол шуда метавонад.
Дар мавазуи идоракунии ҷомеа, бахусус принсипҳои либералӣ ва демократии идоракунӣ саҳми муҳаққиқон, аз қабили Руссо Ж., Локк Д. Ж., Спиноз Б. ва дигарон хеле зиёд аст.
К. Маркс ва Ф. Энгелс низ дар ташаккули консепсияи идоракунии ҷамъият саҳми босазо гузоштаанд, чуноне дар яке рисолаҳои худ овардаанд: «Омилҳои бошууронаи идоракунӣ дар фаъолияти мақсадноки одамон, таъсиррасонии институтҳои ҷамъиятӣ, амали ташкилотҳои таъминкунандаи тартибот ва озодии нисбӣ аз ҳолатҳо, бедодӣ, фалокат ифода меёбад».
Ҳар як ташкилот хоҳ хурд хоҳ бузург фаъолияти худро ба иҷрои якчанд вазифаҳои муайян равона месозад. Ба вуҷуд омадани хирқи (феномени) иҷтимоии махсус — идоракунӣ, ба пайдо шудани фардҳои алоҳида ва гуруҳҳои машғули фаъолияти идоракунӣ боис мегардад. Идоракунӣ намуди фаъолиятест, ки вазифаи он роҳбарии одамон ва ё низоми муносибатҳои намуди иерархияи (зинабандии) иҷтимоии фарогирандаи назорат, ҳокимият, мартаба, мақом ва нақш мебошад.
Дар илми муосир идоракунӣ соҳаи дониш ва намуди фаъолиятест, ки ба 4 амалҳо ва ё вазифаҳо: банақшагирӣ, ташкилӣ, сабабнокӣ (ҳавасмандгардонӣ) ва назорат асос меёбад.
Сотсиологияи идоракунӣ — илми ҳудудӣ буда, дар сарҳади ду фанҳои мустақил сотсиология ва идоракунӣ пайдо шудааст. Сотсиологияи идоракунӣ ҷараёни ташаккулёбӣ, амалкунӣ ва рушди соҳаи муайяни фаъолияти ҳаёти ҷамъиятиро баррасӣ намуда, механизми муносибатҳо ва тағйиротҳои иҷтимоӣ, қонунияти амалҳо ва рафторҳои иҷтимоиро дар раванди идоракунӣ меомӯзад.
Дар инкишофи сотсиологияи идоракунӣ хизмати муҳаққиқони назарияшинос ва амалия Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Г. Форд, Г. Эмерсон, Э. Мэйо, Р. Мертон ва дигарҳо назаррас мебошад.
Хусусияти хоси сотсиологияи идоракунро ҳамчун назарияи сотсиологияи алоҳида (махсус), инчунин объект ва предмети он метавон ба мақсадҳои зерин ифода намуд.
Якум, — яке аз масъалаҳои муҳими сотсиологияи идоракунӣ ин омӯзиши омилҳои воқеие мебошад, ки мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ ва фаъолияти доиморушдёбандаи идоракуниро ташкил медиҳад. Омӯзиши омилҳое, ки дар он хусусиятҳои амалҳои мутақобилаи он шахсоне изҳор мегардад, ки: идоракунии ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоиро ба уҳда доранд — идоракунандагон; ва ё (шахсоне ки) дар мақоми роҳбарикунанда шомил намебошанд ва дар фаъолияти идоракунӣ иштирок намекунанд ва (мутаносибан) маҷбур ҳастанд, ки тобеи дигарон (роҳбарон) бошанд, амр, фармон ва дастурҳои онҳоро иҷро намоянд — идорашавандагон.
Дуюм, — сотсиологияи идоракунӣ аз байни омилҳои зиёди воқеӣ ва гуногунишакли ҷамъгардидаи мансуб ба фаъолияти идоракунӣ муҳимтарини онҳоро ҷудо мекунад ва бо ҳамин восита: раванди рушдёбии ҷараёнҳои идоракуниро; тағйирёбии вобастаи ин омилҳоро аз тағйирёбии шароитҳои фаъолияти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии одамон; инкишофи гуруҳҳо, ҷамъиятҳо ва дар умум ҷомеаро муайян менамояд.
Сеюм, — вазифаи сотсиологияи идоракунӣ иборат аст: аз эзоҳ (шарҳ) додани зарурати дар низом ва сохтори фаъолияти идоракунӣ ба вуҷуд омадани ин ё он навовариҳо ва усулҳои муносиб ва нави амалии татбиқи онҳо (дар ҷараёнҳои идоракунӣ) бо назардошти шароити мувофиқ.
Дар баробари ин, агар муайян кардани тамоюли рушди фаъолияти идоракунӣ, баҳогузории аҳамиятнокии он, зарурати назарияҳои нави идоракунӣ, асоснокӣ ва самаранокии онҳо, имкониятҳои татбиқи ин назарияҳо дар ояндаи начадон наздик ва ё дур имконпазир гардад, пас ин маънои онро дорад, ки сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як масъалаи дигарро (чаҳорум) -ро ҳал намояд.
3.2 Вазифаҳои асосии сотсиологияи идоракунӣ
Гуруҳбандӣ намудани масъалаҳои сотсиологияи идоракунӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои асосии он иборат аз 4 гуруҳҳои зерин муайян карда шаванд:
— Маърифатӣ — таҳлилу омӯзиши хусусиятҳои асосии идоракунӣ ҳамчун соҳаи махсуси фаъолияти меҳнатӣ, муайян кардани нақш ва аҳамиятнокии идоракунӣ дар рушди ҷамъият ва зерсохторҳои он, ташкилотҳо, гуруҳҳо ва ғайра;
— Баҳодиҳӣ — баҳогузории сатҳ ва ё андозаи мувофиқат кардани (ё ин ки баракс мувофиқат накардани) сохти ҷории низоми идоракунӣ ба тамоюлҳои ҷамъият, интизориҳои иҷтимоӣ, талабот ва манфиатҳои қисми зиёди аҳолӣ; дарёфти посух ба саволҳои хусусиятнок, ба монанди низоми идоракунӣ демократӣ аст ё авторитарӣ; ташаббусҳои шахсони алоҳида, гуруҳҳо ва ҷамъиятҳоро рушд медиҳад ё ин ки маҳдуд мекунад?. Ҳамчунин, ин вазифа имконият медиҳад, ки аз байни омилҳои бисёр ва гуногунҷанбаи идоракунӣ беҳтаринҳо ва муносибтарини онҳо ба шароити дахлдор ҷудо карда шаванд, зимнан равандҳои рушди ҷараёни идоракунӣ ва вобастагии онҳо ба тағйирёбии сохторҳои ҷамъият, гуруҳҳои алоҳида ва одамон муайян карда шаванд;
— Пешгӯӣ ва пешбинӣ — барои муайян кардани муҳимтарин тағйиротҳои эҳтимолии наздик ва ё дур дар фаъолияти идоракунӣ равона шудааст. Ин вазифа яке аз василаҳое мебошад, ки дар ташкил ва таъмини самаранокии ҷараёнҳои идоракунӣ ба сифати сипари муҳофизатӣ ва кафолатнок истифода карда мешавад;
— Таълимӣ (омӯзишӣ) — аз худ кардан ва такмили дониш, маҳорат ва малака оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ. Ин вазифа асосан хусусияти мунтазамӣ дорад, аммо бо тақозои ҷомеаи муосир он ҳангоми зарурат бар асоси аҳамиятнокии консепсияҳо ва равандҳои муайяни идоракунӣ; ташаккул, таҳким ва пешбинии инкишофи онҳо дар оянда ба амал бароварда мешаванд.
Дар баробари ин, сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як вазифаи муҳими дигареро иҷро намояд — (5) мусаллаҳ гардонидани кадрҳои идоракунӣ бо усулҳои нав, технологияҳои идоракунӣ ва бо ин васила дар ҷамъият ҳамчун воситаи амалии такмилдиҳандаи низоми идоракунӣ метавонад нақш гузорад.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои сотсиологияи идоракунӣ дар маҷмуъ механизм ва ё муҳаррикеро ташкил медиҳад, ки тақозои замони муосир буда, бар асоси принсипҳои демократии идоракунӣ — боло гузоштани қимат ва нуфузи инсон ташаккул ёфта, танҳо истифодаи бомароми онҳо низоми устувор ва рушдёбандаи идоракунии ҳар як ташкилот, гуруҳҳо ва ҷамъиятҳоро метавонад таъмин созад.
3.3 Объект ва предмети сотсиологияи идоракунӣ
Ҷараёни идоракунӣ, ки аз ҷузъҳои бисёр ва гуногунсифат иборат мебошад дар доираи илмҳои гуногун — сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ ва иқтисодӣ омӯхта мешавад. Аммо ҳар кадоме аз онҳо объект ва предмети хоси тадқиқотро барои худ ҷудо менамояд.
Зимнан объекти сотсиологияи идоракунӣ — ин ҷараёнҳои идоракунии дар ҷомеа ва зерсохторҳои алоҳидаи он (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иҷтимоӣ — фарҳангӣ) ва ё ташкилотҳо (корхонаҳо, муассисаҳо ва диг.) амалдошта мебошанд, ки баррасӣ ва тафсири онҳо ҳамчун амалҳои мутақобилаи иштироккунандагони гуруҳҳои оилавӣ, касбӣ, ҳудудӣ ва гуруҳҳои дигари муттаҳидшуда, равандҳои мухталифи ҳамкорӣ, дастгирии мутақобила ва рақобатнокӣ ба роҳ монда мешавад.
Предмети сотсиологияи идоракунӣ — ин омӯзиш, баҳодиҳӣ ва такмилдиҳии ҷараёнҳои идоракунии намудҳои гуногуни ҷамъиятҳо, ташкилотҳо, институтҳои иҷтимоӣ ва дар умум ҷомеа мебошад. Ҳар кадоме аз ин институтҳо, албатта дар худ низоми махсуси амалҳои мутақобилаи иҷтимоии фардҳо ва гуруҳҳои одамонро ифода мекунанд.
Муайян кардани объект ва субъекти сотсиологияи идоракунӣ ба мо имконият медиҳад, ки ҷузъиёти беши ин соҳаи илми ҷамъиятшиносиро муайян созем.
Сотсиологияи идоракунӣ қисми илми ҷомеашиносӣ мебошад, ки низом ва равандҳои идоракуниро дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои идоракунӣ меомӯзад.
Сотсиологияи идоракунӣ фаъолияти гуногуншакли мақомоти идоракунӣ, давлатӣ ва ҷамъиятиро ҳамчун низомҳои иҷтимоӣ меомӯзад, аз ҷумла мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд:
— интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва омодасозии кадрҳои идоракунанда дар маҷмуъ;
— муносибат ва амалҳои мутақобилаи байни кормандони дастгоҳи маъмурӣ (роҳбарикунанда), зертобеъ ва кормандони сохторҳои ташкилӣ;
— ташаккулдиҳии мақсадҳои идоракунӣ бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологӣ ва мувофиқати онҳо ба манфиатҳо ва интизориҳои кормандон;
— масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои бонизоми иҷтимоӣ, ки ба омӯзиши амиқ ва таъсиррасонии субъекти идоракунӣ (идоракунанда) ба объекти иҷтимоӣ (идорашаванда) дар роҳи расидан ба мақсади гузошташуда асос меёбад.
Дар маҷмуъ сотсиологияи идоракунӣ сохторҳои идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва муташаккилро ҳамчун як низоми томи иҷтимоӣ меомӯзад. Мавзӯи ин илм интихоб намудан ва ҷобаҷо намудани кадрҳо, танзими дурусти муносибатҳо байни роҳбарият ва кормандон, беҳтар намудани шеваи мудирият ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо ҳадафҳои иҷтимоии идоракунӣ бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ ҳамоҳангсозии манфиатҳои маъмурият ва муносибатҳои кормандон, таҳлили натиҷаҳои татбиқи қарорҳои маъмурият ва муносибатҳои кормандон пеш гузошта мешаванд.
САВОЛҲО БАРОИ ТАҚВИЯТИ ДОНИИШ
— Сотсиологияи идоракунӣ чист?
— Вазифаҳои асосии сотсиологияи идоракуниро номбар кунед?
— Объекти сотсиологияи идоракунӣ чиро фаро мегирад?
— Предмети сотсиологияи идоракуниро тавзеҳ диҳед?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Бюрократия [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34.htm
— Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. — СПб.: Питер, 2013. — 368 с.
— Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. — Душанбе: 1994
— Корпоративная культура. [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: https://ru.wikipedia.org/wiki/
— Предвидение [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://www.chronos.msu.ru/old/TERMS/razumovsky.htm
— Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. — Душанбе: «Ирфон». — 2007. — 236 с.
— Система социального управления [Маводи электронӣ] — Тарзи дастрасӣ: http://www.pravo.vuzlib.su/book_z872_page_17.html
— Социальные нормы и их классификация [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://lawtoday.ru/razdel/biblo/tgp/078.php
— Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] — М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. — 300 с.
§4. САМТҲОИ АСОСИИ
СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
4.1 Шаклҳои идоракунии иҷтимоӣ
Барои идоракунии босамари иҷтимоӣ мебояд масъалаҳои актуалӣ ва тарзу усулҳои ҳамкории ҷамъиятиро бо назардошти камбудиҳо ва ё монеаҳои бархурдгардида омӯхт ва зимни қабули қарорҳо ба инобат гирифт — принсипҳо ва самтҳои муайяншударо дар рушду такомули идоракунии иҷтимоӣ бомаром ба кор бояд бурд.
Дар заминаи идоракунии иҷтимоӣ зарур аст, ки оқибатҳои дури (ояндаи) фаъолияти истеҳсолӣ муайян гарданд, мувофиқан имконият фароҳам оварда шавад, то ин ки ин оқибатҳо мавриди баррасии доимӣ ва танизм қарор дода шаванд.
Таърихи начандон дури мо нишон дод, ки бархурдҳо ва ё ихтилофотҳои иҷтимоӣ дар низомҳои идоракунӣ, аз ҷумла дар сохти сотсиалистии ҷомеа хеле зиёд мебошанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузариш аз сохти демократии идории солҳои 1920-ум ба низоми дурушт ва муттамаркази авторитарӣ-бюрократии соли 1950-ум оқибатҳо ва қафомонии зиёдро ба бор овард. Бюрократизм дар асл худ ба худ мухолифи принсипҳои сотсиализм буд (ва мебошад), воқеан барои рушди он монеаҳо эҷод мекард. Чунон ки принсипи асосии сотсиализм — баробарии иҷтимоӣ ҳар қадам бо эҷод гардидани услуби тобеияти қатъӣ ба марказ (ҳокимияти мутлақ), басинфҷудокунии ҷомеа: синфи коргар, зиёӣ, миёна, болоӣ ва ғайра, афзалият ба истеҳсолот на ба инсон вайрон мегардид.
Идомаи рукнҳои бюрократӣ, ҳукмфармоӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои мустақилонаи рушд, манъ кардани муаррифии васеи урфу одатҳо, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар низоми коммунистии солҳои 60-80-ум оқибат ба барҳам хурдани сотсиализм боис гардид (ин яке аз омилҳои муътамад ба ҳисоб меравад). Ин муносибат нисбат ба халқи тоҷик низ, ки таърих, тамаддун ва фарҳанги ғанӣ дорад, бисёр бараъло ба назар мерасад. Ҷумҳуриҳои шарқзамин барои давлати Шӯравӣ асосан ба сифати воситаи истеҳсолот — коркарди пахта, гандум, истихроҷи нафт, газ ва ғайра истифода мегардиданд, манфиатҳои миллӣ ва фарҳангии мамлакатҳои шомили ин минтақа бошад, дар муносибатҳои идоракунӣ хеле дур монда буданд ва ташаббусҳои онҳо низ дар ин ҷодда дастгирӣ намеёфтанд.
Низоми тозабунёди демократӣ, ки ба қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон мустақилияти томро ба бор овард, дар назди мо, аз ҷумла ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ талаботи зиёде пеш мегузорад, то ин ки хатогиҳои саддаҳои гузаштаро такрор насозем, камбудиҳоро дар фаъолияти ҳамрӯзаи меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ошкор намоем ва оқибатҳои наздику дури онро дар таносуб ба бартарафсозии бархурдҳо пешгирӣ намоем.
Низоми мазкур азнавсозӣ ва ислоҳоти пайдарпайи механизми идоракуниро дар мамлакат тақозо менамояд. Дар ин ҷо зарур аст, ки начандон ба ҷанбаҳои сиёсӣ, балки ба рукнҳои иҷтимоии идоракунӣ афзалият дод. Ин вазифагузорӣ дар навбати худ, тақозо бар он дорад, ки асосҳои илмии ин самт, тарз ва маҷмӯи амалҳои идоракунии он омӯхта шуда, мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд.
Дар баробари ин, илми сотсиологияи идоракунӣ зарурати тағйироти куллиро дар идоракунии ҷараёнҳои сиёсӣ ва руҳию фарҳангӣ тақозо мекунад, зеро танҳо ҷомеаи бомаданият ва бомаърифат метавонад ҳамагуна бархурдҳоро истодагарӣ намояд.
Дар ҳамбастагӣ ба ин метавон идоракунии иҷтимоиро дар се шаклҳо ва ё самтҳои зерин баррасӣ намуд:
— Идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
— Идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ;
— Идоракунии ҷараёнҳои руҳӣ-фарҳангӣ.
Дар идома ба таҳлили боло идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун узви собиқ ИҶШС метавон аз солҳои 1920-уми асри гузашта иқтибос овард. Яке аз самтҳои фаъоли ин шакли фаъолиятро вазифаҳои хоҷагидорию истеҳсолии давлат ташкил медод.
Дар рӯзҳои аввали ташкилёбии ИҶШС Шӯрои олии хоҷагии халқ (1917) ташкил меёбад, мувофиқан намояндагиҳои он дар тамоми ҷумҳуриҳои аъзо ва минтақаҳо таъсис дода мешаванд. Мақсади асосии ин иқдом ба таври муттамарказ идора ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ буд, ки ба корҳои илмию тадқиқотии Стумилин Г. ва Леонтев В. дар самти имкониятҳои идоракунии маҷмӯи хоҷагидории халқ асос меёбад. Дар ин солҳо аввалин ташкилотҳои банақшагирӣ пайдо шуда, зери роҳбарии ташкилоти махсусгардонидашуда бо номи «Нақшаи давлатӣ» (Госплан) фаъолият мекарданд. Ин низом дар навбати худ масъули идоракунӣ ва танзими ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ муқаррар гардида буд. Яъне, хоҷагиҳо барои ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ, зимнан супоридани молу маҳсулот ва андоз нақша баста (уҳдадор) мешуданд.
Дар ин ҷо, фарқият байни идоракунии хоҷагидории низоми демократӣ ва сотсиалистӣ дар он инъикос меёбад, ки дар яке (демократӣ) фаъолияти хоҷагидорӣ озод буда, хоҷагиҳо танҳо барои супоридани андози давлатӣ аз ҳаҷм, навъ ва шакли истеҳсолот масъул мебошанд; дар низоми сотсиалистӣ бошад, аз хоҷагидорон ҳам андоз ва ҳам молу маҳсулот ситонида мешавад, яъне фаъолияти хоҷагидорӣ озод набуда, тибқи фармоиши давлатӣ ба роҳ монда мешуд.
Низоми нақшабандии хоҷагидорӣ байни солҳои 1930—1950 дар шакли идоракунии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, охирҳои солҳои 50-ум кӯшишҳои ба идоракунии ҳудудӣ табдил додани хоҷагидорӣ амалӣ шуда буданд. Аммо солҳои 65-ум боз баргашт ба низоми қаблӣ — идоракунии соҳавии хоҷагидорӣ дар мисоли вазорату идораҳо роҳандозӣ мегардад.
Зимнан пас аз солҳои 80-ум бо назардошти даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои марбут ба идоракунии иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ба самти нав равона гардида, бештар хусусияти иҷтимоӣ-гуманистӣ касб мекунад. Агар то ин давра дар назди низоми идоракунӣ дар мадди аввал манфиатнокии (даромаднокии) иқтисодӣ меистод, яъне шахс танҳо барои меҳнати истеҳсолӣ истифода мегардид, пас акнун муносибат дигар мегардад — нақши инсон дар фаъолияти меҳнатӣ боло меравад ва ба шахс сараввал ҳамчун шахсият ва сипас истеҳсолкунанда афзалият дода мешавад. Чунки дар шароити муосир маҳз бо таваҷҷуҳ ба шахсияти инсон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳавасмандӣ, қонеъгардонии маънавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ имкон пайдо мегардад, ки истеҳсолот низ зиёд гардад ва иқтисодиёт рушд кунад.
Илова бар ин, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бозори меҳнат онро тақозо менамояд, ки дар идоракунӣ ба имконоти зеҳнии инсон афзалият дода шуда, он ба таври васеъ истифода гардад, то ин ки самаранокии хоҷагидорӣ, истеҳсолот ва рақобатнокии маҳсулот ба даст оварда шавад. Зимнан мебояд зикр намуд, ки баландбардории сифати меҳнати шахсӣ ва ҷамъиятиро наметавон бе иштироки инсон дар идоракунии истеҳсолот таъмин намуд.
Нуктаҳои асосӣ дар идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ин ташкил ва кафолати муносибатҳои адолатнок дар тақсими ғаниматҳои моддӣ, мувофиқати андозагирии меҳнатӣ-истеҳсолӣ ба ченаки истеъмолӣ, таъмини бехатарӣ дар кор, ташкили фароғат ва истироҳат, тандурустӣ ва ғайра барои инсон ба ҳисоб меравад.
Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ шакли нави фаъолияти хоҷагиҳои истеҳсолӣ, ба монанди ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, биржаҳо, ассотсиатсияҳо, корхонаҳои муштарак пайдо гардиданд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ ҳавасманд гардонидан ва ҷалби иштироки ҳарчи теъдоди зиёди субъектҳои иқтисодӣ барои сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва корҳои нав механизмҳои муосири идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул ёфтнад; таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок (соҳавӣ ва минтақавӣ) ва ташкил гардидани минтақаҳои озоди иқтисодӣ рӯи кор омаданд.
Дар ин самт Тоҷикистон ҳамчун кишвари иҷтимоӣ қадамҳои муайяни хусусияти миллию байналмилалидошта гузошта истодааст. Ҳанӯз соли 2000-ум дар баробари 191 кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон Эъломияи ҳазорсолаи рушдро, ки бо тамом аз унсурҳои иҷтимоӣ иборат буд, ба имзо расонид. Бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори кишвар ва таъмини раванди муназзам ва дурнамои рушд мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола соли 2007 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 қабул мегардад. Дар заминаи ин, барои расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ якчанд барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ таҳия ва табиқ мегарданд. Дар ин самт, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ки масъалаи хеле муҳим барои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба тасвиб мерасад ва дар натиҷаи амалисозии он сатҳи камбизоатӣ аз 81% (дар соли 1999) то ба 31% (дар соли 2015) коҳиш дода мешавад. Дар соли 2016 бошад, бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ (сентябри 2015) тасдиқ шудаанд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба тасвиб мерасад. Дар ин ҳуҷҷати давлатӣ 4 ҳадафҳои стратегии рушд барои 15 соли ояндаи Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд: 1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; 2) аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; 3) таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; 4) вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳо ва минтақаҳо барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат ва дарзомуҳлат мунтазам қабул ва амалӣ гардонида мешаванд, ки дар маҷмуъ механизми идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро ташкил медиҳанд. Мисоли ин барномаҳо «Барномаи рушди маориф барои солҳои 2010—2015», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016—2018», «Барномаи рушди нерӯи зеҳнии инсон то соли 2020», «Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон», ва ғайра шуда метавонанд.
Яке аз нуктаҳои муҳими сиёсати барномасозии Тоҷикистон дар ҳамин давраи фаъолият ба он асос меёбад, ки Ҳукумат барои / дар ояндаи наздик ба таҳкими нерӯи институтсионалӣ бо назардошти ташаккул додани низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ афзалият додааст.
Мутаносибан зарур мегардад, ки заминаҳои устувори илмию методологии ҷараёнҳои идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар умум дар кишвар ва дар алоҳидагӣ нисбат ба ҳар як субъекти идоракунӣ бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ ташаккул дода шуда, бо назардошти сиёсати давлатӣ дар ин самт механизмҳои мувофиқан нав ва муносиби идоракунии хоҷагидорӣ-истеҳсолӣ бо фароҳам овардани шароитҳои баробар, далелнок ва адолатхоҳ дар муносибатҳо амалӣ гардонида шаванд.
4.2 Идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ
Рӯи масъалаҳои идоракунӣ марбут ба ҷанбаҳои сиёсии он — ҳокимияти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ олими Ғарб М. Вебер бештар кор кардааст.
Бюрократизм новобаста аз хусусияти манфӣ доштанаш дар фаъолияти идораи давлатӣ бинобар муносиб будан барои назорат ва батанзимдарории муносибатҳо доимо истифода мегардад. Аз ин рӯ, М. Вебер бюрократияро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, чанде назариёти худро атрофи истифодаи босамари он пешниҳод менамояд. Олим хусусиятҳои зарурии амалӣ ва самараноки бюрократияро барои ҳамаи намудҳои ташкилотҳо, пеш аз ҳама барои мақомоти идоракунии давлатӣ ҷудо менамояд. Аз ҷумла: а) тақсимоти ҷиддии меҳнат ва дараҷаи баланди ихтисосмандии идоракунанда; б) сохтори иерархии ҳокимият; в) якрангии амалҳои маъмурон, ки ба дастурҳои махсуси корӣ муайян шудаанд; г) муносибати холисона ва беғарази роҳбар бо тобеон ва муштариён; д) мавҷудияти дастгоҳи маъмурӣ; е) талаботи мушаххас ба касбият ва дигар сифатҳои кормандон ҳангоми интихоби онҳо ба кор.
Дар замони Шӯравӣ ғояҳои идоракунии сиёсӣ ба таври васеъ истифода бурда мешуданд. Онҳо пай дар пай дар ташаккули идораи сиёсӣ, аз ҷумла баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизби коммунистӣ ва табдил додани он то ба ҳизби мутлақ-дастгоҳи идоракунии давлатӣ истифода мегардиданд. Идеяҳои сиёсии коммунистӣ оғоз аз мактаббача (октябрят), наврас (пионер) то ба фарди ҷавон (комсомол) ва ташкили гуруҳҳои (коллективҳои) меҳнатию фароғатӣ паҳн гардида буданд. Ин тарзи идоракуниро ба идоракунии шакли классикии авторитарӣ-бюрократӣ шабоҳат додан мумкин аст, зеро дар он низоми назорати қатъӣ, зинабандии пирамидавии ҳокимият, афзалиятнокии меҳнат-истеҳсолот (на инсон ҳамчун шахсият) ва ҳукмфармоии сиёсии мутлақ-яккаҳизбӣ амал мекард.
Аммо ин низом охирҳои солҳои 1980-ум барҳам мехурад ва ба ҷойи ӯ низоми рақиб ва ё зидистода — демократизм ҳукмфармо мегардад. Боиси зикр аст, ки ин ду низоми бо ҳам зид асри XX задухурдҳои зиёди сиёсӣ доштанд ва то имрӯз доранд, яке принсипҳои идории дигареро намепазирад. Эҳтимол ҳамин буд, ки — истодагарӣ ва ё муқовимат карда натавонистани низоми коммунистӣ / сотсиалистӣ (аввалҳои соли 90-ум) ба пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ боис гардид. Дар баробари ин ба ҷомеаи худ то / дар ҳамин давра сахтиҳои зиёд — таназзули сатҳи иқтисодӣ, норасоии озуқаворӣ, мувофиқан камбизоатӣ, тангдастӣ, ноумедӣ ва дигар оқибатҳои нохуш ба бор овард. Аз ҷумла, Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғуш гирифт, низоми идорӣ бо тамом барҳам хурд ва халқ на танҳо камбизоат гардиданд, балки барои зинда мондан талош менамуданд. Ин консепсияи идории хушбахтона пасмонда ва ё гузаштаро мумкин аст ба ташкилоти шабакавие иборат аз 15 зертобеъ / зерташкилоти бузург шабоҳат дод, ки ташкилоти болоиро дар ҳама намуди фаъолият итоат намуда, барои / бо он кор мекарданд. Лекин ҳангоме, ки ташкилоти болоиро буҳрон, бахусус таҳдиди сиёсӣ дучор омад ва муфлис, камиқтидор гардид, ташкилотҳои зертоберо ба ҳоли худ гузошт, аз масъулият ва уҳдадории парасторӣ, таъминот ва ҳифзи манфиатҳои онҳо даст кашид, ҳол он ки тамоми ғанимат ва арзишҳои моддӣ дар истифодаи бевоситаи он (ташкилоти болоӣ) қарор дошт. Аз ин собиқаи талхи ҳаёт, ки кулли шаҳрвандони собиқ кишварҳои узви ИҶШС, бахусус Тоҷикистон онро диданд, хулоса бармеояд, ки поёни / оқибати низоми идоракунии авторитарӣ ва ё ҳукмронии мутлақ, ин шикаст, беҳокимиятӣ ва дар як замон аз даст додани тамоми иқтидор ва ғанимату арзишҳои моддию моллӣ мебошад.
Низоми идоракунии демократӣ бошад, барои Тоҷикистон баракс новобаста аз «меросҳои низоми гузашта» ба халқ ҳамчун миллат, соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва давлат мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва комилҳуқуқӣ дод ва дар муддати кӯтоҳтарин ҳамчун воҳиди том ба ҷаҳониён ҳамчун узви комилҳуқуқ шинохт намуд.
Сохти демократӣ ҳолатҳои зиёди гуногунқолибӣ ва ихтилофоти сиёсӣ, муборизаҳои идеологӣ ва фарзияҳои мухталифро оид ба тағйиротҳо пеш овардааст, ки аз принсипҳои идории он бармеояд. Яъне, ин сохт майдоне мебошад, ки дар он на як (чун коммунизм), балки якчанд субъект / ташкилот дар шароити баробари рақобатнок баҳри беҳдошти ҳаёт ва вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатии гуруҳҳои мақсаднок (шаҳрвандон) қувваозмоӣ мекунанд ва албатта ғолиб дар як давраи муайян бо амалӣ намудани ғояҳои пешниҳонамудаи худ (ва аз ҷониби халқ қабулшуда) ҳукмфармоӣ мекунад, аммо мубориза анҷом намеёбад; баръакс рақибон имкониятҳои худро барои рақобати (муборизаи) оянда хубтару беҳтар менамоянд.
Дар инҷо метавон ба таври васеъ бартарияти ин ду низоми идории гуногуни сиёсиро (коммунизм / сотсиализм ва демократизмро) баҳогузорӣ намуд. Дар мисоли боло нисбат ба низоми коммунизм бараъло муайян гардид, ки ҳукмфармоии мутлақ оқибати фалокатбор дорад ва наметавонад дар воқеъ рисолати худро — адолати иҷтимоиро таъмин созад. Аммо низоми дигари сиёсӣ — демократизм бо принсипи гуногунандешӣ ва фароҳам овардани шароити рақобатнок имконият фароҳам меорад, ки дар идоракунии давлатӣ на як, балки якчанд субъекти хоҳиш ва азму иродаи ҳукмфармоидошта иштирок намоянд. Дар ин ҳолат, яъне (имконияти баробари) ҳукмфармоии баробари якчанд субъект эҳтимоли шикаст хурдани низоми идории сиёсӣ дур мемонад, зеро ҳангоми бохти як субъект, субъекти дигар омода аст, ки ҷойи ӯро дарҳол ишғол / пур намояд. Яъне, субъекти ҳукмфармо дигар мешавад ва ё шикаст мехӯрад, аммо на низом ва ё сохти идории сиёсӣ; мувофиқан давлат томияти худро гум намекунад, баръакс дар шароити рақобатҳои байни субъектҳои сиёсӣ устувор шуда, кафили осоиштагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа мегардад.
Сохти демократии идоракунӣ аз ҷанбаҳои зиёди иҷтимоӣ иборат мебошад. Он имкон медиҳад, ки халқ дар идоракунии давлатӣ ба воситаи намояндаҳои худ ва ё бевосита иштирок намояд. Ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ эътирофи шахсияти корманд, таъмини бехатарӣ, суғуртаи тандурустӣ, ташкили шароитҳои фароғатӣ ва пардохти маоши муносиб аз меъёрҳои ҳатмӣ ба шумор мераванд.
Дар намуди идоракунии иҷтимоӣ-сиёсӣ ба усулҳои техникӣ –истеҳсолотии меҳнат афзалият дода намешавад, дар мадди аввал ташкили механизми идораи сиёсати самаранок ва рушдёбанда бо назардошти маҳдудкунии низоми худидоракунӣ (муттамарказ) ва васеъ гардонидани имкониятҳои иштироки ҳар як корманд / шахс дар ҳалли масъалаҳои муҳим меистанд.
Дар ниҳоят сиёсат на танҳо илм, балки санъат аст; санъати идоракунӣ, қабули қарорҳои сиёсӣ, ҳунармандӣ ва маҳорати мутобиқшавӣ дар шароитҳои махсуси сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, идораи самараноки он ҳам адолат ва ҳам шароити хуби зиндагӣ ба ҷомеа фароҳам меорад.
4.3 Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ-фарҳангӣ
Идоракунӣ дар ҳаёти маънавӣ ва ё руҳӣ-фарҳангӣ хусусияти шартӣ дорад, чун он наметавонад дурушт буда, ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ асос ёбад. Ин намуди идоракунӣ асосан омӯзиши амиқи ҳолатҳои руҳӣ, пайдо кардани равандҳо ва пешбинӣ намудани тағйиротҳои имконпазирро зимни ташаккул ва эътирофи арзишҳои маънавӣ фаро мегирад.
Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ ба ташкили шароитҳои воқеӣ барои амалисозӣ ва қонеъгардонии талаботи фарҳангӣ ва шавқу рағбати ҳар як шахс равона мегардад. Ин муносибат таъсиррасонии амиқ ва фасеҳро ба тағйиротҳои дар соҳаи илм, маориф, адабиёт ва санъат рухдодаистода тавсеа мебахшад. Зимни идоракунӣ одатан ҷараёнҳои ташкилии муносибатҳои фарҳангии мутақобилаи миллӣ ва маҷмӯи проблемаҳои ҷойдоштаи мансуб ба тафаккури ҷамъиятӣ монеаҳои зиёд пеш меорад. Аз ин рӯ, сотсиологияи идоракунӣ ба омӯзиши хориқаҳо, ба монанди урфу одатҳои халқӣ, анъанаҳои таърихӣ, муносибатҳои динӣ ва хосиятҳои дониши амалии илмӣ равона гардидааст.
Дар қатори проблемаҳои идоракунии марбут ба ҳаёти манънавии ҷомеа ҷойи асосиро мушкилоти сотсиализатсияи (мутобиқати иҷтимоии) шахс ва ташаккулёбии шахсони ислоҳотгар / қобили тағйиротҳои куллӣ ва манфиатнок (нисбат ба ҷомеа) ишғол менамояд. Тағйиротҳои ҳаёти маънавӣ бавосита ва ё бевосита аз омилҳои моддӣ ва сатҳи истеҳсолоти ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳангоми идоракунӣ имкониятҳои моддӣ ва мавҷудияти заминаҳои ва шартҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти пайдошаванда ба инобат гирифта мешаванд.
Талаботи руҳии фарҳангӣ ва ё маънавиро мебояд тамоми намудҳои ташкилотҳо ба инобат гиранд, чунки маҳз таваҷҷуҳ накардан ба хусусиятҳои маънавию фарҳангии шахс, аз ҷумла ҳангоми ислоҳоти идоракунӣ он метавонад ба оқибатҳои нохуб ва танназулёбии соҳаи идоракунӣ оварда расонад. Аз ҷумла, ҳангоми ислоҳот ва ё азнавташаккулдиҳии низоми соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, санъат, дин ва адабиёт зарур аст, ки талабот ва воқеияти ҳаёти маънавии фарҳангии шаҳрвандон ба асос гирифта шавад. Мисол: дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ дини мубини Исломро пайравӣ мекунанд ва рукнҳои тарбиявии маънавии он дар вуҷуди ҳар як шахс ҷой гирифтааст. Аммо ин афзалият ва ё рисолати аслии дини Ислом — панду ҳикмат, тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят кардани инсон то ҳадди зарурӣ дар низоми ташкилии идоракунӣ ҷой нагирифтааст. Дар ин ҷо боиси зикр низ мебошад, ки яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани рафтору кирдорҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомил шудани онҳо ба ҳаракатҳои экстремистӣ, ин ба таври зарурӣ истифода ва ё талқин нагардидани рисолати асосии дини Ислом дар байни онҳо арзёбӣ мегардад.
Бешубҳа, идоракунии ҳаёти маънавӣ ва ё руҳии фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими мувозинатдорандаи рушди ояндаи давлат табдил ёфта истодааст, зеро он ва ҷамъият дар баробари заминаҳои хуби моддии ташкилӣ асосҳои устувори ҷаҳонбинӣ ва ягонаи ғоявиро тақозо менамояд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
— Самтҳои идоракунии иҷтимоиро номбар кунед?
— Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ фаъолияти кадом шаклҳои нави хоҷагиҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд?
— Хусусиятҳои самаранокии бюрократияро тибқи назарияи М. Вебер номбар кунед?
— Низоми идоракунии шакли авторитарӣ кадом хоситяҳоро дар бар мегирад?
— Хосиятҳои низоми идоракунии демократиро номбар кунед?
— Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ (руҳӣ-фарҳангӣ) кадом шароитҳоро фароҳам меорад?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] — М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. — 300 с.
— Яковлева Т. Н. Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров — Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. — 216 с.
— Бестужев-Лада И. В. Энциклопедический социологический словарь. — М., 1995. — 865 с.
— Бюрократия [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
— Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/
— Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. — Душанбе: 1994
— Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. — Душанбе: «Ирфон». — 2007. — 236 с.
— Система социального управления [Маводи электронӣ] — Тарзи дастрасӣ: http://www.pravo.vuzlib.su/book_z872_page_17.html
— Социальные нормы и их классификация [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://lawtoday.ru/razdel/biblo/tgp/078.php
§5. АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ ДАР ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
5.1 Назариёти мутафаккирони Шарқ оид ба низомҳои идоракунии ҷамъиятӣ
Нахустин ва оддитарин, шакли банизомоварии ташкили меҳнати муштарак ҳанӯз аз марҳилаи сохти ибтидоии ҷамъиятӣ вуҷуд дошт, вақте ки идоракунӣ якҷоя аз ҷониби тамоми аъзоёни оила, тоифа ва ҷомеа амалӣ мешуд. Куҳансолтарин шахс (оқсақол) ва пешвои қабила ба уҳдаи худ роҳбарии аввалро дар ташкили меҳнати муштарак ва тақсимоти озуқа (хӯрокворӣ) мегирифт.
Тахминан 10—8 ҳазор сол то қарни мо дар ҳудуди Шарқи Наздик (Шимоли Ироқ, Фаластин) тағйирот ба амал омад; шакли хоҷагидории анъанавӣ (шикор, ҷамъоварии меваю сабзавот ва ғ.) ба тарзи нави идоракунӣ — дарёфти маҳсулот ва роҳи истеҳсоли он бо ном «иқтисоди истеҳсолӣ» табдил ёфт. Ин аввалин таҳовулот дар таърихи инсоният буд, ки онро археологи машҳури англис Гордон В. Чайлд «инқилоби неолитӣ» меномид. Дар муддати сипарӣ гаштани чандин садсолаҳо давлати мустабид (истибдод, тирония) -и бузург ва пуриқтидор ташаккул ёфт, ки худашонро ба қадри кофӣ таҷҷасумгари фаъолияти хуби идоракунӣ тасаввур намекарданд. Бунёди иншооти — дар асрҳои III — II пеш аз мелод — аҳроми машҳури Миср (мақбараи азими сангини фиръавнҳо) ёдгориҳои на танҳо намояндагони сулолаи пуриқтидори тавоно, балки ҳазорҳо бинокорон ва меъморон, инчунин санъати бунёдкорӣ, ки тавонистанд аз усулҳои идоракунӣ истифода кунанд, ба ҳисоб меравад. Равшан аён аст, ки барои бунёди масалан, аҳроми Хеопса, ки дар паҳнкуҳи Гиза (баландии 146,6м) ҷойгир аст, на танҳо шумораи бисёри масолеҳи сохтмонӣ ва қувваи корӣ лозим омад, балки дастаи устувори муҳандисон, механизмҳо (сохтмон, сохт, ташкил), инчунин банақшагирии дурнамои ташкил ва назорати иҷрои корҳо ташаккул ёфт.
Заминаҳои назариявӣ принсипҳои (усулҳо ва шартҳои) идоракунӣ дар қонуни «Хаммурапӣ» бо тарзи хуб ифода ёфтааст. Вавилони қадим дар солҳои 1792—1750 то солшумории мо объекти дигари идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Давлати пуриқтидор дар ҳамон давра дар Чини қадим амал мекард, ки дар давраи Чжоу (асрҳои XI — III п.а.м) девори бузурги Чин — ёдгории муҳташами санъати меъморӣ (дарозии он баъди анҷом расонидан тақрибан 5 ҳазор км., ва баландиаш дар қитъаҳои алоҳида ба 10 м. мерасид) бунёд гардид.
Рисолаи аввалин бо фарогирии баъзе маълумотҳои ибтидоӣ ва тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар Чини қадим, Ҳинди қадим ва Шарқи Наздик дар асрҳои V — IV-и пеш аз миллод рӯи кор омадааст.
Бо вуҷуди ин оид ба ташаккули тафаккури идоракунӣ эҷодиёти бузургтарин файласуфони юнони қадим Суқрот, Афлотун, Арасту таъсири назаррас гузошт. Аз рӯи гувоҳии ҳамзамонон, Суқрот чунин мешуморид, ки асоси идоракунӣ ин дониш ва маҳорати ба зурӣ бор кардани ақидаи худ ба дигар одамон мебошад. Афкори ӯ дар рушди оянда ва ба даст овардани рисолаҳои Афлотун ва Арасту боис гардид, ки муфассалтар 3 шакли ҳукумронӣ: монархӣ, аристократӣ ва демократӣ тасвир шудааст. Масъалаи идоракунӣ дар корҳои мутафаккирони асри миёнагӣ Августини Масъуд ва Фомаи Аквинӣ, ки «Борони илоҳӣ» ва «Борони заминӣ» тақсим шудааст, тобиши бешак аввал буданро эътироф мекунанд, ки оиди идеяҳои идоракунии олам ва одамон хулосагирӣ намудаанд.
5.2 Назариёти мутафаккирони форсу тоҷик зимни муносибатҳои идоракунӣ
Дар ташаккули назарияҳои фалсафию иҷтимоии идоракунӣ саҳми мутафаккирони форсу тоҷик — Абӯбакри Розӣ (865—925), Абӯнасри Форобӣ (873—950), Абӯалӣ ибни Сино (980—1037), Муҳаммад Ғазолӣ (1058—1111), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314—1394), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420—1505), Аҳмади Дониш (1827—1897) ва ғайра хеле бузург аст.
Абӯбакри Розӣ дар асараш «Нақзи адён» иброз намудааст, ки: «Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар дигаре бартарӣ надодааст. Ва агар бигӯем, ки барои раҳматнамоии онон ҳоҷат ба интихоботи касе дошт, ҳикмати болиғаи вай мебоист чунин иқтидо кунад, ки ононро ба монофеу мазореи онию отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшон бар дигарон бартарӣ надиҳад ва мояи ихтилофу низои онон нагардад. Ва интихоби имому пешво боиси он нашавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро тақзиб кунад ва ба назари буғз бад-онон бингарад ва ҷамоате бар сари ин ихтилоф аз миён бибарад». Мутафаккир таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқиро дар муносибатҳои идоракунӣ таълиф медиҳад, ки барои имрӯзи идоракунӣ низ нишондиҳандаи муҳим боқӣ мондааст.
Дар назариёти олимони асри миёнагӣ, аз ҷумла Абунасри Форобӣ масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва сиёсидошта, аз қабли пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шакли идоракунӣ ва мақому манзалати сарвар / шоҳ дар идоракунии давлат ба таври возеҳ баррасӣ гардидаанд. Тибқи назари Форобӣ мақоми сарвариро танҳо шахси оқилу хирадманд ва адолатпарвар, ки манфиати раият ва мамлакатро аз худ болотар мегузорад, бояд соҳиб бошад.
Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ дигар мутафаккири форсу тоҷик дар рушду такомули илмҳои ҷомеашиносӣ нақши хоса дорад. Қисми зиёди ақидаҳои ӯ дар рисолаҳояш, аз қабили «Кимёи саодат», «Ал-мунқиз-мин ал-зилол» ва «Насиҳат-ул-мулук» манузр гардидаанд. Ғазолӣ идоракунии иҷтимоиро яке аз такягоҳҳои асосии олам маънидод менамояд, ки он одамонро ба ҳам наздику бофарҳанг мегардонад ва муносибатҳои онҳоро зери низоми муайяни идоракунӣ ба танзим медарорад.
Муттафаккири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ назариёти мансуб ба идоракунии худро бештар дар «Захират-ул-мулук» -и худ ҷой додааст. Ҳамадонӣ ба одоби сухан ва ботаҳаммулу боандеша будани подшоҳон диққат дода, тавсия медиҳад, ки: «Ҳоким / шоҳ бояд дар ҳукм сухан ба мадоро гуяд ва бе муъҷиб дурушти накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нашвад. Ва аз сухан гуфтан бо заифон ва мискинон нанг надорад. Ҳоким набояд, ки ба дуруягию фиребгарӣ ва сусткорию саҳлангорӣ мусоидат кунад ва аз барои хушнуд сохтани касе набояд каси дигареро озор диҳад. Зеро ки табиати ҳукуматдорӣ чунин офарида шудааст, ки «пайваста нимаи халқ аз ҳоким хушнуд бошад, зеро ду хасм ба ҳақ хушнуд натавон кард».
Абуалӣ Ибни Сино мутафаккири форсу тоҷик одамро ҳамчун махлуқи ҷомеа нишон медиҳад. Ӯ назар дорад, ки ҳастии одамон дар ҷамъият шароити ҳамкории онҳоро ба вуҷуд меорад. Барои чунин ҳамкорӣ ба аксари аъзои ҷамъият қонуни ягонаи оқилона ва адлия лозим мебошад. Аъзои ҷомеаро мебояд ба меҳнати фоиданок ва манфиатовари ҷамъиятӣ машғул бошанд. Дар тақвияти ин ақидаи худ Сино аъзои ҷомеаро ба се гурӯҳ: 1) садорат; 2) истеҳсолкунандагон; ва 3) ҳарбиён ҷудо менамояд. Дар яке аз асарҳои худ — «Тадбири манзил» — Сино таъкид мекунад, ки: «Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр шаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва саросат бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст ба дӯст мунқатоъ мегардад. Ва агар ҳамагӣ фақиру муҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас тафовути аҳвол ва ихтилофи миқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад.».
«Шоҳнома» -и Абулқосим Фирдавсӣ фарогири масъалаҳои хираду хирадмандӣ, талқини одоби ҳамида, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ ва ғайра мебошад ва то имрӯз мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Мояи ифтихор аст, ки назарияҳои ахлоқӣ ва хирадномавии асари мазкур то ба мамлакатҳои Ғарб (Аврупо ва ИМА) расидааст. Зимни ин рисолат олими Фаронса Сент Бёв чунин иброз менамояд: «Дар саросари шоҳасари Фирдавсӣ руҳияи ҳикмат, волоияти адолат ва некӣ чун риштаи сурх мегузарад».
Мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш шарти аввалини идоракунии давлатиро дар ақл ва адл тасвир мекунад. Ба назари ӯ — Адл аз камоли ақл хезад. Ҳар ки оқил нест, одил нест — сарвар / шоҳ бояд тамоми корҳои идориро аз рӯи ақл, хирад пеш барад. Аҳмади Дониш низоми вазоратдориро баррасӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ «Дар ин навъи ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машваратӣ ҳал шавад ва баъди тасдиқи умум ба кор дарояд». Ҳамчунин, мутафаккир тавсия медиҳад, ки ба одамони куҳансол ва шахсоне, ки қобилияти кориашонро гум накардаанд, бояд аз тарафи давлат кӯмаки моддӣ расонида шавад. Аҳмади Дониш масъалаи бо зиндагӣ, бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷамъият вобаста намудани илму фанро ба миён гузоштааст. Ба назари ӯ бояд дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илмҳои техникию табиӣ ва физикаю кимиёвӣ, ки дар мамлакатҳои пешрафат омӯхта мешуданд, ҷорӣ гардад.
Дар умум назариёти мутафаккирони тоҷику форсро метавон дар шароити имрӯзи идоракунӣ низ истифода намуд, зеро онҳо куллан фарогири тарзу услубҳои идоракунии хоси имкон ва хоҳиши ҷомеа, таъминкунандаи адолат, баробарҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, дӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, накӯкорӣ, иносндӯстӣ, эҳтиром, таҳамулгароӣ, талабгори қабули қарорҳои илман асоснок, таҳлил ва ҳаматрафа баррасигардида ва ғайра мебошанд. Илова бар ин назариёти идоракунии мутафаккирон ва муҳаққиқони гузаштаи мо тақозо бар он дорад, ки онҳо аз ҷониби идоракунандагон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, иқтисодшиносон, ҳуқуқшиносон ва дигарон мавриди омӯзиши васеъ қарор дода шуда, нуктаҳои беҳтарин ва тавсияҳои муносиб ба идоракунии тарзи муосир дар шакли корҳои илмию таҳқиқотӣ манзури ҷомеа ва институтҳои давлатии идоракунӣ ва таълимӣ пешниҳод карда шаванд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
— Тамаддуни бо ном «иқтисоди истеҳсолӣ» — қадим дар Шарқи Наздик кай ташаккул ёфт?
— Аҳроми Миср, ки бо санъати хуби идоракунӣ бунёд гардидааст, ба кадом асрҳо рост меояд?
— Рисолаҳои аввалини фарогирандаи тасаввуротҳо оид ба идоракунӣ дар кадом мамлакатҳо тавлид ёфтаанд?
— Назари Суқрот оид ба идоракунӣ чӣ буд?
— Кадом мутафаккирони форсу тоҷик оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рисолаҳо таълиф кардаанд?
— Тафовути назариёти мутафаккирони форсу тоҷик дар қиёс ба шароити имрӯзаи идоракунӣ дар чӣ дида мешавад?
АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Заходера Б. Н. Сиасет-наме [Матни аслӣ]: / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька. // Перевод, в введение в изучение памятника и примечания проф. Б. Н. Заходера. Издательство Академии наук СССР. Москва-Ленинград: 1949. — 192 с.
— Ибни Сино. Рисолаи тадбири манзил. Теҳрон. — 1319. Хуршедӣ.
— Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. — Душанбе: «Ирфон». — 2007. — 236 с.
— Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо) [Матни аслӣ] — Душанбе: «Шарқи озод». — 2006. — 128 с.
— Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён [Матни аслӣ] — Душанбе: 2006. — 558 с.
БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§6. ҚОНУНҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
6.1 Қонунҳои идоракунӣ иҷтимоӣ
Сараввал зарур аст, ки мафҳуми қонун мушаххас тавзеҳ дода шавад, то ин ки тасаввуроти оянда оид ба қонунияти иҷтимоӣ возеҳ ва ба осонӣ дастёб гардад.
Зери мафҳуми қонун аслан қоидаҳои ҳатмӣ ва меъёрҳои маҳдудкунандаи муносибатҳо фаҳмида мешаванд, ки ин ҷараён асосан хоси амалия — қонунгузорӣ ва батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби давлат мебошад. Чунончӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун — ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
Дар назария бошад, қонунро метавон қоида ва ё маҷмӯи қоидаҳо ва меъёрҳои бонизом ва батанзимдароварандаи муносибатҳои иҷтимоӣ маънидод намуд.
Сотсиологияи идоракунӣ ба мисли тамоми илмҳои дигар қонуният ва ё қонунҳои хоси худро дорад, ки муайян намудани робитаҳои пойдор ва меъёру хусусиятҳои маъмурияти идоракунии иҷтимоиро меомӯзад.
Қонунияти иҷтимоӣ — ин робитаи воқеии амалӣ (дарамалбуда) ва такроршавандаи падидаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки пайдоиш, ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаро ҳамчун низоми пурра (комил) ва ё зерсохторҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ифода мекунад. Яъне, робита байни асос ва оқибат (натиҷа) мебошад.
Мисол: Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат зарур аст, ки хадамоти махсус ташкил карда шавад. Дар инҷо асос / сабаб заиф будани соҳаи сайёҳӣ, зимнан натиҷа / оқибат рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад, ки барои он хадамоти сайёҳӣ ба сифати қонуният — маҷмӯи тарзу усул, василаҳо ва меъёрҳои махсуси фалият таъсис дода мешавад.
Қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ — шароитҳои амалиро барои идоракунӣ ва таъсиррасонии онро ба объектҳои иҷтимоӣ бо мақсади фаъолияти босифат ва таъмини рушди онҳо фароҳам меорад. Қонуният сохти дохилии субъекти идоракуниро (зерсохтори идорашавандаро) бо назардошти ҷузъҳо ва ҳайати сохтор ва тартиби амалҳои мутақобилаи онҳо муайян мекунад.
Қонунҳои асосии сотсиологияи идоракуниро метавон ба 5 гуруҳ ҷудо намуд: системаҳо, ташкилотҳо, изоморфӣ (баъзан хусусиятҳои ягона ва баъзан гуногун), ташкили фаъолияти идоракунӣ ва идоракунии муносибатҳо.
Қонунҳои системаҳо аз қонуни дохилинизомии ҷуфтҳо ва қонуни иқтидори амалҳо иборат мебошанд. Дар низоми идоракунӣ аслан тамоми ҷузъҳо бо ҳамдигар дар робитаи мутақобила буда, ҷуфтҳои дохилинизомиро ташкил медиҳанд, ки яке аз онҳо фаъол — идоракунанда ва дигаре камфаъол-идорашаванда мебошанд.
Дар натиҷаи таъсири мутақобилаи ин ду ҷузъҳо ва ё зернизомҳои фаъол ва камфаъол қонуни дигар — иқтидори амалҳо ҳосил мегардад, ки ҷузи нави низомро ташкил медиҳад.
Қонунҳои ташкилотҳо низ ба ду қонун: ташкилотҳои ғайрирасмӣ ва идоракунии босамар дар ташкилот ҷудо мешаванд. Қонуни ташкилотҳои ғайрирасмӣ — дар замина ва ё дохили ҳар як ташкилоти расмӣ созмон додани ташкилотҳои ғайрирасмиро (воҳидҳо, гуруҳҳо ва ғ.) иборат аз дӯстон, ҳамфикрон, доираи муоширати шахсӣ ва дигарҳо тавсеа мебахшад. Асоси ташкилот ва ё гуруҳҳои ғайрирасмиро муайянкунии хусусиятҳои рафтори аъзои худ ташкил медиҳад. Мисол: дар ҳар як муассисаи таълимӣ метавонад гуруҳҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар асоси ҷамъиятӣ, машваратӣ, мубоҳисавӣ фаъолият дошта бошад, ба монанди мактаби сиёсатшиносон, маҳфили духтарон, гуруҳи донишҷӯёни эҷодкор ва ғ.
Тибқи қонуни идоракунии босамар бошад, таъсиррасонӣ ё ин ки фаъолият дар ҳамон вақт самаранок ба ҳисоб меравад, агар мақсадҳои асосии ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба якдигар мувофиқат намоянд.
Қонуни ташкили фаъолияти идоракунӣ самаранокии ҷараёни идоракунии объектҳои иҷтимоиро ба дараҷаи мувофиқати вазифаҳо, масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди идоракунӣ дар ҳар як сатҳи он (идоракунӣ) вобаста мегардонад. Аз ҷумла, тавозуни ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар ҷараёни идоракунӣ шарти зарурии самаранокии идоракунӣ мебошад. Одатан татбиқи ин қонун ҳангоми бастани аҳдҳо ва шартномаҳои меҳнатии байни кордиҳанда ва корманд, фармоишгар ва иҷрокунанда возеҳ мегардад. Яъне нақши асосии ин қонун танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва вазифавӣ дар ташкили ҷараёни идоракунӣ мебошад.
Қонуни муносибатҳои идоракунӣ робитаҳои воқеӣ, зарурӣ ва муҳим байни субъектҳои идоракунӣ (роҳбарият, маъмурият ва дигар шахсони масъули идорӣ) ва самаранокии амали низоми идоракунии иҷтимоиро ифода мекунад.
Қонуни манфиатҳои махсуси мутақобилаи субъектҳои муносибатҳои идоракунӣ робитаҳои муҳимро байни субъектҳои идоракунӣ дар ҷараёни амалисозиии мақсади ягона ташкил медиҳад. Дар ин ҷо, ҳам роҳбар ва ҳам корманд бояд манфиатҳои худро ба таври возеҳ эҳсос кунанд. Роҳбар вазифа гузорад, корманд онро бо шавқу рағбати зиёд иҷро намояд.
Қонуни ягонагӣ ва мустақилияти манфиатҳои махсус — вазъи муносибатҳои мутақобили иштирокчиёни раванди идоракунро муайян месозад. Дар бисёр ҳолатҳо аъзои ташкилот аз рӯи манфиатҳо метавонанд нисбат ба якдигар мустақил бошанд. Мисол: гуногунӣ ва тафовутнокии фаъолият ва масъулияти байни иттифоқҳои касабаи ташкилот ва маъмурияти ташкилот.
Қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ хусусиятҳои муҳим, устувор, дохилӣ ва ҷараёни идоракуниро ифода мекунанд. Онҳо аз хосиятҳои объективӣ иборат буда, ба иродаи одамон вобастагӣ надоранд, баръакс ирода, шуур, мақсаду ният ва амалҳои одамонро муайян месозанд.
Истифодаи бошууронаи қонунҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти одамон мувофиқ ба талаботи воқеии ҳаёт ба роҳ монда шавад.
6.2 Қонунҳои идоракунӣ
Дар қисмати боло оид ба қонунҳои сотсиологияи идоракунӣ маълумот оварда шуд, акнун баъзе қонунҳои идоракуниро зимни баррасӣ қарор медиҳем.
— Қонуни зарурати гуногуншаклӣ — низоми идоракунӣ бояд ҳамчун объекти идорашаванда гуногуншакл бошад. То кадом андозае, ки объекти идорашаванда мураккаб аст, то ҳамон андоза / ҳад бояд субъект / идоракунандаи он мураккаб бошад. Яъне, самаранокии идоракунӣ дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки агар низоми идоракунӣ ба талаботи объекти идорашаванда мутобиқат кунад.
— Мутобиқи қонуни тахассуснок идоракунӣ (дар ниҳоят) ба ҷудокунии вазифаҳо ба қисмҳо ва истифода шудан дар шароитҳои махсус, зинаҳо ва самтҳои гуногун боис мегардад. Бинобар ин, идоракунӣ қобилияти баланди касбии шахсро дар соҳаҳои гуногун: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, ташкилиӣ-техникӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, демографӣ ва ғайра талаб мекунад.
— Қонуни ҳамгироии идоракунӣ муттаҳидкунии амалҳои гуногуни махсусгардонидашудаи идоракуниро дар сатҳ ва самтҳои мухталиф ва ҷараёни ягонаи идоракунӣ дар доираи сохти (организми) ягонаи иҷтимоӣ ҳамчун низом (система) ифода мекунад. Ҳамгироии омилҳо чун ҳамгироии мақсад, вазифа ва манфиатҳои ҷомеа, ки дастгирии фаъолияти ҳаёти муқаррарӣ ва инкишофи низоми мураккаби иҷтимоиро дар шароити тағйирёбии доимӣ ва пайвастани муҳитҳои дохилию берунӣ талаб менамояд, шуда метавонад.
— Қонуни сарфаи вақт яке аз муҳимтарин қонуни идоракунӣ ба шумор меравад, ки тавсифи самаранокии идоракуниро ифода мекунад. Мувофиқан бадастории ин ҳадаф бо назардошти талафоти ками вақт, захираҳои моддӣ, инсонӣ ва молиявӣ, ки асосан аз: суръат ва мутобиқати вокуниши субъекти идоракунӣ ба объект; ҳалли ҳамагуна масъалаи идоракунӣ дар муддати кӯтоҳ; ва сари вақт расонидани таъсири мусбӣ ба натиҷаи ниҳоӣ, вобаста мебошад.
— Қонуни афзалиятнокии мақсадҳои иҷтимоӣ дар мақсадгузорӣ муайян мешавад. Мақсади рушди ҷомеа ва шароити нигоҳдории мувозинати он на ба истеҳсолот, сиёсат ва на ба иқтисодиёт рабт дода мешавад, балки ба доимо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои он (ҷомеа), некуаҳволӣ, аҳволи иҷтимоӣ ва такмили мутассили тарзи ҳаёти ҷамъият вобаста мебошад.
— Қонуни афзояндаи субъективӣ ва зеҳнӣ (маънавиёт) дар идоракунӣ хосияти таъсири идоракуниро пешгирӣ мекунад. Қонунияти муносибатҳои идоракунӣ ба он асос меёбад, ки моҳияти муносибатҳои одамон дар ҷараёни идоракунӣ аз ҷониби худи онҳо гузошта мешавад, ҳамаи онҳо (муносибатҳо) дар ин ё он шакл ба воситаи шуури одамон амалӣ мегарданд, одам онҳоро месозад ва такмил медиҳад, албатта бо назардошти тағйиротҳои объективӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ. Барои ҳамин табиати муносибатҳои идоракунӣ дуҷониба мебошад: объективӣ ва субъективӣ.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
— Қонуни иҷтимоӣ чист?
— Қонунияти сотсиологияи идоракунӣ ба кадом қонунҳо ифода меёбад?
— Гуруҳҳои қонунҳои асосии сотсиологияи идоракуниро номбар кунед?
— Истифодаи бошууронаи қонунҳо ба чӣ имкон медиҳад?
— Қонуни сарфаи вақт чиро тавсиф мекунад?
АДАБИЁТҲО ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
— Бюрократия [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
— Виды социальных норм [Маводи электронӣ]. — Тарзи дастрасӣ: http://legalmap.ru/articles/kp/norma/vidy-sotsialnykh-norm/
— Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. — СПб.: Питер, 2013. — 368 с.
— Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. — Душанбе: «Ирфон». — 2007. — 236 с.
— Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] — М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. — 300 с.
— Яковлева Т. Н. Социология управления [Матни аслӣ]: учебно-методическое пособие для бакалавров — Астрахань: Астраханский государственный университет, Издательский дом «Астраханский университет», 2013. — 216 с.
§7. ҶУЗЪҲОИ (ЭЛЕМЕНТҲОИ) АСОСИИ
НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
Идоракунии иҷтимоӣ, ки ҷараёни таъсиррасонии мутақобилаи кормандонро (одамонро) ба якдигар фаро мегирад, худ ба худ низом ва ё системаи муносибатҳоро ташкил медиҳад.
Низоми идоракунии иҷтимоиро метавон ба 5 қисматҳо ва ё ҷузъҳои (элементҳои) хос ҷудо намуд:
— Механизми идоракунӣ;
— Субъект ва объекти идоракунӣ;
— Сохтори идоракунӣ;
— Вазифаҳои идоракунӣ;
— Воҳидҳои (кадрҳои) идоракунӣ.
Низоми идоракунӣ ин шакли татбиқи амалҳои мутақобила ва рушди муносибатҳои идоракунӣ мебошад, ки ба қонунҳо ва принсипҳои идоракунӣ асоснок мегардад.
7.1 Механизми идоракунӣ
Механизми идоракунӣ бо роҳи истифодаи қонунҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои амалисозии сиёсати муайяни иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул меёбад. Механизми идоракунӣ барои расидан ба мақсадҳои муайян аз ҷониби гуруҳи одамон (маъмурон ва кормандон) ташкил ва тағйир дода мешавад, ки ба ин восита маҷмӯи вазифаҳо, шакл, усул, василаҳо ва ҳавасмандиҳои вобаста ба идоракунии иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешаванд. Ин муносибат имкон медиҳад, ки самаранокии идоракунии иҷтимоӣ дар шароитҳои муайян ва гуногуни ҳаётӣ таъмин карда шавад.
Сатҳу сифати механизми идоракунии иҷтимоӣ, ташаккулёбӣ ва мутобиқати он ба талаботи низоми иҷтимоӣ ва қонунҳои иқтисодӣ аз маъмурон ва маҳорати онҳо оид ба дарёфт ва баҳогузорӣ карда тавонистани ҷузъҳо ва робитаҳои нисбатан муҳими муносибатҳои идоракунӣ, хусусиятҳои зоҳиргардӣ ва самарабахшии онҳо дар самти рушди равндҳои ошкоршуда вобастагӣ дорад.
Механизми идоракуниро ба се самт: 1) иқтисодӣ, 2) ташкилӣ ва 3) иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки робитаи мутақобилаи онҳо бар асоси талаботи низоми қонунҳои рушди иҷтимоӣ ва идоракунӣ ташаккул меёбад (Ҷадвали 3).
Ҷадвали 3
Дар умум механизми идоракуниро сиёсати идоракунӣ низ гуфтан мумкин аст, зеро он асосан ҷараён, падида ва муносибатҳои сиёсӣ-маъмуриро зимни пешбурди фаъолияти ташкилию амалӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ташкилот дар маҷмуъ амалӣ мегардонад.
Субъект ва объекти идоракунӣ
Идоракунӣ дар ҷараёни таъсиррасонии мустақими як шахс ба шахси дигар ташкил меёбад; ки он ба муносибатҳои субъективӣ — муайянкунандаи самтҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои фаъолият; ва обективӣ — амалисозанда ва ё иҷрокунандаи ҷузъҳои муайяншуда ҷудо мешавад.
Бояд иброз намуд, ки агар идоракунӣ зимни таъсири як шахс ба шахси дигар ташкил ёбад, пас идоракунии иҷтимоӣ бо таъсиррасонии мутақобилаи ҳар ду ҷониб, ҳам субъект ва ҳам объект ба вуҷуд меояд. Тафсири дигар он аст, ки зимни идоракунӣ вазифаҳои субъект ва объект мушаххас мебошанд, аммо дар идоракунии иҷтимоӣ объект дар ҳолатҳои муайян метавонад ҳамчун субъект баромад намояд (шинохта шавад).
Ҳамин тариқ, субъекти идоракунӣ ин низоми маъмурии корхона — роҳбар (ият) и корхона, ки ҳуқуқ ва ваколати ҳукмфармоӣ, фармоиширо соҳиб аст ва дастгоҳи идоракунии он, ки ба ташкил ва амалисозии таъсирҳои идоракунӣ машғул мебошад, дониста мешаванд.
Объект бошад, кормандони алоҳида, гуруҳҳои кормандон ва дастгоҳи истеҳсолиро, ки ба онҳо таъсирҳои (фармоишҳои) идоракунӣ равона (муқаррар) гардидаанд, фаро мегирад.
Бо як ифода дар муносибати идоракунӣ субъект ин фаромишдиҳанда, идоракунанда ва объект иҷрокунанда, идорашаванда мебошад.
Байни субъект ва объекти идоракунӣ ва ё кордиҳанда ва корманд робитаҳои мустақим ва бозгашти хусусияти иттилоотидошта ҷой доранд. Ин робитаҳо тибқи назарияи Ф. Тейлор ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
— Тақсимоти банақшагирӣ ва иҷрои кор — тақсимбандии меҳнат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо байни роҳбар ва корманд, ки мақсади он ташкил намудани зинабандии (иерархияи) идоракунӣ дар ташкилот мебошад;
— Уҳдадорӣ аз рӯи вазифаҳо — тақсими баробари вазифаҳо ва уҳдадориҳо (аз ҷониби роҳбар) байни тамоми кормандон бо назардошти қобилияти амалии онҳо, то ин ки адолат ва сифати меҳнат таъмин карда шавад;
— Таҳқиқи таркиб ва вақти корӣ — ҳар як амал дар алоҳидагӣ ва маҷмӯи амалҳо / корҳо аз рӯи таркиб, пайдарпайӣ ва вақти муайяншуда бо мақсади дастёбӣ ба муваффақиятҳои меҳнатӣ-истеҳсолӣ зимни таҳқиқ қарор дода мешаванд;
— Мукофоти пулӣ — корманд бояд аз рӯи иҷрои нақшаи (вазифаи) муқарраршуда маош гирад: аммо корманде, ки маҳсулнокии меҳнатиаш зиёд аст ва нақшаи гузошташударо барзиёд иҷро мекунад, бояд ҳавасманд гардонида шавад — дар баробари маош боз мукофоти пулӣ гирад; мутаносибан корманде, ки мунтазам уҳдадории нақшавӣ / истеҳсолии худро иҷро менамояд, маоши ӯ нисбат ба кормандони натиҷаи пастдошта бояд зиёд бошад. Яъне василаи далелнокӣ ва ё ҳавасмандгардонӣ дар ин ҷо ба даст овардани маблағи зиёд ба ҳисоб меравад. Аммо ин назари Тейлор ба назари Г. Гант мухолифат дорад — ӯ назареро пеш гузоштааст, ки маоши корманд новобаста аз ҳаҷми иҷрои нақша / уҳдадорӣ бояд ҳадди устувор (тағйирнаёбанда) дошта бошад;
Ин ду назарро агар таҳлил намоем, пас назари Тейлор хоси принсипҳои демократии идоракунӣ буда, назари Гант мансуби принсипҳои сотсиалистии идоракунӣ арзёбӣ мегардад.
— Интихоб (хостагирӣ) ва таълим — асоси фаъолияти ташкилотро кадр / воҳиди корӣ (мутахассис, корманд) ташкил медиҳад, бинобар ин интихоб, ҷобаҷогузорӣ, омодасозӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, малака ва таҷрибаомӯзии кадрӣ мавриди омӯзиши махсус қарор дода мешавад.
7.3 Сохторҳои намунавии (қолибии) идоракунии иҷтимоӣ
Идоракунии иҷтимоӣ чун дигар низомҳо аз рӯи нишонаҳо ба якчанд сохторҳои намунавӣ ҷудо мешавад. Аммо бо назардошти таҷриба онҳоро метавон ба ду гуруҳ: 1) аз рӯи хосияти робитаи мутақобилаи ҷузъҳои низоми идоракунӣ-ташкилӣ; ва 2) таркиби ҷузъҳои низоми идоракунӣ-ташкилӣ ҷудо намуд.
Аз рӯи хосияти робитаи мутақобилаи ҷузъҳои идоракунӣ — муносибатҳо байни субъект ва объекти идоракунӣ бо тартиби зинабандӣ ва аз рӯи вазифаҳо / уҳдадориҳо ба роҳ монда мешаванд. Дар инҷо асоси фаъолиятро робита ташкил медиҳад.
Аз рӯи таркиби ҷузъҳои идоракунӣ — муносибатҳо байни субъект ва объекти идоракунӣ бо тартиби зинабандӣ аз рӯи истеҳсоли маҳсулот ва ё ҳудуд ба роҳ монда мешавад. Дар инҷо робита муҳим нест; муҳим, рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва таъсирнокии ташкилот дар ҳудудҳои муайян арзёбӣ мегардад.
Мутобиқи хосияти робитавии ҷузъҳо сохторҳои идоракунии иҷтимоӣ ба чор гуруҳ ҷудо мешаванд: патриархалӣ (падаршоҳӣ / оддӣ); аммудӣ; амалӣ; ва амудӣ-амалӣ.
Аз рӯи таркиби ҷузъҳо низ, сохторҳо ба чор гуруҳ ҷудо мегарданд: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ).
Сохтори патриархалӣ ва ё оддӣ
Намуди сохтори идоракунии оддӣ аз роҳбар ва якчанд корманд (2—15 нафар) иборат мебошад. Сохтор аз рӯи усули тақсимоти дуқишрӣ роҳбар ва зертобеон амал мекунад, ки он асосан барои ташкилотҳои хурд мувофиқ мебошад. Дар чунин сохтор ҳамаи ҳайат тобеи як нафар мебошанд, ки онро ба принсипи яккаҳукмронӣ низ шабоҳат додан мумкин аст (Ҷадвали 4).
Ҷадвали 4
Камбудии ин намуди сохтор ба он асос меёбад, ки онро наметавон барои ташкилоти миёна ва бузург бо фарогирии теъдоди зиёди кормандон истифода бурд, зеро ин принсип ҳам барои ташкилоти хурд ва ҳам бурузрг ношоям мебошад.
Сохтори амудӣ
Сохтор намуди амудӣ шакли рушдёфтаи сохтори намуди патриархалӣ буда, ба ҳар як роҳбар теъдоди муайяни кормандон бо принсипи иерархӣ — «аз боло ба поён» тобеъ мебошанд. Яъне, дар сатҳи аз ҳама болои ташкилот як роҳбар, дар сатҳи дуюми маъмурӣ 2—3 роҳбар ва ғайра бо ҳамин тартиб ҳар як роҳбар зертобеони худро дошта, дар сатҳи аз ҳама поён тобеон ҳамчун иҷрокунанда барои татбиқи вазифаҳои муайян бевосита амал мекунанд (Ҷадвали 5).
Робитаҳои амудӣ бо тартиби тобеияти зинабандишуда ба роҳ монда мешаванд. Сохторҳо аз рӯи сатҳ ва ҳудуд ба якдигар тобеъ мебошанд: поёнӣ ё маҳаллӣ ба миёна ё минтақавӣ, миёна ба болои ё марказӣ (ҷумҳуриявӣ).
Дар ин намуди сохтор принсипи яккаҳукмронӣ нигоҳ дошта шуда, як нафар масъулияти ҳамаро ба душ гирифта, дигар роҳбарон ва тобеонро сарварӣ мекунад. Дар ин гуна сохтор ҳар як роҳбар бояд мутахассис, тахассуснок буда, донишу малакаи заруриро соҳиб бошад.
Ҷадвали 5
Камбудии ин сохтори идоракунӣ ба набудани принсипи фасеҳӣ (гибкост) ва мутобиқшавӣ асос меёбад, ки монеаи рушди ташкилот дар ҳалли масъалаҳои маҷмӯӣ мегардад. Инчунин, он ба тахассуснокии роҳбарон талабот ва сарбории зиёд пеш меорад.
Новобаста аз ин, ташкили корхонаҳои хурд ва фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳамин намуди сохторҳо оғоз мегарданд, сипас бо мурури инкишоф ёфтан бо дигаргунсозии сохтор ба намуди дигари сохтори идоракунӣ мепардозанд.
Сохтори намуди амалӣ
Ташкилот барои амалисозии фаъолият аз рӯи вазифаҳо / уҳдадориҳои муайян якчанд воҳидҳои сохториро ташкил медиҳад. Ҷиҳати самранокии (роҳбарии) фаъолият байни ин воҳидҳо ва маъмурияти ташкилот робитаи тобеият муқаррар карда мешавад. Ин воҳидҳоро дар таҷриба бахши молия, хоҷагидорӣ, харидорӣ, истеҳсолот ва ғайра ташкил медиҳанд (Ҷадвали 6).
Дар сурати дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангсозӣ воҳидҳои сохторӣ ба аз байн бурдани амалҳои такрорӣ ва паст кардани хароҷоти истеъмолӣ мусоидат менамояд. Инчунин, ин сохтор ба баланд гардидани сифати қарорҳои идорӣ ва тахассуснокии фаъолият имкон медиҳад.
Ҷадвали 6
Камбудии ин намуди сохтор: вайрон гардидани принсипи яккаҳукмронӣ, зеро ҳар як иҷрокунанда дар як вақт метавонад аз якчанд роҳбар, ки вазифаҳои гуногунро бар уҳда доранд супориш гирад; суръати пасти қабули қарорҳо; ва масъул набудани роҳбарони амалӣ ба натиҷаи ниҳоии ташкилот.
Дар баробари ин, сохтори намуди амалӣ зимни рушд ёфтани имкониятҳо барои бадастории ҳадафҳои нисбатан васеъ номуносиб арзёбӣ мегардад. Чунки мавриди баромадни ташкилот ба бозори ҷаҳонӣ, мувофиқан васеъ гардонидани имконияти хизматрасонӣ ва маҳсулот байни воҳидҳои сохторӣ ва дар умум дар таркиби ташкилот зиддияти манфиатҳо афзоиш меёбад.
Ин намуди сохтор маъмулан дар алоҳидагӣ (танҳоӣ) истифода бурда намешавад, дар бисёр ҳолатҳо он дар якҷоягӣ бо сохтори намуди амудӣ ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Сохтори амудӣ-амалӣ
Дар ин намуди сохтори идоракунӣ бофташавии усулби амалигардонии вазифаҳои махсусгардонидашудаи маҳдуд бо низоми масъулиятнокӣ ва тобеият дар ҳалли бевоситаи вазифаҳои намудҳои асосии фаъолият ба кор медарояд (Ҷадвали 7).
Ин навъи сохторе мебошад, ки дар ҳамгироии усулҳои идоракунии патриархалӣ ва амалӣ низоми нисбатан муътадили идоракуниро ташкил медиҳад.
Ҷадвали 7
Чӣ тавре дар боло оварда шуд, сохторҳои намунавии идоракунӣ аз рӯи таркиби ҷузъҳо ба чор гуруҳ: сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ; дивизионӣ; лоиҳавӣ; ва қолибӣ (матрисавӣ) ҷудо мегарданд.
Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ
Дар ҳолате, ки ташкилот ба ниҳоди бузург табдил меёбад ва дар сохтори он бахшҳои зиёди мустақил ва соҳаи (самти) фаъолияти наздик ва ё ягонадошта амал менамоянд, зарурат пайдо мегардад, ки барои ҳамоҳангсозӣ ва таъмини маҳсулнокии фаъолияти онҳо воҳидҳои байнисоҳавӣ ташкил карда шаванд. Воҳидҳои байнисоҳавӣ дар як вақт нақши мақоми пайвасткунандаро байни роҳбарият ва бахшҳои истеҳсолӣ иҷро менамояд. Одатан чунин идораҳо аз ҷониби муовин (он) и роҳбар, ҳамчун маъсули қисми идории ташкилот ҳамоҳанг сохта мешаванд (Ҷадвали 8).
Сохтор дар заминаи воҳидҳои стратегӣ сараввал ҳамчун сохтори амудӣ-амалӣ буда, бо мурури васеъ гардидан сохтори худро тағйир медиҳад.
Ин намуди сохтори идоракунӣ дар навбати худ, ҳамчун усули ҳалли низоҳо баррасӣ мегардад, ки дар он воҳидҳои соҳавӣ аз ҳисоби бахшҳои поёнӣ воҳидҳои гуногуни самтнокро, ба монанди бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, муҳандисӣ, баҳисобгирӣ ва ғайра ташкил медиҳанд ва фаъолияти онҳоро аз рӯи самтҳои махсуси муайяншуда ҳамоҳанг месозанд.
Ҷадвали 8
Сохтори девизионӣ
Ташкилот ва ё корхона ҳангоми бузург шудан механизмҳои гуногуни таъминкунандаи самаранокии фаъолиятро ҷустуҷӯ менамояд, аз ҷумла яке аз чунин механизмҳо ташкили намояндагиҳо дар маҳалҳои фаъолият ба ҳисоб меравад (Ҷадвали 9).
Сохтори девизионӣ маҳз ба ҳамин нуқта асос меёбад — дар он сохтори идоракунӣ на ба вазифаҳо ва на ба самтҳо, балки ба ҷузъҳо ё намояндагиҳо аз рӯи принсипи ҳудудӣ ҷудо мешавад. Дар ин намуди идоракунӣ ҳар як намояндагӣ масъулияти хос дошта, ҳамчун корхонаи минатқавӣ ва ё ҳудудӣ-истеҳсолӣ муқаррар мегардад ва дар навбати худ дар роҳи таъмини самаранокии фаъолият ва ба даст овардани даромад ба бахшҳои истеҳсолӣ, таъминотӣ, маркетингӣ ва ғайра ҷудо мешавад. Дар корхонаҳои ҳудудӣ роҳбар ба рушди фаъолияти дар ҳудуди муайян ва таъмини даромаднокии он масъул мебошад.
Сохтори девизионӣ бештар ба ташкилотҳои истеҳсолии бузург (Газпром, Coca-Cola, DHL, Samsung ва ғ.) мувофиқ аст, бо ташкили намояндагиҳои ҳудудӣ он хароҷоти нақлиёт, нигоҳдории маҳсулот ва кирои кормандонро, ки маблағи хеле зиёдро ташкил медиҳад, сарфа мекунад. Дар баробари ин, ташкилот тавассути намояндагиҳо имконият пайдо мекунад, ки талаботи бозори маҳаллӣ ва ё минтақавиро муайян карда, маҳсулоти мувофиқро ба он таъмин намояд; бо ин роҳ низ самаранокии фаъолияти молиявӣ таъмин мегардад.
Ҳамчунин, корхонаҳои ҳудудӣ барои омодасозӣ ва таҷрибаомӯзии кадрӣ майдони муносибе мебошанд, ки дар он агар роҳбар уҳдабаро нагардад, ба ташкилот зарари зиёд намерасад, зерои захираи кадрӣ дар ин сохтор зиёд аст.
Дар ташкилотҳои бузургтар сохторҳои дивизионӣ дар шакли омехта низ пайдо мегарданд. Он вақт ҳар як корхонаи ҳудудии минтақавӣ ба бахшҳои маҳсулоттаъминкунӣ ҷудо мешавад ва бахши маҳсулоттаъминкунӣ дар навбати худ, ба бахшҳои ҳудудии маҳаллӣ ҷудо шуда, фаъолияти хоси худро ба иҷро мерасонанд.
Ҷадвали 9
Ҳар як маҳсулот тибқи ин низом тартиботи муайяни амалисозиро соҳиб мебошад: 1) тадқиқот ва таҳия; 2) истеҳсолот; ва 3) фурӯш ва таъминот. Ҳар яке аз ин зинаҳо сохтори муносиби идоракуниро низ соҳиб мебошанд.
Камбудии ин сохтор ба мураккаб будани робитаҳои иттилоотӣ асос меёбад.
Сохтори лоиҳавӣ
Барои рушди фаъолияти идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳолатҳое пешорӯ мегарданд, ки зарурати ташкили гуруҳ ва ё ташкилоти муваққатиро иборат аз мутахассисон ва ё коршиносони ботаҷриба барои амалисозии вазифаҳои муайян (одатан, таҳияи механизми инноватсионии идоракунӣ ва ё коркард ва озмоиши маҳсулоти нав ва ё дастгоҳи истеҳсолӣ) пеш меоранд. Дар умум ин намуди сохтори намунавиро сохтори лоиҳавӣ меноманд, чун вазифаҳои муайянгардида дар шакли лоиҳа таҳия гардида, сипас ба гуруҳи муайяни мутахассисон фармоиш дода мешавад (Ҷадвали 10).
Сохтори лоиҳавӣ аз ҷониби роҳбаре, ки ба зинаи болоӣ (дастгоҳи фармоишгар) тобеъ аст, идора карда мешавад.
Бинобар хусусияти муваққатӣ доштан, муҳлати фаъолияти сохтори лоиҳавӣ маҳдуд мебошад. Зимни ба анҷом расидани вазифаҳои вогузогардида, фаъолияти ин сохтор / лоиҳа низ хотима меёбад, кормандони он бошад, ба корҳои доимӣ ва ё дигар лоиҳаҳо мегузаранд.
Ҷадвали 10
Бесплатный фрагмент закончился.
Купите книгу, чтобы продолжить чтение.